ҲИММАТ ВА ШУҶОАТИ ЛОИҚИ ТАҲСИН

Нафақат ҳамдиёрон, балки сайёҳоне, ки аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба Ӯзбекистони офтобрӯяи мо меоянд, хуб медонанд, ки таомҳои минтақаҳои мухталифи он бинобар таъму мазаашон яке аз дигаре болаззаттаранд.

Алҳол кишвари мо мувофиқи маълумотҳо, дар байни давлатҳои ИДМ доир ба  саёҳати гастрономӣ дар мақоми панҷум аст.  
Фарзанди номвари Чуст Баҳриддин бо фаъолияти худ собит намуд, ки дар Ӯзбекистон барои рушди сайёҳии гастрономӣ ва ҳамватанононе, ки ин намуди соҳибкориро пеш гирифтанианд, имкониятҳои васеъ мавҷуданд.
Дар мисоли дастовардҳои Баҳриддин метавон гуфт, ки ҳоло на фақат дар варзиш, технологияҳои иттилоотӣ, ёки соҳибкорӣ, балки дар соҳаи гастрономӣ низ шуҳратманд шудан, номи диёри азизро машҳур кардан имконпазир аст. Барои ин майлу хоҳиш ва саъю ҳаракат кофист.
Баҳриддини Чустӣ 19 октябри соли 1984 дар шаҳри Чуст дида ба дунё кушод. Айёми бачагӣ чун дигар ҳамсолонаш ба футбол шавқи зиёд дошт. Баъдан қисмат ӯро ба роҳи дигар бурд...
Падараш муаллими мактаби миёна буду модараш мураббии кӯдакистон. Оилаи онҳо, агарчи дукони хурде дошт, дар зиндагӣ мушкилиҳо пеш меомаданд. Ин аст, ки соли 1998 аҳли оила ба пойтахти кишвар кӯч баста, бо нонпазӣ машғул шуданд. Дере нагузашта падар аз олам гузашт. 
Баҳриддин, ки фарзанди калонии оила буд, масъулияти ба воя расондани панҷ нафар додару хоҳар ба зиммаи ӯ афтид. Аз ин боис, барои таъмини рӯзғор дар ошхонаи хӯроки умумии шаҳр ба кор шурӯъ кард. Чанд муддат дар ошхонаву ресторанҳои  шаҳрҳои Русия, Туркия, Қазоқистон, Украина ва Тотористон ошпазӣ кард. Соли 2013 боз ба Чуст баргашта, ошхонаи шахсии худро кушод. 
– Даврони наврасӣ ба нонпазе шогирд шуда, дар 18-19-солагӣ аллакай мустақил таом омода карда метавонистам, – ба хотир меоварад Баҳриддин. – Хӯрокҳои миллии мо гуногуну хуштаъманд. Аммо доир ба ин мавзӯъ агарчи китобҳои алоҳида чоп шудаанд, ангуштшуморанд. Аз ҷумла,  китобҳои Карим Маҳмудов, Ҳаким Ғаниев, Сталик Ханкешеев ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳое мавҷуданд, ки таомҳои миллии моро тарғибу ташвиқ мекунанд, дар бораи онҳо маълумот медиҳанд. 
Бояд гуфт, ки барои рушди сайёҳии гастрономӣ ва таъмини иҷтимоии аҳолӣ рушди соҳа ҷойгоҳи алоҳида дорад.
Таҳти роҳбарии Баҳриддини Чустӣ китобҳои «Нон» ва «365 рӯзи офтобӣ» ба табъ расиданд. Дар китоби аввал муаллиф дар бораи зиёда аз 50 намуди нон, 10 навъи таом, ки бо истифода аз нон омода мешаванд, ҳамчунин оид ба маданияти хӯрокпазӣ маълумот медиҳад.
Офтоб ва нон ҳамшакланд ва ин неъмат тамоми 365 рӯзи сол аз дасторхони мардум канда намешавад, аз ин сабаб, муаллиф китоби навбатиро «365 рӯзи офтобӣ» номидааст. Барои офаридани он гурӯҳи корӣ бо сарварии Баҳриддин тӯли шаш моҳ дар байни мардум гашта, нон ва тарзи тайёр кардани беш аз 100 навъи таомро навишта гирифтанд, ки ҳар кадом таърихи хос доранд. Масалан, иҷон ном таом танҳо дар Хоразм барои хони Хива пухта мешудааст. Барои омода кардани он гӯшти резакардашуда тӯли 2-3 соат ба шакли паштет оварда мешавад. Баъди пухтан онро бо нон ва қаламфури  талх мехӯранд, ки тар-тар ном хӯроки франсузҳоро ба ёд меоварад. 
— Соли 2011 барои ворид шудан ба китоби Гиннес ариза навиштем, – мегӯяд Баҳриддини Чустӣ. – Азбаски мувофиқи талаботи он, ки нисбати биринҷ ва сабзӣ 80 ба 20 аст, аризаи мо қабул нагардид. Пас аз чанд сол талабот тағйир ёфт, ки бино бар он миқдори маҳсулот аҳамият надошт. Аризаи навбатии мо қабул шуд ва мо аз пайи дарёфти инвестор шудем.
 Соли  2017 барои Ҷамъияти ошпазони Ӯзбекистон соли хотирмон буд. Бо ташаббуси Баҳриддини Чустӣ оше, ки 7 тоннаву 360 килограмм вазн дошт, омода карда шуд. Ба ҷараёни кор 50 нафар ошпази моҳирро интихоб карданд, ки насли панҷуми ошпазони машҳури Расуловҳо – Ҳасан Расулов ба онҳо сарварӣ кард.
Пас аз ба китоби рекордҳои Гиннес дохил гардидани ин корнамоӣ, ки бо ташаббуси ӯ ҷараён гирифта буд, мардум ба ҳиммат ва шуҷоати вай офарин гуфтанд.
—  Ҷой гирифтан аз китоби рекордҳои Гиннес ба осонӣ даст надод,  —  мегӯяд Баҳриддин Чустӣ.  —  Чунки то он вақт деге ба ин андоза бузург вуҷуд надошт. Барои донистани ҳаҷм ва диаметри он бо касоне, ки бо ҳавзсозӣ сарукор доштанд, ҳамсӯҳбат шудем. Баъд бо ошпазони кордида машварат оростем. 
Азбаски то он вақт ба ин миқдор ош омода нашуда буд, мо барои тайёр кардани дег роҳи заводи металлургияи Олмалиқро пеш гирифтем. Онҳо мувофиқи талаботи мо чунин  деги бузургҳаҷмро сохтанд. Барои таҷрибаомӯзӣ ба миқдори зиёд ош тайёр кардем. То он вақт чак-чаки бузургро низ омода карда  будем, ки барои «оши калон» таҷрибаи аввалин буд.
Баҳриддин дар баъзе тадбирҳои ватаниву байналхалқӣ бо ҳунари хеш таваҷҷуҳи атрофиёнро ҷалб месозад. Чунончи, дар намоише бо гурӯҳи худ дар як вақт дар як танӯр 25 навъи таомро омода кард, ки дар таркибаш аз таоми гӯштии «иҷон»-и Хоразм то ҳалвои «пашмак» буд. Ӯ ин намоишро «Муъҷизаи танӯр» номгузорӣ кард, ки ҳам тамошобинон ва ҳам хӯрандагонро ба ҳайрат гузошт.
Асарҳои Баҳриддин ба забонҳои русиву англисӣ низ рӯйи чопро дида, дар намоишгоҳои китобҳои ҷаҳон намоиш дода шудаанд, ки тавассути онҳо ошхонаи миллии мо тарғибу  ташвиқ карда мешавад.
– Касе, ки касбу ҳунар дорад, дар ҳаёт роҳи худро меёбад, – мегӯяд роҳбари давлатамон Ш. Мирзиёев дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис ва мардуми Ӯзбекистон. Ман ҳар боре, ки дар бораи дастовардҳои Баҳриддини Чустӣ мешунавам, ин гуфтаҳои роҳбари мамлакат ба хотирам меояд.
Дарҳақиқат, касе, ки донишу хирад дорад, соҳиби касбу ҳунар аст ва ба зиндагии орому фаровон саъй мекунад, азму нияташ бешубҳа самараи дилхоҳ медиҳад.

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: