ҲИММАТИ ВАРЗИКИЁН

Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,

Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.
(Аттор).

Дар маркази  деҳаи Варзик тали бузургу болои он қалъаи қадимӣ буд. Ҳоло аз он қалъа нишоне намондааст, аммо номи қалъа ва он тали бузург боқист. Дар паси тал чашмае низ ҳаёт, ки халқ онро то имрӯз «Қалъачашма» ва гоҳе «Дутарафачашма» меноманд. Барои он «Дутарафачашма» мегӯянд, ки дар ҳар тарафи муқобили чашма об ҷорӣ мешавад.
«Қалъачашма» бузургтарин ва серобтарин чашмаи Варзики бостонист. Оби софу маъдандори онро сокинони маҳаллаҳои Боло, Пилол, Қалъаи Поён ва Янгичак истеъмол мекунанд.
Дар ҳар маҳалла чашмаҳо бошанд ҳам, ба маҳаллаи Майдон ва гӯшаҳои дури маҳаллаҳои зикршудаи деҳа оби ошомиданиро бо бидону зарфҳои калонҳаҷм ба воситаи нақлиёт аз ин ҷо мебаранд. Зеро оби чашма дар гармо сарду дар сармо муътадил буда, хусусиятҳои давоӣ дорад. Мусофирон онро ба сифати оби шифобахш ба Чуст, Намангон, Тошканд ва дигар шаҳру деҳоти ватанамон мебаранд. Варзикиён борҳо шоҳиди шифобахшию фоидаоварии ин неъмат шудаанд.
Рӯзе ду мусофир аз маҳалли дурдаст ба бозори деҳа меоянд. Ҳангоми сафар яке аз онҳо ба бемории меъдаву рӯда гирифтор мешавад. Баробари ба бозори Варзик расидан дӯсташ беморро ба Қалъачашма меорад. 
Бемор аз оби чашма мехураду зуд шифо меёбад.
Пас маълум мешавад, ки оби Қалъачашма ба бемориҳои узви ҳозима даво будааст. Сониян оби чашма барои сабзу хуррам гардонидани боғу киштзор ба кор меояд.
Варзикиён аҳд карданд, ки Қалъачашмаро тоза кунанд. 
Иҷрои ин амали савобро ҳисобдори соҳаи сохтмон Давронбой Абдураҳмонов бар дӯш гирифт.
Ба қарибӣ бо фотеҳаю дуоҳои имом-хатиби масҷиди ҷомеи «Охундбобо»-и ноҳияи Чуст Б. Ботиров, раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Пилол» А. Қосимов ва намояндагони маҳаллаҳои дигари деҳа, таҳти роҳбарии омӯзгори собиқадор, ҳоҷӣ Меҳмонҷон Усмонов, ташаббускор Д. Абдураҳмонов ва дӯстони наздики онҳо Ҷ. Ҳоҷиметов, Р. Низомаддинов, мутахассисони соҳаи об Ғ. Домлоҷонов, Эгамбердии чустӣ ба ин кори хайр шурӯъ карданд. 
Ҳамин тариқ лой, сангу реги чашма тоза карда шуд. Кор дуру дароз ва самарабахш давом кард. Тақрибан 1 тонна партов бароварда шуд. Аксарият хуб меҳнат карданд, ба онҳо инчунин роҳгузарон кӯмак намуданд. Атрофи ҳавзи чашма бо бетони ғафси девор бардошта шуд, ки 50 метри мукааб об ғунҷонда метавонад. Оби чашма боз тавассути қубурҳо ба ду ҷониби деҳа ҷорӣ гардид.
Фермер Д. Рустамов хайрияи моддӣ кард.
Пас аз чанд рӯзи ин тадбири хурсандибахш гузорамон ба атрофи Қалъачашма афтод, оби он поку софтар ва зиёдтар шудааст.

Ш. МИРЗОЕВ, сокини деҳкадаи 
Варзики ноҳияи Чуст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: