Пас аз чанд рӯз мардуми Ӯзбекистон дар ҳодисаи муҳими сиёсӣ, ки рушди минбаъдаи мамлакатро муайян мекунад, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок хоҳанд кард.
Пас аз чанд рӯз мардуми Ӯзбекистон дар ҳодисаи муҳими сиёсӣ, ки рушди минбаъдаи мамлакатро муайян мекунад, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок хоҳанд кард. Дар ин интихобот Ҳизби экологии Ӯзбекистон бори аввал номзади худро пешбарӣ намуд.
Аз замони интихоботи охирин бобати такмил додани пойгоҳи ҳуқуқӣ – қонунгузории интихоботӣ корҳои зиёд анҷом ёфтанд. Кодекси интихобот куллан ба меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқ карда шуд. Аз ҷумла, Қонун «Дар бораи дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати такмил дода шудани қонунгузории интихоботӣ», ки дар пояи тавсияҳои Бюрои оид ба идораҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (БДИПЧ) коркард шудааст, қабул гардид.
Ҳамаи мо шоҳиди он мебошем, ки маъракаи интихоботӣ дар партави мустаҳкам шудани равандҳои демократӣ дар ҷомеа, ошкорбаёниву шаффофият, хеле озод гардидани муҳити ҷамъиятиву сиёсӣ, ҳамчунин боло рафтани нақш ва мақоми расонаҳои ахбори оммавӣ баргузор мешавад. Ин нишон медиҳад, ки рӯшодбаёнӣ ва шаффофият равандҳои асосии гузаронидани интихобот ба шумор мераванд. Барои равшан кардани интихобот аллакай беш аз 1500 журналист номнавис шуданд. Барои иштирок дар интихобот ҳамчунин мушоҳидон аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналхалқӣ даъват гардиданд. Аз ҷумла, баробари мушоҳидон аз ҳайати Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (АПСАҲА), Бюрои оид ба идораҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон ҷараёни интихоботро намояндагони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва созмонҳои дигар назорат мекунанд.
Яке аз рукнҳои шаҳодати равшани интихоботи демократӣ он мебошад, ки дар вай шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар хориҷа зисту зиндагӣ доранд низ иштирок карда метавонанд. Онҳо метавонанд новобаста аз номнавис шуданашон дар реестери консулгарии намояндагии демократӣ овоз диҳанд. Ғайр аз ин, бори аввал ба ҷомеа сметаи хароҷот барои тайёрӣ ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод гардид. Барои пешгирӣ намудани шикоятҳои такрорӣ ба комиссияи интихоботӣ ва аз ҷониби онҳо роҳ надодан ба қарорҳои зиддиятнок амалиёти баррасии шикоятҳо дар амал ва ҳаллу фасли онҳо аз ҷониби комиссияи интихоботӣ дар тартиби судӣ ҷорӣ гардид.
Бори аввал дар таърихи интихоботи Президентӣ Ҳизби экологии Ӯзбекистон дар интихобот иштирок менамояд, ки аз афзудани фаъолнокии сиёсӣ дар мамлакат, ҳамчунин аз он ки ҳифзи муҳити атроф аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини рушди минбаъда эътироф шудааст, шаҳодат медиҳад.
Ҳизби экологии Ӯзбекистон дар такмил додани ҳуҷҷатҳои қонунгузории вобаста ба ҳифзи муҳити атроф, маърака ва чорабиниҳои гуногун фаъолона иштирок мекунад, бинобар шикоятҳои аҳолӣ нисбати вайрон шудани меъёрҳои экологӣ ва санитарӣ рейдҳо мегузаронад, бобати дар ҷамъият баланд бардоштани саводнокии экологӣ мунтазам кор мебарад ва назорати экологии ҷамоатиро татбиқ менамояд.
Барномаи пешазинтихоботии ҳизб таҳти шиори «Мо барои оянда ҷавобгар ҳастем!» аз ҳафт самт иборат аст. Мақсади асосӣ таъмин кардани устувории экологӣ ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ аз тариқи ҷорӣ намудани равандҳои рушди «сабз» дар тамоми секторҳои иқтисодиёт, фароҳам овардани шароитҳои муносиби ҳаёт барои насли имрӯз ва фардо мебошад.
Барномаи пешазинтихоботии номзаде, ки аз Ҳизби экологии Ӯзбекистон пешбарӣ шудааст, ном ва фаъолияти ҳизбро комилан инъикос менамояд. Яъне сиёсати зина ба зина гузаштан ба иқтисодиёти «сабз», пурзӯр кардани эътибор ба коркарди партовҳо, мувофиқшавӣ ба тағйироти иқлим, кам кардани оқибатҳои фоҷиаи экологӣ дар баҳри Арал, коҳиш додани партовҳои заҳролуд ба ҳаво, оммавӣ намудани истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани маданияти экологӣ дар байни аҳолӣ, беҳтар кардани муносибат бо шарикони хориҷӣ ҳаллу фасли мушкилоти экологиро инъикос мекунад.
Ба ҷиҳатҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби экологӣ Нарзулло Обломуродов таваққуф намуда, бояд, пеш аз ҳама, ба ҷорӣ кардани равандҳои иқтисодиёти «сабз», таъмин сохтани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон барои буду боши хубро таъкид кард. Дар ин бобат танзим сохтани масъалаи муносибат бо партовҳои маишӣ ва саноатӣ нақши муҳим мебозад. Барои ин фаъолони ҳизб қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи партовҳо»-ро дар таҳрири нав зарур мешуморанд.
Ҳизб таҳти шиори «Вазифаи муқаддаси мо – ҳифзи табиат!» ният дорад ҳамчунин бобати фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои аҳолӣ, дар хоҷагии қишлоқ ҷорӣ намудани технологияҳои «оқил», ҳифзи муҳити атроф ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ чораҳо андешад.
Ҳифзи омили муҳимтарини ҳаёт – ҳавои муҳит, ҳамчунин таъмин сохтани мувофиқат кардани он ба нишондиҳандаҳои сифатии меъёрҳои экологӣ мақсади стратегии ҳизб боқӣ мемонад.
Захираҳои замин сарвати асосии аҳолии кишвари мо ба шумор мераванд ва иқтидори иқтисодии онро муайян мекунанд. Ба роҳ мондани истифодаи сарфакорона ва босифати заминҳои обёришаванда ва обёринашаванда омили муҳимтарини таъмин кардани имрӯз ва ояндаи фаровони мамлакат маҳсуб меёбанд. Бинобар ҳамин ҳам Ҳизби экологӣ бобати таъмин сохтани ҳифзи захираҳои замин бо назардошти раванди «Замин нигаҳбони мардум аст» лоиҳаҳои мушаххасро татбиқ менамояд.
Истифодаи сарфакорона ва бо иқтисоди захираҳои об, баланд бардоштани маданияти талаботи об ва ташаккул додани муносибати дуруст ба об – вазифаҳои афзалиятноке мебошанд, ки дар назди ҷомеаи мо қарор доранд. Барои расидан ба ин ҳадафҳо мушаххас кардани вазифаҳои дақиқ бинобар васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об дар обёрикунии зироатҳои кишоварзӣ пешбинӣ гардидаанд.
Дар натиҷаи хушк шудани кӯли бинобар ҳаҷмаш чаҳорумини ҷаҳон – Арал дар қаъри он ба масоҳати 5,5 миллион гектар шӯрзамин пайдо шуд. Ҳар сол аз он ба ҳаво 100 миллион тонна рег, намаки заҳрдор, чанг хориҷ мешаванд, ки ба муҳити атроф зарар мерасонанд. Омехтаи заҳролуд ба масофаи ҳазорҳо километр паҳн мегардад.
Маҳз барои ҳамин ҳам СММ, ҷомеаҳои байналхалқӣ ба вазъияти Наздиарал ҳамчун вазъи бузурги фоҷиавӣ баҳо медиҳанд. Се миллион гектари масоҳати умумии ин хушкии бамиёномада дар ҳудуди Ӯзбекистон қарор дорад, ки аз миқёси чорабиниҳо бинобар кабудизоркунӣ, ки бояд татбиқ карда шаванд, шаҳодат медиҳад. Дар тӯли бист сол дар 400 ҳазор гектар замин ниҳолҳои ба хушкӣ тобовар нишонда шуданд. Ин барои минтақаи дорои вазъи мураккаби экологӣ, бешубҳа, кам аст.
Тӯли панҷ соли охир, ба шарофати саъю кӯшишҳои азими роҳбарияти мамлакат бобати пешгирӣ намудани мушкилоти иҷтимоии Наздиарал, вазъият куллан тағйир меёбад. Дар зарфи дуюним сол дар 1,7 миллион гектар замин ниҳолҳои ба хушкӣ тобовар нишонда шуданд. Ниҳолҳои сарсабз тӯфонҳои регу намакро, ки аз қаъри хушкшудаи Арал бармехезанд, нигоҳ медоранд. Зина ба зина барқарор кардани низоми экологӣ ба эҳёи олами ҳайвонот мусоидат менамояд. Ҳавз ва заводҳои хурд, ки ба шарофати саъю кӯшишҳои инсон ба миён меоянд, аз нав паррандагонеро, ки замоне дар ин ҷо макон доштанд, ҷалб месозанд.
Ташкил шудани маркази инноватсионӣ дар минтақаи Наздиарал барои ба амал татбиқ гардидани лоиҳаҳои байналхалқие, ки ба беҳсозии шароити ҳаёти аҳолии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон нигаронида шудаанд, қулаиҳо фароҳам меоварад. Ҳамаи ин шаҳодати эътибори азими давлат ба ҳаллу фасли мушкилоти экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақа мебошад.
Ҳизб ният дорад, ки минбаъд низ ба саъю кӯшишҳо бобати беҳтар сохтани вазъияти экологӣ ва иҷтимоиву иқтисодии минтақаи Наздиарал кӯмак расонад.
Ҳоли ҳозир маъракаи интихоботӣ босуръат идома дорад. Дар тамоми минтақаҳо вохӯрӣ бо номзадҳо ва шахсони муътамади онҳо давом мекунанд. Дар ҷараёни мулоқоти пешазинтихоботӣ интихобкунандагон бисёр фикру ақида ва таклифҳои худро иброз медоранд. Онҳо ҳамчунин изҳор медоранд, ки тайёранд дар ҳифзи муҳити атроф ва ҳаллу фасли мушкилоти экологӣ, ки бо онҳо рӯ ба рӯ мегарданд, иштирок кунанд.
Дар ҷараёни вохӯриҳои шахси муътамади номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нарзулло Обломуродов бо интихобкунандагон, ки дар Каттақӯрғон, Булунғур, Ҷомбой, Ургут ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд гузаштанд, якчанд таклифҳо иброз гардиданд. Ҳамаи ин бозгӯйии он мебошад, ки масъала ва таклифҳое, ки Ҳизби экологӣ бардоштааст, ҷиҳати рӯзмарра доранд. Мулоқоти шахсони муътамади номзад аз Ҳизби экологӣ Н.Обломуродов бо интихобкунандагон идома доранд.