ҲИКОЯҲОИ НАВИСАНДАГОНИ ӮЗБЕКИСТОНӢ ДАР НИДЕРЛАНД ЧОП ШУД

28-уми октябри соли равон дар толори фаъолони Маркази ахбору китобхонаи ба номи А.Пушкини шаҳри Самарқанд маҳфили навбатии “Қофилаи Рӯдакӣ” баргузор гардид.

28-уми октябри соли равон дар толори фаъолони Маркази ахбору китобхонаи ба номи А.Пушкини шаҳри Самарқанд маҳфили навбатии “Қофилаи Рӯдакӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ аҳли илму фарҳанги Самарқанд, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок намуданд. 
Қисми аввали маҳфил ба гиромидошти хотираи шоир, драманавис, адабиётшинос Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ бахшида шуд.
Хабарнигори рӯзномаи “Овози тоҷик” дар вилояти Самарқанд Зоҳир Ҳасанзода дар бораи рӯзгор ва осори Ҳаёт Неъмат, ҷиҳатҳои ба худ хоси эҷодиёти шоир ҳарф зад. 
– Дар бораи хотираи шахси наздиктарин – ҳам устоду ҳам дӯст, ҳамқадаму ҳампаймон чизе гуфтан ва навиштан кори сангин  аст, – гуфт ӯ. – Вақте ки хабари вафоти Ҳаёт Неъмати Самарқандиро шунидам, дилам фишурда шуд. Имрӯз низ сурати устодро дида, сафару суҳбатҳо дар сари як финҷон қаҳва, шатранҷбозӣ, мутолиоти дастхатҳои ӯ пеши  назарам омад. Ҳаёт Неъмат инсони фарҳангдӯст, худшинос, шоири боистеъдоду бедордил буд.
Сипас, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, профессор Садрӣ Саъдиев, узви Иттифои нависандагони Ӯзбекистон, шоир  Асадулло Шукуров, раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Гулбоғ”-и ноҳияи Самарқанд, нависанда Озод Ҳамидзода, шоира Дилшоди Фарҳодзод ва дигарон дар бораи паҳлӯҳои эҷодиёти Ҳаёт Неъмат ва хотираҳои рангине, ки аз шодравон боқӣ мондааст, ҳарф заданд. Як гурӯҳ донишӯёни факултаи забон ва адабиёти тоҷики ДДС ва хонандагони мактаб аз шеърҳои шоир қироат намуданд. 
Дар қисми дуюми маҳфил рӯнамоии китоби «Суғдиёна» – маҷмӯаи достонҳои адибони тоҷики Ӯзбекистон, ки дар Нидерланд чоп шудааст, гузаронида шуд.
Муҳаррири китоб, адибаи самарқандӣ Шаҳзода Назарзода роҷеъ ба сохтори китоб ҳарф зад. 
– «Суғдиёна» маҷмӯаи достонҳои нависандагони тоҷики Ӯзбекистон аст, – гуфт Ш.Назарзода. – Дар ин маҷмӯа достонҳои Адаш Истад, Бекназар Дарӣ, Камолҷон ибни Ҷӯра, Маҳбуба Турсунова, Озод Ҳамидзода, Солеҳ Саид Мурод, Ӯктам Иброҳим, Фаридуни Фарҳодзод, Шариф Халил, Шаҳзода Назарзода ва Юнуси Имомназар аз рӯйи алифбо оварда шудаанд. Ҳар чӣ ба дасти мо расид, танҳо бо вироиши сатҳии имлоӣ ба чоп расондем ва ҳеҷ гуна вироиши муҳтавоӣ анҷом надодаем. Ин гуна чоп кардани ҳикояҳо ду имкон ба хонанда хоҳад дод. Аввал, шинохтани сатҳи нигоришу андешаи нависандаҳои форсинависи Ӯзбекистон ва дуввум, дарёфти тафовути нигориши онҳо бо дигар нависандагони форсинавис дар кишварҳои ҳамсоя. Ният дорем, ки чунин маҷмӯаро мунтазам гирдоварӣ кунем ва қисмҳои 2, 3 ва дигари “Суғдиёна”-ро ба чоп бирасонем, то насрнависӣ байни нависандагони мо густариш ёбад. 

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: