ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛГАРОН — ДАР МАДДИ АВВАЛ

Мусоҳибаи мо

Бахши вилоятии Федератсияи ҷамъиятҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарони ҷумҳурӣ кадом корҳоро ба сомон мерасонад? Оё истеъмолгарон ҳуқуқи худро медонанд? Ин ва суолҳои дигари матраҳшуда ҳамчун мавзӯъҳои асосии суҳбати мухбири мо бо раиси бахши вилоятии федератсияи ҷамъиятҳои ҳуқуқи истеъмолгарони вилояти Фарғона Аҳрорҷон РАҲМОНАЛИЕВ тақдими шумо мегардад.
– Дар қонунгузориҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон кадом маълумотҳо мавҷуданд?
– Мехоҳам суҳбатамонро аз он шурӯъ кунам, ки моҳи апрели соли 1985 СММ дар қатъномаи “Тамоюлҳо дар бораи раҳбарии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон” ҳашт ҳуқуқро эътироф намудааст. Гирифтани ахбор яке аз аввалин ва тамоюли асосӣ дар ин қатънома ба шумор меравад. Дар Қонуни асосии ҷумҳурии мо низ ин ҳуқуқ хеле устувор акси худро ёфтааст. Аз ҷумла, дар моддаи 13 маҳз ба масъалаи ҳимояи ҳуқуқ, ҳаёт, озодиҳо, шаън ва қадру қимати инсон ба сифати қадрият таваҷҷӯҳ шудааст. Моддаи 44-и Қонуни асосӣ ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро аз тариқи суд кафолат медиҳад. Бар ин асос дар кишварамон 26 апрели соли 1996 Қонун “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон” ба тасвиб расидааст, ки аз сӣ модда иборат мебошад.
– Хеле хуб. Ин ҳуҷҷат ба истеъмолгарон мушаххасан кадом ҳуқуқ ва кафолатҳоро медиҳад?
–Дар чаҳор моддаи он маҳз ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон зикр гардидааст. Истеъмолгарон метавонанд аз фурӯшанда дар бораи молу маводи ба фурӯш расонидаи ӯ пурра маълумот ба даст оваранд. Ин нукта дар моддаҳои 5 ва 6-ум кафолат дода шудааст. Истеъмолгар ҳақ дорад, ки дар бораи манзили корхона, тамға ё нишонаи маҳсулот маълумоти заруриро пурсида гирад. Аслан, ҳар як корхона пеш аз он ки маҳсулоти худро ба фурӯш барорад, дар лавҳаи махсус номи корхона, манзил ва тартиби корашро акс мекунонад ва онро дар қисмати даромадгоҳи он меовезад. Фурӯшанда ҳамзамон дар як гӯша маълумоти бештарро ба истеъмолгарон тақдим менамояд. Зеро истеъмолгар ба воситаи рӯнамоии ин меъёрҳо ҳуқуқи худро мешиносад ва дар сурати зарурат талаби худро дар миён мегузорад.
– Ҳамаи ин ҳуқуқи маълумот гирифтани истеъмолгаронро таъмин карда метавонад?
– Бале. Агар ба истеъмолгар дар бораи маҳсулот ё маводи мавриди фурӯш маълумоти нодуруст тақдим гардад, ин ҳол оқибатҳои хеле ногуворро дар пай хоҳад дошт. Ҳар як истеъмолгар ҳақ дорад, ки сифат, дурустии вазни маҳсулот ва нарху навои онро дақиқ пурсад ва дар бораи он маҳсулот маълумоти комил ба даст оварад.
– Дар ҷараёни татбиқи ин қонун ба кадом хатову камбудиҳо роҳ медиҳанд?
– Ҷавоби ин савол хеле муҳим аст. Мутаассифона, дар амалиёт мо баъзан акси инро мебинем. Дар аксари нуқтаҳои савдо ва хизмати маишӣ моддаи 5-уми қонун вайрон карда мешавад. Маълум нест, ки шумо ба куҷо даромадед ва ин ҷо марбути кадом корхона ё нуқтаи хизмати маишӣ мебошад. Дар даромадгоҳи он ягон лавҳа овезон нест. Ин дар ҳолест, ки ҳар як корхонаву ширкат қабл аз шурӯи фаъолият аз рӯйхат мегузарад ва мувофиқи он бояд дар лавҳаи пештоқи бино барои истеъмолгар маълумотҳои зарурӣ ироъа шаванд. Дар чунин ҷойҳо танҳо менависанд: дӯкони савдо, минимаркет, салони зебоӣ, сартарошхона, дӯзандагӣ, ошхона, гӯшт, нӯшобаҳои ташнагишикан, чойхона ва амсоли он. Аз овезон кардани маълумотҳои дигар комилан худдорӣ меварзанд, ки ин ҳол хилофи қонунгузориҳои мо мебошад. Баъзан дар бораи тартиби кор низ ягон маълумот дода намешавад.
– Яъне ҳуқуқи истеъмолгарро дидаву дониста вайрон мекунанд?
– Бале. Агар истеъмолгар дар бораи ин камбудиҳо ба ягон идора эътирози худро баён карданӣ бошад, маҷбур мешавад, ки манзили сартарошхона, салони зебоӣ ё хизматҳои дигарро ба таври ғайрианъанавӣ бигӯяд. Масалан, ин ё он дӯкон ё салон дар назди фалон мағоза, ё шафати фалон бозор ва ё бинои чандошёна воқеъ гаштааст. Зеро лавҳае, ки ному манзили ин нуқтаи савдо ё хизмати дигар, тартиби кор ва марбути кадом ширкату корхона будани он ба истеъмолгарон тақдим нашудааст ва онҳоро баъзан ин ҳол гумроҳ ва сарсон мекунад.
– Имрӯзҳо дар бозорҳои гӯштфурӯшӣ як нарх навишта шудааст ва истеъмолгар онро бо нархи дигар мехарад. Дар ин бора чӣ метавонед гуфт?
– Чӣ ҳам мегуфтам? Ин ҳолат ба ҳукми анъана даромадааст. Мо ин масъаларо борҳо санҷидем ва мавриди баррасӣ қарор додем. Баъзан дар ҳамон нуқтаи фурӯши гӯшт чанд соат ҳузури ходимони худро таъмин кардем, то ки ҳуқуқи истеъмолгарон поймол нагардад. Аммо нерӯи мо кофӣ нест ва наметавонем мунтазам ба чунин корҳо машғул шавем. Худи шаҳрвандонамон бояд ҳуқуқи худро донанд ва аз фурӯшандагон талаб кунанд, ки маҳсулоташонро бо ҳамон нархи навишташуда фурӯшанд. Вале ҳанӯз дар байни мардуми мо аз дар миён гузоштани чунин талабот канорагирӣ мекунанд ва миқдори маҳсулоти лозимиро мехаранду мераванд.
– Қоидаҳои хизматрасонӣ на дар ҳамо ҷо риоя мешавад. Чаро?
– Ин эътирози шумо низ бамавқеъ мебошад. Танҳо дар дорухонаҳо мо бештар шоҳиди он мешавем, ки ба истеъмолгарон маълумотҳои зарурӣ дода мешаванд. Барои ҳамин дар ин самти кор низ бояд ба таври фарохтар соҳибкорон ва фурӯшандагони маҳсулоти онҳоро бештару беҳтар огоҳ намоем.
– Мавод ё маҳсулоти харидоришударо ба фурӯшандаи он баргардонидан мумкин аст?
– Дар моддаи 18-уми қонуни мо гуфта шудааст, ки истеъмолгар ҳақ дорад дар муддати даҳ рӯз маҳсулоти ғайриғизоиро рафта иваз кунад. Агар ҳамон чиз дар фурӯш мавҷуд набошад, пули онро гирифта метавонад. Ба таври мисол, агар шумо пойафзол харида ба хона овардед, вале ранг ё андозаи он ба шумо маъқул нашуд, шумо ҳақ доред онро дар ҳамон фурӯшгоҳ иваз кунед ё пули худро баргардонида гиред.
– Аммо агар ин маҳсулот чизи гароннархи зебу зинат, мебел, мошин бошад-чӣ?
– Дар рӯйхате, ки тибқи қонунгузориҳо нишон дода шудаанд, маводи гигиенаи шахсӣ, дорувор, атриёт, мебел, матоъ ва маҳсулоти трикотажӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва пардозкунии утоқу биноҳо, зебу зинати занон, автомобилҳо ва автовеломоторҳо, чизҳои маишии аз нигоҳи техникӣ мураккабро иваз кардан мумкин нест. Дар чунин нуқтаҳои савдо фурӯшандагон қабл аз фурӯши ин маҳсулот ба истеъмолгарон мавзӯъро бояд матраҳ кунанд, то ки харидорон баъдан ба идораҳо бо аризаҳо муроҷиат накунанду сарсону саргардон нашаванд.
– Оё дар таҷрибаи шумо ҳолатҳои рух додаанд, ки шахсони ҳуқуқи истеъмолгаронро поймолкарда ба ҷазо кашида ва ё аз кори роҳбарӣ дур карда шуда бошанд?
– Чунин мисолҳо дар мо хеле зиёданд. Аммо муҳим он аст, ки пеши роҳи вайрон шудани қонун ва поймолшавии ҳуқуқи истеъмолгарон гирифта шавад. Дар матбуот ва радиову телевизион мо ин мавзӯро зуд-зуд ёдрас карда меистем.
– Нақши истеъмолгарон дар ин маврид чиҳо буда метавонанд?
– Агар фурӯшанда ҳуқуқи истеъмолгарро вайрон кунад, вай ба ҷазои маъмурӣ кашида мешавад. Ҳамон мол ё мавод мусодира мегардад ва фурӯшанда аз рӯи миқдори ҳисоби базавӣ то се баробар ва шахси мансабдор то ҳафт баробар ҷарима месупорад. Аслан, мақсади мо бартараф намудани камбудиҳо дар тамомияти ин соҳаҳо мебошад. Агар субъектҳои хоҷагидорӣ ва соҳибкорон саводи ҳуқуқиашонро такмил дода раванд, ба манфиати худи онҳост. Мо ҳамеша омода ҳастем, ки дар бобати боло бурдани саводи ҳуқуқи онҳо кӯмакҳои лозимаро барояшон расонем.
– Истеъмолгар низ бояд ҳуқуқи худро донад ва аз фурӯшанда талаб карда тавонад, ки дар сурати поймол шудани ҳуқуқи ӯ фурӯшанда ҷазои маъмурӣ хоҳад гирифт.
– Бешак, чунин ҳуқуқи худро донистани истеъмолгар бисёр корҳоро содаву осон мекунад. Дар даҳ моҳи соли равон 500 муроҷиати истеъмогаронро баррасӣ қардем. 113 нафар ходимони мо машғули ҳамин гуна кору фаъолият ҳастанд. Ин муроҷиатҳо бештар аз шаҳрҳои Фарғона, Қӯқанд, Марғелон, ноҳияҳои Фарғона, Тошлоқ, Бағдод ва амсоли он ба мо расидаанд. Баъди баррасӣ аксари ин муроҷиатҳоро мусбат ҳал намудем. Ҳозир мо болоравии нарху наворо мавриди омӯзиш қарор додаем. Ба назарам, вақти он расидааст, ки ба ҳолатҳои тақдим накардани маълумоти зарурӣ ба истеъмолгарон нуқта гузорем. Қонунгузориҳои мо вобаста ба ин ҳол муҷозотро пешбинӣ намудаанд ва ҳамин муҷозот бояд тавсеа дода шавад. Гузашта аз ин, дар қонунгузориҳоямон ҳимояи ҳуқуқи иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолгарон ва ифодагари ваколатҳои он, ҳамчунин меъёрҳое бояд дохил карда шаванд, ки назорати ҷамъиятиро дар соҳаҳои гуногун бештар намоянд. Зеро то ҳол дар қонунгузориҳоямон ҳамин маънӣ қайд карда нашудааст.
– Федератсияи шумо бо ташаббуси кор карда баромадани “Сабадчаи истеъмолӣ” баромадааст. Ин чӣ маънӣ дорад?
– Мухтасаран гуфтанӣ бошам, ин ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгаронро мадди назар дорад. Ба ибораи дигар, ҳар як фарди ҷомеаи мо бояд дар ивази меҳнати худ зиндагии хубу фаровон дошта бошад. Сабадчаи истеъмолӣ меъёре мебошад, ки дараҷаи некӯаҳолии халқамонро равшану возеҳ нишон медиҳад.
– Мавсими обуна қариб ба охир мерасад. Оё дар идораи шумо обунашавӣ ба нашрияи “Овози тоҷик” баррасӣ гардид?
– Чаро не? Ходимони мо дар шаҳри Фарғона ва ноҳияҳои тоҷикнишин ҳатман ба ин рӯзномаи марказӣ обуна хоҳанд шуд.

Суҳбаторо Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: