ҲИСОБКУНАКИ НАВ БА ФАРОВОНҲОЛИИ МАРДУМ ХИДМАТ МЕКУНАД

Дар ҳамаи мавзеъҳо, бахусус, дар деҳаҳои дурдасти кишварамон норасоии қувваи барқ мушкилоти зиёдро ба вуҷуд меорад.

Чорабинии навбатии Маркази матбуоти миллӣ ба ҳаллу фасли муаммои мазкур ва ҷараёни бо ҳисобкунакҳои автоматикии замонавӣ таъмин намудани аҳолӣ бахшида шуд. 
– Мушкили асосии соҳа бо қувваи барқ мунтазам таъмин нашудани истеъмолгарон мебошад,– гуфт муовини раиси Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекэнерго» Фирӯз Қурбонов. – Яке аз вазифаҳои муҳими ходимони ҷамъият сарҳисоби пешакии сарфи қувваи барқии объектҳои барпошаванда–роҳу кӯпрук, корхонаву биноҳои истиқоматӣ мебошад, ки бо ин роҳ норасоии қувваи барқ қисман бартараф хоҳад шуд.
Дар асоси қарори Президент «Дар бораи чораҳо оид ба рушди босуръат ва таъмин кардани устувории молиявии соҳаи электроэнергетика» то охири соли 2021 пайваст кардани зиёда аз 7 миллион истеъмолгар ба низоми автоматиконидашудаи назорат ва ҳисоби энергияи электрикӣ ба нақша дароварда шуда буд.
Аз тарафи корхонаи «KT Corporation»-и Кореяи Ҷанубӣ дар вилоятҳои Бухоро, Ҷиззах, Самарқанд ва корхонаи хусусии ҶММ «Toshelectroapparat» дар шаҳрҳои Ангрен ва Қӯқон дар асоси низоми номбаршуда корҳои васлкунии ҳисобкунакҳои автоматикии замонавӣ бурда мешавад.
Ҳоло аз тарафи корхонаи хусусии «Toshelectroapparat» ба шаҳри Ангрен 42 700 дона, ба шаҳри Қӯқон зиёда аз 53 ҳазор дона ҳисобкунак  расонда дода шуд. Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки дар солҳои 2019-2020 вилоятҳои Фарғона ва Тошканд бо чунин ҳисобкунак пурра таъмин мегарданд.
Аз моҳи марти соли ҷорӣ бо ҳисобкунакҳои замонавии барқии корхонаи муштараки «Elektron hisoblagich» таъмин намудани хонадонҳои ноҳияи Юнусободи пойтахт оғоз ёфт. То охири сол ба низоми автоматикӣ дохил гардидани  ҳамаи ноҳияҳои шаҳри Тошканд ба нақша дароварда шудааст.
– Хурсандиовар он аст, ки ҳамаи ҳисобкунакҳо аз тарафи корхонаҳои маҳаллӣ истеҳсол мешаванд,– гуфт ходими ҶММ «Ӯзбекэнерго» Маҳмуд Каримов. – Фарқи чунин ҳисобкунакҳо аз пештара дар он аст, ки онҳо зиёда аз 20 функсияро иҷро мекунанд. Баъд аз пурра ба низоми нав гузаштан мизоҷон дар банк ё корхонаҳои энергетикӣ дар навбати дуру дароз намеистанд. Ходимони соҳа бошад, барои навишта гирифтани нишондоди ҳисобкунак мизоҷро безобита намекунанд.
Яке аз хусусиятҳои ба худ хоси сохтори нав баъди кушода шудани ҳисобрақам ҳамаи маълумот ба истеъмолгар ба тарзи паёмак меояд. Фаъолияти ҳисобкунакҳо монанди телефони дастӣ аст, яъне баробари сарф шудани пардохт барқ низ хомӯш мешавад, дар ин ҳолат мизоҷ метавонад аз тариқи телефони мобилӣ, дар асоси режими onlayn пардохтро пардозад.
Азбаски ҳамаи маълумотҳоро компутер назорат мекунад, ходимони корхонаҳои энергетикӣ метавонанд вақти ихтисорнамудаашонро ба беҳтаршавии ҳолати техникии соҳа сарф намоянд.
Боз як хусусияти ба худ хоси низоми нав дар он аст, ки ҳеч кас ба кори ҳисобкунаки автоматикии замонавӣ таъсир расонда наметавонад. Агар чунин ҳолат рӯй диҳад, ҳисобкунак ба тарзи автоматӣ хомӯш мешавад ва ҳамаи маълумотҳо бо зудӣ ба марказ меоянд.
Чунин ҳисобкунакҳо дар 10 сол як маротиба аз назорати давлатӣ гузаронида мешавад.
Баъд аз пурра гузаштан ба низоми нав талаботи ҳудудҳо нисбат ба қувваи барқ омӯхта мешавад ва дар ин асос корҳои тақсимотӣ ба мавзеъҳо бурда мешавад.
– Нафароне ҳастанд, ки пардохти ҳисобкунакро мепурсанд. Ёдрас бояд кард, ки дар миқёси ҷумҳурӣ ҳисобкунакҳо бе пул васл карда мешаванд,– гуфт дар охири суханаш Ф. Қурбонов. 

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: