ҲИССАЕ АЗ ҚИССАҲОИ ЯК ҚАҲРАМОНПИСАР

1.Маросими нимпайкарагузорӣ

Охири солҳои 70-уми қарни гузашта дар мактабе, ки Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Амиралӣ Саидбеков таҳсил кардааст, нимпайкараи ӯро гузоштанд.  Барои ширкат дар ин маросим котиби кумитаи вилоятии ҳизб Фахриддин Шамсиддинов бо намояндагони комиссариати ҳарбӣ, арбобони ҳизбиву давлатӣ ба мактаби деҳаи Сариканда ташриф оварданд.
– Амиралӣ Саидбеков зодаи деҳаи шумост, вале номи ӯро тамоми мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ хеле хуб медонанд ва барояш арҷу эҳтиром мегузоранд. Зеро вай дар ҷанги зидди фашизм қаҳрамониҳои беназир нишон додааст ва фашистони зиёдро бо хок яксон намудааст.  Барои чунин ҷасорату мардонагӣ Амиралӣ Саидбеков ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шудааст, – гуфт зери кафкӯбиҳои пурмавҷи иштирокчиёни маросим Фахриддин Шамсиддинов.
– Мо бо ин фарзанди барӯманди диёри худ ифтихор мекунем. Вай собит намуд, ки аз қадим ин марзу бум чунин мардони ҷасуру қаҳрамон офаридааст. Корномаҳои Амиралӣ Саидбеков номи ӯро ҷовидона сохт, – изҳор кард иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон Йӯлдошбой Норматов. 
Баъд аз он ки директори мактаб Аъзамҷон Муталиев ва боз чанд нафари дигар дар васфи Амиралӣ Саидбекови қаҳрамон ҳарф заданд, аз рӯйи нимпайкара парда бардошта шуд ва зери он аз гулу гулдастаҳо лабрез гашт. Ба шарафи кушоиши нимпайкара аз мусалсалҳо салют доданд.  
 То солҳои наздик мактаби рақами 5-уми деҳаи Сариканда номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Амиралӣ Саидбековро дошт. Вақте ки номгузории мактабҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои чанд мактаби махсус, аз байн бардошта шуд, ин муассисаи таълимӣ низ аз раванди мазкур дар канор намонд. 

2. Омӯзгорӣ дар Ховалинг

Саҳифаҳои ҳаёту фаъолияти Амиралӣ Саидбековро варақ мезанем. Чанд ҳуҷҷату маълумотномае, ки барои пайдо кардани он нигорандаи ин сатрҳо муваффақ гардид, бозгӯ онанд, ки вай 4  марти  соли  1920  дар  деҳаи Қалъаи Поёни собиқ совхози  «Сӯх»-и  ноҳияи  Риштони вилояти  Фарғона  дар  оилаи косиб таваллуд шудааст. 
Дар як мақолаи журналисти тоҷик Маҷид Салим омадааст, ки якуним аср муқаддам хонаводаи Саидбековҳо дар минтақаи Ховалинг мезист. Аммо бо фарорасии солҳои қаҳтиву гушнагӣ ва зиндагии пурмашаққат аъзои ин хонавода маҷбур шудаанд, ки ба ҷойи дигар кӯч банданд. Сардори ин хонавода Тошмуҳаммад ном дошта, бо аробакашӣ машғул будааст. Бо гардиши айём онҳо ба Сӯх омадаанд ва дар ин ҷо ба таври доимӣ сукунат ихтиёр кардаанд. 
Ҳар як узви ин сулола ҳамеша медонистааст, ки як тарафи авлоди онҳо бо мардуми Ховалинг решаҳои пайвандӣ дорад ва зимни гуфтугӯҳои хонаводагӣ ҳамеша аз ин нукта ёдоварӣ мешудааст. 
 Амиралӣ Саидбеков пас аз хатми мактаби ҳафтсолаи  деҳаи Сариканда  соли  1935  ба  назди  бародари  калониаш – Бобоҷон  Саидбеков омад,  ки  дар  ноҳияи  Балҷувони  вилояти ҳамонвақтаи Кӯлоби Тоҷикистон  ба  ҳайси  омӯзгор  кору  фаъолият  дошт. Амиралӣ  дар як вақт ҳам  машғули кори омӯзгорӣ буд ва ҳам дар шуъбаи ғоибонаи Омӯзишгоҳи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб  мехонд. 
Пас аз он ки Амиралӣ курси  кӯтоҳмуддати шуъбаи ғоибонаи  ин омӯзишгоҳро ба итмом расонид, минбаъд дар  қатори  бародар ва омӯзгорони дигари ховалингӣ ба толибилмон  дарси  хештаншиносӣ,  муҳаббат  ба  Ватану диёри азиз ва хизмат ба халқро пайваста меомӯзонид ва худаш низ ҳамеша донишу маҳораташро сайқал медод. 
Дарвоқеъ, нахустин  мукофоте,  ки  соли  1938 ин омӯзгори  ҷавон  дар  ҷараёни кори пурмасъулият ва пурмашаққати омӯзгорӣ ба даст овардааст, “Ифтихорнома”-и шӯъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон мебошад. Вай ин мукофотро барои иштирок ва саҳми  фаъолонааш дар  курсҳои  маҳви  бесаводии ҳамон давра соҳиб шудааст.
Хидмат дар сафи артиш ҳамеша яке аз вазифаҳои муҳим ва бошарафи ҳар як ҷавонмарди ватанхоҳу ватандӯст маҳсуб меёбад. Ин буд, ки тирамоҳи соли  1939  вай барои хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ ба хидмати аскарӣ сафарбар шуд. Вай чун ҳамеша ҳушёру зирак ва чаққону хушзеҳн буд. Дере  нагузашта ӯро  барои  аз  худ  намудани дониши низомӣ ба мактаби тайёр кардани афсарони хурд ба мактаби махсуси афсарони шаҳри  Сталинград  фиристоданд. 
Баъди  хатми  ин мактаб  ба гирифтани унвони  лейтенанти  хурд  соҳиб  гашт ва фармондеҳи рота таъин шуд. Солҳои 1939-1940 бо ин рота дар ҷанги зидди Финландия ширкат кард ва ҷасорату мардонагиҳои зиёд нишон дод.

3. «Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман...»

22 июни соли 1941 ҷанги хонумонсӯз оғоз ёфт. Тамоми ҷавонмардон ба майдони корзор шитофтанд. Аз 23 июни соли 1941 то нафаси вопасин ҷойи ӯ дар майдони ҷанг буд. Амиралӣ  Саидбеков  тобистони  соли  1943  дар муҳорибаҳои шадиди шаҳри Новороссийск ҷасорати хуб нишон дод. Баъди он бо укази Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС командири  взводи тирандози  баталёни  махсуси тирандозии  3-юм  барои  ширкати бомуваффақият дар амалиётҳои ҷангӣ алайҳи фашистон бо ордени  «Ситораи  Сурх»  сазовор гардид.
Дар пайи он Амиралӣ Саидбеков дар фронтҳои Ҷанубӣ ва Шимолии Кавказ, фронтҳои 1-ум ва 4-уми Украина ҷангидааст ва қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додааст. Рӯзи аввали дар таркиби бригадаи 83-юм, баталёни 144-и пиёдагарди баҳрӣ ворид шудан Амиралӣ Саидбеков ба майдони ҷанг ва ширкат дар муборизаи беамон бар зидди фашистон аз тири душман захм бардошт.   
Дар як номаи ӯ, ки ба модараш навишта буд, чунин омадааст: “Салом, модарҷон! Ман нағзам. Душманро оҳиста аз хоки Ватан ба лонааш бармегардонем. Аз ман нигарон нашавед ва худро эҳтиёт кунед. Дар оянда  ба шумо мардуми Ватанамон, албатта, раҳмат хоҳанд гуфт. Ман шуморо дӯст медорам”.
Ҳамчунин дар як нома ба бародараш – Бобоҷон Саидбеков зикр намудааст, ки ба модараш бо ҳуруфи лотинӣ номае равон кард, то ки вай хонда тавонад. Баъд номаро ба чунин маънӣ идома додааст: “Ман каме маҷрӯҳ шудам ва ҳоло дар бемористони низомии ба номи Ворошилови шаҳри Сочӣ  муолиҷа мегирам. Вазъи саломатиам хеле хуб шуд ва ба зудӣ аз ин бемористон ба майдони ҷанг бармегардам. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки захмӣ шуданамро ба модарам нагӯед ва ӯро эҳтиёт кунед. Хабари дигар аз ҳамин иборат аст, ки маро ба сафи ҳизб қабул карданд. Барои ҷасоратҳоям аллакай бо се ордени ҷангӣ сазовор шудам”.
Командири полки 325-уми дивизияи гвардияи 129-ум, тирандоз лейтенанти калони гвардия Амиралӣ Саидбеков 23 декабри соли 1944 дар деҳаи Себранетси Чехословакия аввалин шуда ротаи худро ба муборизаи сахту шадид бо фашистон сафарбар намуд. Дар ин набард 50 аскару афсари немис кушта шуданд, чор нафар асир гирифта шуданд. Полки Амиралӣ 5 тӯп ва 25 милтиқу мусалсали душманро ғанимат гирифт.
Кору пайкори ҷанг акнун дар минтақаҳое идома дошт, ки ҷанговарони шуҷоъ хоки муқаддаси Ватанро аз қадами шуми фашистон озод намуда, баҳри озодии якчанд давлати Аврупо аз юғи фашизм мубориза мебурданд. Амиралӣ Саидбеков бо ҷанговарони худ дар озод намудани як қатор шаҳру деҳоти Полша ва Чехословакия ҷонбозиҳо нишон дод. 
8 марти соли 1945 дар деҳаи Драгомисли Чехословакия муҳорибаи шадид ба вуқӯъ пайваст. Душман дар биноҳои сангин мавқеъ гирифта, беадад ба тарафи аскарони сурх аз миномёту пулемёт ва тӯп оташ мекушод. Аммо онҳо дар паси биноҳои деворҳояшон сангин аз ҳамлаҳои рӯ ба рӯ эмин мемонданд. 
Аз байн бурдани ин нуқтаҳои оташфишонии душман ба дӯши ҷанговарони Амиралӣ Саидбеков афтод. Дар натиҷаи моҳирона анҷом додани амалиёти ҷангӣ онҳо ноил гардиданд, ки ба мавқеи душман зарбаи беамон зананд ва ҳамаи нуқтаҳои оташфишонии душманро таҳти муҳосираи худ қарор диҳанд. Барои ин корнамоиҳо Амиралӣ Саидбеков ва чанд ҳамяроқи ӯ бо ордену медалҳои зиёди ҷангӣ сарфароз гардиданд.
Полке, ки Амиралӣ Саидбеков сарварӣ мекард, барои озодкунии минтақаҳои аҳолинишини Рогув ва Домрови Полша бо шуҷоат пеш мерафт. Дар яке аз муқовиматҳои шадид бо душман вай сахт ярадор шуд.  Аммо то интиқол додан ба госпитал Амиралӣ Саидбеков ба ҳалокат расид. Гуфта мешавад, ки вай дар шаҳри Рибники Полша мадфун аст.
29 июни соли 1945 Амиралӣ Саидбеков бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардид. Дар укази Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС омадааст: “Лейтенанти калон Амиралӣ Саидбеков баъди марг барои мардонагӣ ва қаҳрамонӣ,  иҷрои намунавии супоришҳои ҷангии фармондеҳон ва муборизаи шадид бо истилогарони фашист дар фронт ба ин унвон сазовор дониста шуд”. 

4. Номаи хоси ҳамяроқон

Дар ин нома, ки ба Шарифа Саидбекова – модари Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Амиралӣ Саидбеков дастрас шудааст, арзи меҳру мурувват ва сипоси як гурӯҳ ҳамяроқон ва дӯстони ҷанговари ӯ дарҷ ёфтааст. Дар нома табъан, зикр шудааст, ки Шарифабибӣ ба писараш Амиралӣ Саидбеков хеле хуб тарбия додааст. Бинобар ин,  ӯ дар миёни ҷанговарону ҳамяроқонаш вазнину ботамкин ва бурдбор, вале нисбати душмани ғаддор оғуштаи ғазабу нафрат буд. 
“Мо ба шумо, модари азиз, ифтихормандона сари таъзим фуруд меорем ва барои аз даст додани чунин фарзанди баҳодур ва шуҷоатманд амиқан ҳамдардии худро изҳор мекунем. Амиралӣ дар қалби мо ҳамчун дӯст, ҳамяроқ ва ватандӯсту ватанпарвар ҷовидона боқӣ хоҳад монд. Бовар дорем, ки дар бораи қаҳрамониву шуҷоати бемислу монанди Амиралӣ Саидбеков адибон қиссаву достонҳои зиёд менависанд, филмсозон филмҳои мустанаду ҳунарӣ ба навор мегиранд. Ёдаш гиромӣ бод”. Имзо: Фармондеҳи дивизияи 1-ум генерал-майори гвардия К.Гринченко. 17 июли соли 1945.
Зимнан, ёдовар мешавем, ки дар нашрияҳои гуногуни Ӯзбекистону Тоҷикистон дар бораи матонату қаҳрамониҳои ин зодаи Сӯх то ин замон қиссаҳо ва очерку лавҳаҳо ба нашр расидаанд.  

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: