Сабзу хуррамӣ нишонаи зинда будани табиат, рушду нумӯи ҳар чизе аст, ки дар замин месабзад.
Ин мафҳум дар адабиёт низ ба таври маҷозӣ бисёр ба кор меравад ва ишора ба офаридани осори тару тоза, дар ҳолати пешрафт будани эҷодкор аст.
Ахиран дар канори гулу гиёҳони тозаи наврӯзӣ дар боғи адабиёти мо низ «Се барги сабз» худнамоӣ кард. Ин «баргҳо» ҳикояҳои нави се тан эҷодкори роҳафтода – Юнуси Имомназар, Шариф Халил ва Фаридуни Фарҳодзод мебошанд, ки дар як китоб ҷамъ омада, аз тариқи нашриёти «Ноширлик ёғдуси» дар чопхонаи «Reliable print» ба табъ расидааст.
Хонандагони тоҷик бо исмҳои дар боло ёдшуда ошноянд. Агар Юнуси Имомназар бо китобҳои «Аз гулгашти Мусалло то Нақши Ҷаҳон», «Аз санг сахт, аз гул нозук», «Ҷоми саргардон», «Деҳаи зархез» ва «Хирмани сухан» дар саҳни адабиёт қадамҳои устувор гузошта бошад, Шариф Халил худро бо китобҳои «Дар пошнаи кӯҳи баланд» ва «Ширмолаҳои маҳтобӣ» муаррифӣ кардааст. Фаридуни Фарҳодзодро низ алоқамандони каломи бадеъ аз тариқи ҳикояҳои хурду бузурги фаровонаш, ки дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», «Субҳи Гулобод», «Ховар», китоби «Деҳаи зархез» ва ҳамчунин маҷаллаи «Паёми Суғд» ва ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп расидаанд, мешиносанд.
Боиси таҳсин ва арзёбии баҳамойии нек аст, ки ин се тан эҷодкор даври ҳам гирд омада, тозатарин ҳикоя ва новеллаҳои худро дастаҷамъона дар як китоб пешниҳод намудаанд. Муҳтавои китоби мазкурро шоир ва нависандаи шинохта Марямбонуи Фарғонӣ ва шоир Асадуллоҳ Исмоилзода веросторӣ кардаанд. Ва барҳақ, бо ин саъю кӯшишҳо китобе ба дасти хонанда расидааст, ки бар хилофи камгириҳои насри тоҷик дар кишвари Ӯзбекистон, аз рушду пешрафт ва дорои нависандагони хушсалиқа ва хушбаён будани ҳавзаи адабиёти насрии ин минтақа дарак медиҳад.
Китоби «Се барги сабз» ҳикояҳоеро фаро мегирад, ки бо забони шевои тоҷикӣ ва ифодаҳои рангини бадеӣ нигошта шудаанд ва дар ҳар як нигошта масъалае, мушкилие ё орзуву омоли нуҳуфтае дар талошу бархӯрду симои персонажҳо матраҳ ва рӯнамоӣ мешавад. Ба воситаи қаҳрамонҳои ҳикояҳо хонанда дармеёбад, ки инсонҳо соҳиби хулқу атвори гуногун ҳастанд, ба паҳлуҳои зиндагӣ, чи хубу чи бад, аз дидгоҳи худ назар мекунанд.
Гузашта аз нақли ҳодисаҳои ранг ба ранг дар ҷомаи бадеӣ, хонанда гувоҳи он мешавад, ки ҳар се адиб тавассути нигоштаҳои худ ба масъалаи ахлоқ, тарбияти инсон, хулосагирӣ аз воқеаҳои рухдода, андӯхтани донишу ҳунару одоби ҳамида таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намудаанд.
«Се барги сабз» бар замми китоби бадеӣ будан, барои хонандагони мактаб ҳамчун як манбаи хуби хониши берун аз синф буда метавонад. Ҷолиб он аст, ки дар ин китоб навтарин қоидаҳои имлои тоҷикӣ бар асоси «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» (Душанбе, «Шарқи озод», 2013) риоят шудаанд.
Дар фасли баҳорон падид омадани «Се барги сабз» ба ҳар як дӯстдори адабиёт хуҷаста бод!
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».