ҲИМОЯИ БОНУВОН – МАСЪАЛАИ ҶАМЪИЯТӢ

Зан кай худро хушбахт мешуморад? Вақте ки оилааш осуда асту фарзандонаш дар фароғат зиндагӣ мекунад.

«То он даме, ки ман раҳбар ҳастам, бонувони ин мамлакат ҳеҷ гоҳ хор намешаванд».
Ш. МИРЗИЁЕВ
Зан кай худро хушбахт мешуморад? Вақте ки оилааш осуда асту фарзандонаш дар фароғат зиндагӣ мекунад. Оё алҳол тамоми бонувон аз ҳаёти худ мамнунанд? Агар гӯем, ки бешубҳа, мамнунанд, – шояд муболиға шавад. Зеро, тавре ки «шолӣ бе курмак намешавад», дар ҷамъият заноне вомехӯранд, ки бо сабабҳои гуногун ба тазйиқу зӯроварии шавҳар ё дигар аъзои оила ва шахсони ҷудогона дучор гаштаанд.
Аз ҷониби Президент 2 сентябри соли 2019 ба имзо расидани Қонун «Доир ба ҳифзи занону духтарон аз тазйиқ ва зӯроварӣ» омили муҳими ҳалли ин муаммои ҷамъиятӣ гардид. Дар қонуни мазкур тамоми чораҳои ҳуқуқӣ ба шаклҳои гуногуни таҳқиру зӯроварӣ нисбати занон нишон дода шудааст. То ин дам дар кишвари мо аз таҷрибаҳои байналхалқии ҳимояи занон аз ҷабрҳои ғайриҳуқуқӣ истифода мешуд.
Дар анҷумани матбуотие, ки Кумитаи занону духтарон дар маҷлисгоҳи Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил намуд, доир ба корҳое, ки дар панҷ моҳи охир бинобар иҷрои қарори номбурда амалӣ гардидаанд, маълумот дода шуд.
Тавре ки ҷонишини аввали раиси Кумитаи занону духтарон Зулайхо Маҳкамова дар ҳисоботи худ таъкид намуд, алҳол дар назди Кумитаи занону духтарон 197 «Маркази реабилитатсияи шахсони аз зӯроварӣ ҷабрдида ва пешгирии қасдкунӣ ба ҷони худ» фаъолият мебаранд. Соли 2019 ба марказ 22383 муроҷиатнома расид, аз он муроҷиати 7423 нафар ҷиддӣ буд. Ба онҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва психологӣ ёрии амалӣ расонида шуд.
Аз 3311 муроҷиати оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ зиёда аз 800-то марбути масъалаи зӯроварӣ ва тазйиқ, аз 815 муроҷиати тавассути «Телефони боварӣ» расида, 50-тоаш оид ба тазйиқи оилавӣ буд.
Дар ҷараёни иҷрои қонун ба зарурияти такмил додани масъалаҳои ҳуқуқӣ низ рӯ ба рӯ меоем. Аз ин рӯ, барои ҳаллу фасли онҳо мутахассис ва экспертҳо низ ҷалб карда шудаанд.
– Дар моддаи чоруми қарор ҳуқуқи ҷабрдидагон аз тазйиқу зӯроварӣ нишон дода шудааст. Мувофиқи он ҷабрдида метавонад бо ариза ба мақомоти ваколатдор ё ташкилотҳо, инчунин ба суд бинобар содир гардидани тазйиқу зӯроварӣ нисбати ӯ муроҷиат намояд, – мегӯяд  инспектори доир ба супоришоти муҳим дар масъалаҳои занону духтарони саридораи профилактикаи қонуншикании Вазорати корҳои дохилӣ, подполковник Нилуфар Ғиёсова. – Инчунин ҷабрдидагон метавонанд аз марказҳои махсус маслиҳат, ёрии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, психологӣ ва тиббӣ гиранд. Зарари моддӣ ва маънавии дар натиҷаи зӯроварӣ ба он расидаро тавассути суд ситонанд.
Мо дар маҳалҳо бо ҳамкории ташкилотҳои ваколатдор вобаста ба мазмун ва моҳияти қарор, ҳуқуқи ҷабрдидагон аз зӯроварӣ, гирифтани ордери ҳимоя дар байни аҳолӣ корҳои маънидодкуниро ба роҳ мондем.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки зӯроварӣ дар оила нисбати зан бештар ба назар мерасад, – мегӯяд директори Маркази илмиву тадқиқотии «Оила» Гулнора Ишонхонова. – Ҳолатҳои ба таҷовузи шавҳари худ ё дигар аъзои ҷамъият дучор омадани зан, муштзанӣ барои муаммои маишӣ ё масъалаи ночиз, аз дигаргунии характер ва хиёнати мард ба ҳолати стресс омадан, бинобар низои муносибатҳои байниҳамдигарӣ то ба ҳолати худкушӣ расидани занон ташвишовар мебошанд. Аз ин рӯ, дар муассисаҳои таълимӣ, ҷамоаҳои меҳнатӣ, мақомоти худидоракунии ҷамоати шаҳрвандӣ бо ҳамкории кумита ва ташкилотҳои масъул корҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, оқибатҳои он, баробарҳуқуқии зану шавҳар, роҳ надодан ба тазйиқи зани хонадон корҳои амалӣ бурда мешаванд.
Минбаъд ходимони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва маҳаллаҳо вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ намудани зӯроварӣ дар оила дар курсҳои махсус ихтисоси худро такмил медиҳанд, хидматҳои иҷтимоӣ нисбати бонувон пурзӯр гардида, таҳлили ҳолатҳои статистикии ҳудуд, ноҳия ва шаҳрҳо ба роҳ монда мешаванд. Инчунин кумитаи бонувон тавассути психологҳо бо заноне, ки нисбатан ҷинояти бехавфро содир намудаанд ва аз кардаашон пушаймон шудаанд, суҳбатҳо доир намуда, ба онҳо барои ба оғӯши оилаи худ ва ҷамъият баргаштан ёрӣ мерасонад.

Г.КАБИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: