ҲИСОБОТИ ЧАНДИН ВАЗОРАТ ДАР СЕНАТ

Дар ҷамъомаде, ки Кумитаи буҷа ва масъалаҳои ислоҳоти иқтисодии Сенати Олий Маҷлис доир намуд, ҳисоботи вазоратҳои сохтмон, энергетика, иқтисодиёт ва саноат оиди иҷрои вазифаҳои мақсаднок дар нимсолаи аввали соли равон шунида шуд.

Дар ҷамъомад аъзои кумита, вакилони Девони Вазирон, вазорату идораҳои дахлдор, ҳамчунин намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ иштирок намуданд.
Даставвал фаъолияти Вазорати сохтмон дар давраи ҳисоботӣ дида баромада шуд. Таъкид ёфт, ки соли 2019 ба зиммаи вазорат 33 вазифа гузошта шуда бошад, аз он 10 вазифа тӯли нимсолаи аввали соли равон бояд ба иҷро расонда мешуд. Аз он танҳо 4 вазифа иҷро шуду халос. Дар мураттаб сохтани меъёр ва қоидаҳои шаҳрсозӣ, ташкили гурӯҳи корӣ оиди номнависсозии стандартҳои давлатӣ, номнависсозии базаи моддӣ-техникии мақомоти сохтмони ҳудудӣ, кор карда баровардани низом доир ба тартиби молиявисозии объектҳои сохтмон норасоиҳо ба назар мерасанд.
Айни замон дар иҷрои баъзе супоришҳо вазорат ба таъхир ва сусткашиҳо роҳ гузоштааст. 
Хусусан, тавассути ҷорӣ сохтани технологияҳои хабарӣ-коммуникатсионӣ дар соҳа ба роҳ гузоштани корҳои мониторингии сохтмону монтаж, барпои сохтори иттилооти миллӣ, ки таъмини дар муддати муайян супурдашавии объект ва шаффофии сохтмонро фаро гирифтааст, такмил металабад. Вазифаҳо бобати омӯзиши фаъолияти ташкилотҳои лоиҳасоз, номнависсозии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-амалие, ки кори онҳоро ба тартиб меандозад, ба иҷро нарасидаанд.
Дар ҷамъомад аъзои Сенат муаммо ва норасоиҳоеро, ки имрӯзҳо ба эътироз ва мунозираҳо сабаб мешаванд, бюрократия дар сохтор, азхудкунӣ ва ҳолатҳоеро, ки ба коррупсия алоқаманд мебошанд, мавриди муҳокима қарор доданд.
Чи тавре ки қайд гардид, Вазорати энергетика дар мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ бинобар ҷорӣ намудани технологияҳои аз нуқтаи назари энергетикӣ самаранок ва сарфакор, пеш бурдани мониторинги истеъмоли захираҳои барқ ва ин гуна чанд самтҳои дигар фаъолияти хуб ба роҳ гузоштааст. Дар он, хусусан, ба истифода аз манбаъҳои энергетикии аз нав барқароршаванда, мунтазам баланд бардоштани малакаи кадрҳо дар соҳа эътибори алоҳида нигаронида мешавад.
Соли 2019 ба зиммаи вазорат ҷамъ 24 вазифа гузошта шуда, аз он муддати иҷрои ҳашт вазифа дар нимсолаи аввали соли равон муайян шудааст. Қисме аз вазифаҳо дар вақташ ба иҷро расонда шуда бошанд ҳам, дар амалӣ гардондани баъзе супоришҳо сусткашӣ ва норасоиҳо ба назар мерасанд. Аз ҷумла, вазифаи омодасозии таклифҳо оиди модернизатсияи 17 энергоблок иҷро нашудааст.
Ғайр аз ин, аз ҳисоби маблағе, ки гурӯҳҳои ташаббускор муайян намудаанд, омодасозии таклифҳо бобати дида баромадан ва оптималӣ сохтани лоиҳаҳои сармоявию инфрасохторӣ ҳанӯз оғоз наёфтааст. Ин водор месозад, ки ҳолати солимгардонии молиявии ҶС «Ӯзбекэнерго» ва корхонаҳои таркиби он таҳти назорат гирифта шавад.
Дар ҷараёни муҳокимаҳо эътирозҳои ҳаққоние, ки аз ҷониби аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ баён мегарданд, кандашавиҳо дар таъминоти барқ, ҳолатҳои вайроншавии ҳуқуқи қонунии истеъмолгарон, ба дараҷаи лозимӣ қарор нагирифтани назорат аз болои сарфи энергия дар сохтор ва дигар масъалаҳои ҳалталаб мавриди гуфтугӯи ҷиддӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷамъомад ҳисоботи Вазорати иқтисодиёт ва саноат низ шунида шуд. Аз ҷониби ин вазорат ба таъмини рушди барқарор ва мутаносиби иҷтимоию иқтисодии мамлакатамон дар муддатҳои дароз, миёна ва кӯтоҳ, ба кор карда баровардани консепсияҳое, ки ба баланд бардоштани фаровонии ҳаёти аҳолӣ ва ҳал намудани масъалаҳои мавҷуда дар ин самт  эътибор нигаронида шудааст, ҳамчунин омода сохтани барномаҳои ҳудудӣ, ки роҳҳои қавӣ гардондани пояҳои иқтисодиро фаро гирифтаанд, корҳои васеъмиқёс ба иҷро мерасанд.
Соли 2019 ба зиммаи Вазорати иқтисодиёт ва саноат ҷамъ 43 вазифа вогузор шуда бошад, аз он муддати иҷрои 33 вазифа нимсолаи аввали соли ҷорӣ муқаррар шуда буд. Тӯли ним сол 25 вазифа иҷро гардидааст.  Мониторинги параметрҳои пешгӯии рушди иқтисодии мамлакат аз ҳамин ҷумла аст. 
Дар ҷамъомад, баробари ҳамин, норасоиҳо дар фаъолияти вазорат  гуфта шуданд. Қайд гардид, иҷро нашудани 24 фоизи вазифаҳо дар муддати муайяншуда ё худ дер иҷро шудани 2 вазифа нишонае аз лоқайдиҳост. Андешидани чораҳои маҷмӯӣ оиди кам гардондани арзиши аслии маҳсулот, кор карда баровардан, мониторинг, сабабҳои дар бозорҳои дохилию берунӣ паст будани дараҷаи рақобатбардории маҳсулоти саноатиро аниқ сохтан, дар асоси захираҳои табиии мавҷуда лоиҳаҳои истеҳсоли саноатиро омода намудан, тавассути обёрии қатравӣ дар парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳосилнокии заминҳои рентабелнокиашон пастро баланд бардоштан вазифаҳои ҳаллашон таъхирнопазир дар назди Вазорати иқтисодиёт ва саноат мебошанд.
Дар ҷамъомад аз ҷониби аъзои Сенат қаноатбахш набудани фаъолияти вазоратҳое, ки дар вақташ вазифаҳои худро ба иҷро нарасондаанд, қайд гардид ва роҳҳои бартарафсозиҳо дида баромада шуда, дар ин бобат тавсия ва таклифҳои  дахлдор баён ёфт. Аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда кумита қарорҳои дахлнок қабул намуд.

М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: