ҲИММАТИ МУРОДИ МАҚСУД

Соҳибкори фарҳангдӯсту ҳимматбаланди тошкандӣ Муродҷон Мақсудов ба як ташаббуси ибратшаванда даст зад.

Соҳибкори фарҳангдӯсту ҳимматбаланди тошкандӣ  Муродҷон Мақсудов ба як ташаббуси ибратшаванда  даст зад. Аз ҳисоби маблағи худ барои 4 мактаби таҳсилоти умумии ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё  зиёда аз 400 адад китоби бадеии тоҷикӣ тӯҳфа намуд.
Муштариёни рӯзномаи «Овози тоҷик» бохабаранд, ки дар шумораи 49-уми он (аз 23 июни соли 2021) мақолаи як гурӯҳ омӯзгорони мактабҳои таълими умумии ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё таҳти сарлавҳаи «Китоб мехоҳем, китоби бисёри тоҷикӣ» чоп шуда буд, ки дар он омӯзгорон аз набудани китобҳои бадеии тоҷикӣ шикоят карда, оиди аз куҷо дастрас намудани онҳо мадад пурсида буданд. Инак, шахсони ҳимматбаланд ба монанди Муродҷон Мақсудов (ин кас аз муштариёни доимии «Овози тоҷик» мебошанд) дасти мадад дароз карданд.
–Аз ибтидои соли хониши нав хонандагони мактабҳои рақами  60, 67, 68, 88 -уми ноҳияи Китоб китобҳои тӯҳфанамудаи Муродҷон Мақсудовро мутолиа намуда, ғизои маънавӣ мегиранду дари илму маърифат ба рӯяшон боз мешавад. Амали хайру савоби ин марди некхоҳ боиси дастгирист. Ман аз номи мардуми ноҳияи Китоб сипоси худро мерасонам. Тӯҳфаи беғарази он кас дар арафаи соли хониши нав ҳадяи арзанда аст барои устодону шогирдони мактабҳои мо, – мегӯяд сарвари мактаби рақами 88-уми ноҳияи Китоб Фирдавс Ҷӯраев.  
Агар дигар ҳамзабонони мо ҳам ба мактабҳо  китобу анҷоми таълим ҳадя мекарданд, амали хайре мебуд ва шогирдони мактабҳои таҳсилоташон бо забони тоҷикӣ бекитоб намемонданд. 
Китобҳои бо забони тоҷикӣ нашршудаи зиёде дар нашриётҳо хобидаанд. Куҷоянд ҳимматбаландон?

Асадулло ШУКУРОВ,
раиси бахши тоҷикии шуъбаи Иттифоқи
нависандагони Ӯзбекистон дар Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: