ҲИММАТБАЛАНДӢ ФАЗИЛАТИ БЕҲТАРИНИ ИНСОН АСТ

(Андешаҳо баъди маъракаи обуна)

Камина ҷонибдори обунакунии маҷбурӣ нестам. Дил мехоҳад, ки ҳар кас ба нашрияи дилхоҳ ё дӯстдоштаи худ обуна шавад. 
Вале дар воқеият муносибат ба ин маърака чӣ гуна аст? Ҳамоно фаромӯш накардаем. Замони салтанати шӯроҳо, ки нархи маҷаллаву рӯзнома нисбатан арзон буду ҳар яки мо бо ихтиёри худ ба чандин газетаву журнал обуна мешудем, тартиби «ихтиёрию маҷбурӣ»-и обунакунӣ дар ташкилоту корхона, мактабу муассиса, колхозу совхоз амал мекард.
Солҳои соҳибистиқлолии мамлакат, аниқтараш ду сол муқаддам, идораю корхона, раёсату ташкилот, муассисаю таълимгоҳҳо мувофиқи тавсиянома, нақшаи таҳиянамудаи идораҳои болоӣ (вазорату ҳокимият) бо назардошти имконият обуна мешуданд. Вазъи обунашавии онҳо аз ҷониби мутасаддиёни кор як андоза назорат мегардид. Албатта, бо вуҷуди супориш «аз боло» маҳдудии имкониятҳои иқтисодии корхонаҳо намегузошт, ки ҷамоаҳо ба даҳҳо рӯзномаю маҷаллаҳои тавсияшуда пурра обуна шаванд.
Аз ин рӯ, онҳое (нашрияҳо), ки мавсими обуна бештар давутоз мекарданд, ба натиҷаи бештар ноил мешуданд. Рост аст, ки бо вуҷуди тақсимоти пешбинишуда вазъи иҷрои обунаи на ҳамаи рӯзномаҳо назорат карда мешуд.
Ба ҳар ҳол аз қатори «рӯзномаҳои назоратӣ» ҷо гирифтани «Овози тоҷик» ба мо имконият медод, ки ба дарҳои кушоди шаҳру ноҳияҳои вилоят бо навбат сар халонда то андозае комёб шавем.
Аз боло ихтиёрӣ гуфта шудани масъалаи обуна, аз афташ ба аксарият маъқул омад. Вале... Ин, албатта, маънои обуна нашуданро надорад. Ба гумонам, ҳар як инсони худогоҳ, илмдӯсту фарҳангдӯст, хусусан зиёӣ рӯзгори худро бе мутолиаи китобу рӯзнома тасаввур карда наметавонад. 
Омӯзгор бояд дар ин бобат ба дигарон намунаи ибрат гардад. Лоқайдӣ, беэътибории муаллим ба мутолиа ба бӯҳрон, инқирози маънавӣ рӯ овардани ӯро собит мекунад, зеро педагоги машҳури рус Ушинский беҳуда нагуфтааст: «Агар омӯзгор омӯхтанро қатъ намояд, қобилияти муаллимии вай низ аз байн меравад».
Мо – тоҷикон, ки яке аз қавмҳои қадимитарини ҳамин сарзамин ҳастему мероси маънавии чандинҳазорсола дорем, бояд қадри хеш ва забони модариамонро донем. Ӯзбекистон ватани аслии мост ва дар ин ҷо дар қатори як идда имкониятҳо 95 сол боз чоп шудани рӯзномаи марказии «Овози тоҷик» барои ҳар яки мо – ҳамзабонон бояд мояи ифтихор бошад.
Мутаассифона аз он чизе, ки метарсидем, ниҳоят ба сарамон омад. Масъалаи обунаи ягона рӯзномаи тоҷикии сартосарии ҷумҳурӣ «Овози тоҷик» мухлисону хайрхоҳонашро ду соли охир ба ташвиш гузоштааст.
Бояд эътироф намуд, ки соли гузашта дастгирии моддии фонди «Маҳалла» як андоза эҳсос шуда буд. Имсол бошад, аҳвол аз порсола ҳам мураккабтар шуд.
Муроҷиатномаи ҳайати таҳририяи рӯзнома таҳти унвони «Нагузоред, ки рӯзномаи «Овози тоҷик» пӯшида шавад» вуҷуди ҳар яки моро ба ларза овард. Бовари кас намеояд, ки ба тақдири шиносномаи тоҷикони ҷумҳурӣ – рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳамзабону ҳамқавмҳоямон ин қадар бепарвоянд. Бисёриҳо хуб медонанд, ки аксарияти аҳолии вилояти Бухоро тоҷикон ва тоҷикзабононанд. Чанд сол муқаддам дар вилоят миқдори обунашавандагон ба «Овози тоҷик» ба 1000-1600 нафар мерасид. Бо вуҷуди ин, масъалаи обуна ба рӯзномаи тоҷикӣ дар вилояти мо чандон кори осон нест. Сабаби ба рӯзномаи ӯзбекӣ табдил ёфтани «Бухорои шариф»-ро чанд сол муқаддам мутасаддии ҳамонвақтаи он раҳматӣ Исо Раҷабов дар камии обуна гуфта буд.
Пӯшида нест, ки имрӯз дар Бухорои шариф на фақат тоҷику ӯзбек, балки дигар миллатҳои маскуни он, аз ҷумла қавмҳои аврупоӣ низ ба лаҳни тоҷикӣ ҳарф мезананд. Вале ба рӯзномаи тоҷикӣ кам обуна шудани онҳо сабабҳои объективию субъективӣ дорад. Яке аз сабабҳои асосӣ ба забони модариашон таълиму тарбия нагирифтани тоҷикон мебошад.
Мегӯянд, ки солҳои 60-уми қарни гузашта дар вилоят 120 мактаби тоҷикӣ буд. Солҳои 2000-ум 15-тои онҳо (минбаъд тоҷикию ӯзбекӣ) фаъолият дошт. Ҳоло бошад, ду синф мондааст. Омилҳои гуногун, аз ҷумла  ба сабаби ба забони модарӣ дастрас набудани таълим дар коллеҷу мактабҳо даҳҳо омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик бекор монданд, ихтисосашонро дигар карданд. 
Хушбахтона, бо шарофати сиёсати оқилона ва инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Ш. Мирзиёев ниҳоят саҳву камбудиҳои роҳдодашуда ислоҳ гардида, эътибор ба дӯстии халқҳо беш аз пеш меафзояд. Боз савту сурудҳои пурҷозибаи мардумии бухороиён ба воситаи радиою телевизион ба забони асл танин андохта дили мухлисонашро ба ҷӯш меоранд. Бо вуҷуди ин, барои ислоҳи таъсири манфии даҳсолаҳо вақти зиёд лозим аст. Беҳуда нагуфтаанд:  «Моргазида аз ресмони ало метарсад». Ҳама чизро вайрон кардан, аз байн бурдан осон, вале аз нав сохтан, барқарор намудани он мушкил аст. Имрӯз «Овози тоҷик» ниёзманди дастгирист. Шояд рӯзе мерасад, ки ба ин ҳоҷат намемонад. Мушкилӣ дар он аст, ки на ҳама «аз вазъи бисёр гарони «Овози тоҷик» хабар доранд.
Саъдии бузург беҳуда нагуфтааст: «Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст, Дар парешонҳолию дармондагӣ...»
Бояд нагузорем, ки ягона рӯзномаи тоҷикии ҷумҳуриявиамон аз байн равад.
Мутаассифона, баъзан «болои сӯхта намакоб мерезанд».
Ду сол муқаддам мутасаддиёни собиқи обуна – кормандони масъули ҳокимият маро бовар кунонда буданд, ки дигар ба ҷараёни обуна дахолат намекунанд. Аз ин рӯ аз мадади онҳо даст шуста, ба қадри ҳол ба маҳаллаю идора, муассисаю ташкилот мактабу корхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят муроҷиат кардем. Охирҳои моҳи ноябр, ҳангоми сафари хидматиам ба ноҳияи Ғиҷдувон дар идорае ба муроҷиати мо бобати обуна ба «Овози тоҷик» мутахассисе ба навиштаҷоте чашм давонда гуфт:
– Рӯзномаи шумо дар рӯйхати тавсияшуда нест.
– Чӣ гуна рӯйхат?
Вай ҳуҷҷатҳои дахлдорро наздам гузошт. Ниҳоят аён гардид, ки «мутасаддиёни собиқи обуна»  ваъдахилофӣ карда, боз ба масъалаи обуна бо «тавсиянома»-и худ дахолат кардаанд.
Бо вуҷуди ин баъди эътирози мо (афсӯс, ки хеле дер – 4 январи соли 2020) баённома таҳия ёфта бошад ҳам, вай саривақт дастраси алоқамандон нашуд.
10 январи соли ҷорӣ ба муаллифи ин сатрҳо лозим омад, ки дар қабули сайёри ҳокими вилоят дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Пахтакор»-и ноҳияи Вобканд иштирок намуда, ба вай  бобати вазъи обуна муроҷиат кунам. Сарвари вилоят «Ёрӣ медиҳем» гуфт. Чӣ гуна? Инро вақт нишон медиҳад. Соли гузашта чунин муроҷиати мо бенатиҷа монда буд. Ба ҳар ҳол дунё боумед. 
Мардӣ, саховат, ҳимматбаландӣ аз ҷумлаи фазилатҳои беҳтарини мардуми мост. Ҳоло бошад рӯзномаи «Овози тоҷик» ба соҳибони ин фазилат чашми умед бастааст.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар
вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: