Ҳар як вакили шӯрои депутатҳои халқро мардум бо эътимод интихоб мекунанд.
Ба онҳо сокинон душвориҳо ва масъалаҳои гуногуни зиндагиашонро арз менамоянд. Вакили халқ уҳдадор аст, ки дар алоқамандӣ бо идораю муассисаҳо онҳоро бартарафу ҳал намуда, дар назди интихобкунандагони худ бовариро сафед кунад.
Дар қасри фарҳанги деҳаи Варзики ноҳияи Чуст чунин маҷлиси ҳисоботии яке аз вакилони халқ баргузор гардид.
Алишер Қосимов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Намангон аст. Фаъолияти педагогии худро аз муаллимии фанҳои умумитехникӣ ва меҳнат сар карда, то вазифаи директори мактаб расидааст.
5 сол пеш, баъди ба нафақа баромадан, ҳамдиёрон ӯро раиси маҳаллаи Пилол интихоб намуданд. Дар як вақт бо ин Алишер Қосимов аз ҳавзаи интихоботии рақами 9-уми вилояти Намангон чун намояндаи Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» вакили халқ интихоб шуд.
Бо нишонҳои сарисинагии «Меҳр-саховат», «30-солагии истиқлоли Ӯзбекистон» ва ду тақдирномаи ҳокими вилоят мукофотонида шудааст.
Депутати Шӯрои депутатҳои халқи вилоят Алишер Қосимов дар ҳисобот таъкид кард, ки барои хидматҳои кардааш ба халқ розӣ ва аз мардум миннатдор аст. Депутатӣ вазифаи пурмасъулият аст. Ӯро бошандагони 5 деҳаи калон — Варзик, Варзигон, Қароқӯрғон, Ғаво ва Дам интихоб намудаанд. Бо дарду ғами ҳазорон бошандагон ҳамдам шудан осон нест. Бо ин равиш ӯ дар асоси қарору дархостҳои Президент дар байни мардум, махсусан, бо хонаводаҳои камбизоат, муҳтоҷ ба ёрии иҷтимоӣ ва ногиро аз наздик кор бурд. Ба 500 хонадон қитъаи замин гирифта дод, аз ҷумла, ба аҳли маҳаллаи Пилол.
Қасри фарҳанги деҳаи Варзик таҷдид гардида, ба кор дароварда шуд. Чанде аз сокинон ба боғи корпоратсияи Русия дар ҳудуди Варзик ба кори стаждор ҷойгир карда шуданд. Маоши онҳо аз 2 миллион сӯм кам нест.
Барои деҳқонҷавонон трактор ва дигар воситаҳои техникӣ дода, онҳо самаранок истифода мешаванд. Ба ногироён аз ҷониби давлат ва ҳисоби худи раис ёрии моддӣ дода шудаанд. Дар маҳаллаҳо сешанбе — рӯзи хониши сиёсӣ ва чоршанбе — рӯзи дида баромадани муроҷиатҳо эълон шуда, ин чораҳо барои роҳбарону сокинон қулаю нафъбахшанд.
Бо ташаббусу роҳнамоии Алишер Қосимов дар маҳаллаи Пилол зиёда аз 20 ҳазор дона ниҳолҳои мевадеҳ ва манзаравӣ шинонда шуда, ҳоло онҳо дар сабзишу нашъунамоянд.
Дар мактаби таълими миёнаи умумии рақами 13-уми маҳалла дар асоси бурди «Опен буҷа» бинои серошёнаи таълимӣ сохта шуда истодааст.
Аҳолии деҳаи Дам шоданд, ки бо оби тоза таъмин гардиданд. Дар Варзик 20 чашма тоза ва оби онҳо истеъмолбоб карда шуд. 5 трансформатори қувваи барқ ва симчӯбҳо иваз карда шуданд.
Шахсан Қосимов ба боғчаҳо даромада, чанд бор сифати хӯрокҳоро аз назар гузарондааст.
Дар деҳаи ҳамсояи Каркидон корхонаҳои истеҳсолии масолеҳи бинокорӣ чанд нафар ҷавононро ба кор қабул карданд. Занону духтарон дар сехҳои нави дӯзандагӣ ба кор оғоз намуданд.
Дар ҳар кору масъала намояндагони ҳафтгонаи маҳаллаҳо, ҳоким ва ҷонишинони онҳо ба депутат Қосимов дасти ёрӣ дароз кардаанд.
Маҳмуда Амонова, муаллимаи мактаби рақами 13-ум мегӯяд:
– Мактаби мо ба барномаи инвеститсия даромад. Сохтмони нав шуда истодааст. Бо монитори дохилӣ назорати онро Қосимов бурд. Бо ёрии «Опен буҷа» сохтмони варзишгоҳи тобистонаро бурида будем, он дар мактабамон сохта шуда, ҳоло дар истифода аст. Қосимов дар мактабамон чанд бор ба мо дарси маҳорат омӯзонданд. Он кас дар маҳаллаҳо хона ба хона даромада, бо аҳвол шинос шуда, чора мебинанд. Депутати интихобкардаи мо бовариро сафед карданд.
Маҳбуба Йӯлдошева, директори қасри фарҳанги деҳаи Варзик низ мегӯяд: Депутати мо Алишер Қосимов ба ҳар ислоҳоту дигаргуниҳо ҳиссаи арзанда гузоштанд. Ба ободии маҳалҳо, хуррамии боғҳо, аз ҷумла, ба пешравии маданию маънавӣ,барои ба корҷокунии кадрҳо ва оштикунонии оилаҳо ҳам эътибор дода, ёрӣ мерасонад.
– Барои ёрию ғамхориашон ба депутат Алишер Қосимов аз номи худаму ҷавонон миннатдорӣ баён мекунам. Ба мо ҳар субҳ, маҳалладаврзанӣ, дилсӯзӣ ва маслиҳатҳои хуб додани он кас писанду ибратомӯзанд, – мегӯяд Аброр Ғаниев, пешбари ҷавонони маҳаллаи Пилол.
Дар охир раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Пилол Геройҷон Рустамов хабар расонд, ки барои ободии маҳалла ва ҳам барои қулайӣ ба мактаббачагон дар ду ҷойи сой кӯпрук сохтаанд.
Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.