Ҷамъияти саҳҳомии ҳудудии Шабакаҳои барқи вилояти Ҷиззах барои рӯзноманигорон анҷумани матбуот ташкил кард.
Дар он рафти иҷрои Фармони Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба такомул бахшидани механизми фурӯши гази табиӣ ва энергияи электр» аз 18 июни соли 2020 мавриди муҳокима қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки ба туфайли пурра ба роҳ андохтани низоми ASUE дараҷаи қарздории аҳолӣ аз қувваи барқе, ки истеъмол кардааст, хеле коҳиш ёфт. Ҳоло дар қаламрави вилоят шумораи умумии истеъмолчиён 276 ҳазору 727 нафаранд, истеъмолчиёни яклухт бошад 13 ҳазору 587-то мебошанд. Соли 2021 ба истеъмолчиён ба миқдори 828 миллиарду 700 миллион сӯм энергияи электр расонида дода шуд. Аз ин 126 миллиарду 500 миллион сӯмаш ба истеъмолчиёни яклухт рост меояд.
Дар қаламрави вилоят 275 ҳазору 105 нуқтаи ҳисобкунак мавҷуд буда, аз ин 252 ҳазору 539 тояш ба аҳолӣ, 22 ҳазору 566 тои дигараш ба истеъмолчиёни яклухт рост меояд. То ҳол 273 ҳазору 288 тои он (98 фоиз) ба низоми нави ASKUE пайваст шудааст.
– Дар қаламрави вилоят шаш ҳазору 306 трансформатор мавҷуд аст, ки солҳои охир тибқи супориш ва дастурҳои Сарвари давлат трансформаторҳои якчанд маҳалла навсозӣ гардид, – гуфт сармуҳандиси ҷамъияти номбурда Пӯлод Ӯнаров. – Боз трансформаторҳое ҳастанд, ки ба худи истеъмолчиён мутааллиқанд.
Тавре ки мудири шуъба Абдусамад Холбуттаев гуфт, ҳолатҳои ба шабакаи барқ ғайриқонунӣ пайвастани беш аз ҳазор шаҳрвандон аниқ гардидааст ва бо дахолати суд ин ва ба ин монанд қонуншиканиҳо барҳам дода шуд. Муроҷиатҳое, ки аз ҷониби аҳолӣ ба идораи мо мерасанд, тадриҷан ҳалли худро меёбанд – гуфтанд масъулони соҳа.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.