Ҷамъомади Кумитаи масъалаҳои аграрӣ, хоҷагии об ва экологияи Сенати Олий Маҷлис баргузор гардид.
Дар он ҳисоботи Вазорати хоҷагии об оиди корҳои иҷрошуда дар нимсолаи аввали соли равон ва вазифаҳои дар давоми сол муайяншуда шунида шуд.
Дар ҷамъомад аъзои кумита, вакилони як қатор вазорат ва идораҳо, ҳамчунин ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок намуданд.
Таъкид ёфт, аз ҷониби Вазорати хоҷагии об бобати таъмини барқарор ва оқилонаи ҳудудҳо ва нуқтаҳои иқтисодиёт бо захираҳои об, беҳсозии ҳолати мелиоративии майдонҳои кишт фаъолияти самарабахш ба роҳ гузошта шуд. Дар ин ҷабҳа ба таъмини фаъолияти боварнок ва барқарори сохторҳои ирригатсионӣ, обанборҳо, истгоҳҳои насосӣ ва дигар иншооти гидротехникӣ, ташкил намудани муҳофизати объектҳои хоҷагии об эътибори алоҳида нигаронида мешавад.
Хусусан, аз ҷониби вазорат дар асоси 11 мезони асосӣ, ки бояд дар соли 2019 ба амал бароварда шаванд, 38 вазифа муайян гардидааст.
Натиҷаҳои омӯзиши аз ҷониби Кумитаи масъалаҳои аграрӣ, хоҷагии об ва экология гузаронидашуда ҳаминро нишон дод, ки аксарияти вазифаҳое, ки барои нимсолаи аввали соли ҷорӣ муқаррар шуда буданд, ба иҷро расидаанд.
Айни замон дар баъзе масъалаҳо бобати обёрии заминҳои кишт ба сусткашӣ роҳ гузошта шудааст. Аз ҷумла, барои сарфа намудани энергияи барқии истгоҳҳои насосӣ бобати модернизатсия ва навсозии 539 иншоот кор карда баровардани ҳисобу китоби техникиву-иқтисодӣ, барои тасдиқ фиристода шудани он ба Девони Вазирон ба нақша даромада, аз рӯи 299-тои он молиявисозии ҳафт лоиҳа бо иштироки ҳамкорони русиягӣ мадди назар қарор дода шуда буд. Дар ҷамъомад таъкид ёфт, бинобар тақдим нашудани ҳисобу китобҳои техникӣ-иқтисодӣ оиди нархи навои асбобу ускуна ва материалҳо ба ҳамкорони хориҷӣ масъалаи мазкур саривақт ҷамъбаст наёфт. Пурра аниқ гардонда нашудани манбаъҳои молиявӣ низ ба ин гуна ҳолати ногувор сабаб гашт.
Барои иваз кардани қубурҳои ба фишори баланд тобовар дар вазъи корношоямии онҳо бояд далолатномаҳо навишта мешуданд. Вале аз ҷамъ 300 км ин гуна қубурҳо фақат ба 15,5 километри онҳо далолатномаҳо навишта шудаанду халос. Ин далел бар он аст, ки вазифаҳо танҳо 5,3 фоиз ба иҷро расидаанд.
Дар ҷамъомад роҳҳои бартарафсозии ин қабил норасоиҳо дида баромада ва аз ҷониби аъзои Сенат таклиф ва тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд. Хусусан, баҳри сарфа намудани энергияи барқии истгоҳҳо оиди пеш бурдани модернизатсия ва корҳои реконструксионӣ зарурияти ҳисобу китоби пурраи манбаъҳои молиявигардонии асосҳои техникию иқтисодӣ таҳти ҳамкорӣ бо Вазорати адлия ва пешниҳод сохтани он ба Девони Вазирон таъкид карда шуд. Ҳамчунин муҳим будани таъмини корҳои мониторингӣ оиди бартарафсозии хавфҳо дар иншооти гидротехникӣ, чораҳои таъмини ташкилотҳои хоҷагии об бо асбобҳои ченаки обро муайянкунанда то охири соли 2019 таъкид ёфт.
Аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда кумита қарорҳои дахлдор қабул намуд.
М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».