Ҷамъомади Кумитаи муносибатҳои байналхалқӣ, робитаҳои иқтисодии берунӣ, сармояҳои хориҷӣ ва масъалаҳои сайёҳии Сенати Олий Маҷлис баргузор гардид.
Дар он ҳисоботи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба иҷрои вазифаҳои мақсаднок, ки дар нимсолаи аввали соли равон муайян карда шудаанд, шунида шуд.
Дар ҷамъомад аъзои кумита, намояндагони Девони Вазирон, идораҳои давлатӣ, ҳамчунин вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок намуданд.
Мушовири вазири корҳои хориҷӣ, роҳбари дастгоҳи иҷрогар Ҷ. Хидайхоҷаев таъкид намуд, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ бобати ба амал баровардани сиёсати берунии мамлакатамон, муносибатҳо бо давлатҳои хориҷӣ, баробари ҳамин, оиди муҳофизаи манфиатҳои давлатии Ӯзбекистон ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони он дар майдони байналхалқӣ ва созмонҳои минтақавӣ корҳои самаранок ба иҷро расонда шуданд. Дар ин самт, хусусан, ба ҳамоҳангсозии корҳо бо вазорату идораҳои дахлдор баҳри ривоҷи робитаҳо бо муассисаҳои байналхалқӣ эътибори алоҳида нигаронида мешавад.
Соли 2019 ба зиммаи Вазорати корҳои хориҷӣ 24 вазифаҳои мақсаднок гузошта шуда, аз ҷумла муддати иҷрои 21-тои онҳо моҳҳои январ-июни соли равон муайян шуда буд. Дар ин самт аз ҷониби вазорат корҳои зиёд ба иҷро расонда шуданд. Масалан, ба хориҷ 6 ташрифи расмии дараҷаи олӣ, ба Ӯзбекистон бошад, 4 ташрифи роҳбарони давлатҳои хориҷӣ ва сохторҳои байналхалқӣ ташкил карда шуд.
Ибтидои соли равон баргузор шудани нахустин вохӯрии вазирони корҳои хориҷӣ бо иштироки Афғонистон, ки дар шаҳри Самарқанд рӯи кор омад, дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷумҳурҷӣ аҳамияти муҳим касб намуд. Дар ҷамъбасти тадбири мазкур Баёноти муштарак қабул карда шуд.
5-10 апрели соли равон дар шаҳри Тирмиз аз ҷониби Вазорати маданият ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшӣ рӯи кор омад ва дар муваффақияти он Вазорати корҳои хориҷӣ саҳми муносиб гузошт.
Бо ташаббуси Президент ба Фонди трасти бисёршарикӣ оиди амнияти инсон барои минтақаи ҳавзаи Арал таҳти васояти СММ асос гузошта шуд ва оиди ҷалб сохтани маблағи ҳамкорони хориҷӣ ба бунёди мазкур аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ҳоло корҳои мақсаднок пеш бурда мешаванд.
Дар баробари ҳамин, дар ҷараёни омӯзише, ки аз ҷониби кумита гузаронида шуд, баъзе норасоиҳо дар фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ аниқ гардид. Аз ҷумла, аз рӯи пурзӯрсозии дипломатияи иқтисодӣ бобати ба бозорҳои ҷаҳон баровардани маҳсулоти миллӣ ва хидматҳои Ӯзбекистон корҳое, ки ба иҷро мерасанд, чандон самаранок нестанд. Ба мамлакатамон воридшавии сайёҳони хориҷӣ низ ба дараҷаи дилхоҳ нест.
Ҷуз ин лозим меояд ҳамкории байниякдигарии вазорат бо созмонҳои байналхалқӣ вусъат дода шавад, қайд карда шуд дар тадбир.
Дар ҷамъомад аз ҷониби аъзои Сенат як қатор тавсия ва таклифҳо пешниҳод гардид ва дар ҳамин асос қарори дахлноки кумита қабул карда шуд.
Дар ҷамъомади дигари кумита ҳисоботи Вазорати сармоя ва савдои берунӣ оиди иҷрои вазифаҳои мақсадноке, ки назди вазорати номбурда дар нимсолаи аввали соли равон муайян шуда буданд, шунида шуд ва тавре ҷонишини вазир Ш. Вафоев қайд намуд, аз ҷониби вазорат оиди ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ дар самтҳои ҳамоҳангсозии корҳо, пеш бурдани ҳамкориҳо бо институтҳои иқтисодӣ ва молиявии байналхалқӣ, созмонҳое, ки ба давлатҳои хориҷӣ мансубанд, дар формати бисёрҷабҳа корҳои самаранок ба иҷро расонда мешаванд. Дар он ба мувофиқсозии фаъолияти мақомот ва созмонҳои давлатӣ, ҳамкориҳо бо вакилони доимии институтҳои молиявию иқтисодии байналхалқӣ эътибори ҷудогона нигаронда мешавад.
Дар ҷамъомад ҳамчунин таъкид гашт, вазорат дар доираи коршиносии байналхалқӣ ба таври мунтазам муаррифсозии лоиҳаҳои сармоявии истиқболнокро ташкил менамояд. Хусусан, дар натиҷаи амалӣ шудани корҳо тӯли моҳҳои январ-июни соли равон дар самтҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ба миқдори 5,3 миллиард доллар сармоя азхуд карда шуд.
Соли 2019 ба зиммаи вазорат 41 вазифа вогузор шуда бошад, муддати иҷрои 9-тои он ба нимсолаи аввали соли ҷорӣ муайян карда шуда буд.
Назар ба маълумотҳое, ки вазорат тақдим намуд, аз 9 супорише, ки бояд дар давоми ним сол ба иҷро мерасид, 4-то супориш бо сабабҳои гуногун иҷро нашуд.
Аз ҷумла, аз ҷониби вазорат оиди ба кор андохтани 140-то объекти калони истеҳсолӣ кор карда бароварда шудани «харитаҳои роҳ»-и лоиҳаҳои сармоявӣ ба нақша гирифта шуда бошад ҳам, то имрӯз танҳо 40 лоиҳа ба кор андохта шудаасту халос.
Дар ҷамъомад сенаторҳо таклифу тавсияҳо пешниҳод сохтанд ва Кумитаи муносибатҳои байналхалқӣ, робитаҳои иқтисодии берунӣ, сармояҳои хориҷӣ ва масъалаҳои сайёҳӣ аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул кард.
М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».