I. МАРҲАЛАИ ИБТИДОИИ ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ
I. МАРҲАЛАИ ИБТИДОИИ ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ
Ассалому алайкум, ҳамватанони азиз, интихобкунандагони муҳтарам!
Тавре ки маълум аст, дар солҳои гузашта дар мамлакатамон заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ташаккул ёфт, ки низоми интихоботии миллӣ муттасил ва зина ба зина озод гардид, баргузор намудани интихоботро комилан тибқи принсипҳо ва меъёрҳои эътирофнамудаи байналхалқӣ таъмин менамояд.
Бояд таъкид кард, ки Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон ягона ҳизбе мебошад, ки дар тамоми интихоботе, ки дар мамлакатамон баргузор гаштааст, фаъолона иштирок намудааст. Дар ҳамаи интихоботи гузашта ҳизбамон ҷойгоҳи алоҳидаро соҳиб буд ва дар парлумон ва мақомоти намояндагии худидораи маҳаллӣ потенсиали баландро соҳиб буд.
Тавре ки маълум аст, дар мамлакатамон муҳити нави сиёсӣ ба вуҷуд оварда шудааст. Сол то сол имконоти ҳизбҳои сиёсӣ барои намояндагӣ ва муҳофизати манфиатҳои электорат ва интихобкунандагон васеъ мегардад.
Барои ҳизб соли 2021 интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 24 октябр баргузор мегардад, рӯйдоди муҳими сиёсӣ ба шумор меравад.
Зимни омодагӣ ба интихобот ҳизбамон барномаи чорабиниҳоро дар заминаи иштирок дар интихобот таҳия намуд, ки аз 6 самт ва 44 банд иборат аст.
II. РЕБРЕНДИНГ ВА БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД
Тавре ки таҷриба нишон медиҳад, ҳар як ҳизби сиёсие, ки ба маъракаи интихоботӣ ворид мегардад, ғоя ва мақсадҳои барномавии худро бинобар тақозои замон такмил медиҳад. Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон ба таҷрибаи худ такя намуда, маъракаи интихоботро бо таҷдиди назар намудани ҳуҷҷатҳои мафкуравӣ ва барномавии худ, имиҷи нав, васила ва усулҳои нави тарғиботӣ оғоз намуд.
Бо мақсади ба вуҷуд овардани реклама ва имиҷи сиёсии нави ҳизб кор дар бобати ребрендинг ба амал оварда шуд. Гурӯҳи корӣ барои омӯзиши таҷрибаи хориҷӣ таъсис гардида, фаъолияти ҳизб таъмин гардида, муҳокимаҳо бо аъзо, пешво ва фаъолону шарикони ҳизб ба амал омаданд.
Гурӯҳи корӣ дар ҳайати сиёсатшиносон, ҳуқуқшиносон, коршиносон, депутатҳо, фаъолон ва собиқадорони ҳизб барои таҳияи барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон барои иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шуда буд.
Гурӯҳи корӣ панҷ маротиба лоиҳаи барномаи пешазинтихоботии номзадро муҳокима намуд.
III. ДАР БОРАИ ИШТИРОКИ ҲИЗБИ ХАЛҚӢ-ДЕМОКРАТИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН
Бо мақсади фаъолона иштирок намудани ҳизб дар интихобот ва босамар ташкил намудани кор нақшаи тақвими чорабиниҳои асосӣ таҳия гардид, ки аз 6 самт ва 35 банд иборат аст. Ҳайати штаби марказии интихоботии ҳизб, вазифа ва ваколатҳои он муайян карда шуда, намояндаи соҳибваколати ҳизб таъин карда шуд.
Аз он ҷумла, дар назди ташкилотҳои ҳизб 1 штаби интихоботии Марказӣ, 14 вилоятӣ ва 202 ноҳиявӣ ва шаҳрӣ таъсис ёфт.
Бинобар моддаи 63 Кодекси интихоботӣ 9 август ҳизб расман ба Комиссияи марказии интихоботӣ барои иштирок дар интихоботи президентӣ ариза дод. Тибқи қарори Комиссияи марказии интихоботӣ аз 14 августи соли 2021 зери №1095 Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон расман ба иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳ дода шуд.
Тибқи тартибе, ки Комиссияи марказии интихоботӣ муқаррар намудааст, 9925 варақи имзо бо назардошти 1,4% аз миқдори умумии интихобкунандагони ҷумҳурӣ супурда шуд.
Пас аз он кор дар бобати ҷамъ овардани имзои интихобкунандагоне, ки номзадро аз Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд ҷонибдорӣ мекунанд ва номзадии Мақсуда Азизовна Ворисоваро қариб 300 ҳазор интихобкунандагон дастгирӣ намуданд.
Дар анҷумани XII ҳизб, ки 6 сентябри соли 2021 баргузор гардид, Мақсуда Ворисова ба мақоми номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ гардид ва Барномаи номзад эълон карда шуд.
9 сентябри соли ҷорӣ тибқи талаби моддаи 64 Кодекси интихоботӣ Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон бо ариза барои ба қайд гирифтани Мақсуда Азизовна Ворисова ба сифати номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Комиссияи марказии интихоботӣ муроҷиат намуд ва 14 сентябри соли ҷорӣ номзаде, ки ҳизб пешбарӣ карда буд, расман сабти ном гардид.
Ҳизб рӯйхати 10760 нозирон ва намояндагони ваколатдорро тартиб дода, барои нозирон ва намояндагони ваколатдор бо иштироки 52 тренерҳои ҷумҳуриявӣ ва 340 минтақавӣ, ки дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ тайёр шудаанд, тренингҳои онлайн ва офлайнӣ гузаронид.
IV. СТРАТЕГИЯИ PR ВА МЕДИА БАРНОМА
Ба мақсади татбиқи самтҳои устувори мустаҳкам намудани мавқеи Ҳизби халқӣ-демократии Ёзбекистон дар фазои иттилоотӣ Медиа-барнома ва PR стратегияи Ҳизби халқӣ-демократии Ёзбекистон, ки аз 6 самт иборат мебошад, таҳия гардиданд.
Дар доираи ин стратегия корҳои зерин анҷом дода шуданд:
- бо мақсади навсозии системаи алоқа бо шаҳрвандон, як қатор хидматҳои интерактивӣ дар вебсайти ҳизб www.xdp.uz ва дар саҳифаҳои ҳизб дар шабакаҳои иҷтимоӣ (facebook.com, twitter) кушода шудаанд; имкониятҳои сайт васеъ гардонда шуданд;
- бо мақсади омӯзиши ақида ва арзёбии шаҳрвандон дар бораи фаъолияти парлумон ва ҳизбҳои сиёсӣ, сатҳи эътимоди онҳо ба ҳизбҳо, омӯхтани афкори ҷамъиятӣ, ҳизб дар зиёда аз 10 мавзӯъ назарсанҷиҳои сотсиологӣ гузаронд, андешаи аҳолӣ ва оммаи васеъро омӯхт;
- дар назди шӯроҳои марказӣ ва минтақавии ҳизб гурӯҳҳои корӣ оиди кор дар фазои иттилоотӣ таъсис дода шудаанд;
- дар бинои Шӯрои шаҳри Тошканд Маркази мултимедиявӣ таъсис дода шуд, ки бо навтарин технологияҳои муосири иттилоотӣ ва таҷҳизоти рақамӣ муҷаҳҳаз шудааст;
— гурӯҳи таблиғотӣ иборат аз зиёда аз 200 нафар таъсис дода шуд, ки кори таблиғотии ҳизбро дар маҳалҳо пеш мебарад ва дар васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳо омода мекунад, ки бо онҳо ҳар рӯзи сешанбе тренингҳои онлайн гузаронида шудаанд;
- гурӯҳи корӣ барои омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ ва ҷалби шарикони ботаҷриба барои ташкили корҳои тарғиботию таблиғотӣ дар асоси муосир таъсис дода шуд. Бо мақсади ташкили маъракаи пешазинтихоботии ҳизб бо истифода аз технологияҳои муосири интихоботӣ гурӯҳи корӣ фаъолияти зиёда аз 10 агентиҳои PR -и ватанӣ ва хориҷиро омӯхт;
- бо сиёсатшиносон, мутахассисони PR-менеҷмент, собиқадорони ҳизб оид ба ташкили маъракаи интихоботӣ баҳсҳо ташкил карда шуданд;
- барои гузаронидани маъракаи интихоботӣ дар саросари кишвар Гурӯҳи ихтиёриёни ҳизбӣ иборат аз тақрибан 5 ҳазор ихтиёриён ташкил карда шуд, ки барои онҳо 220 тренинги махсус бинобар низоми каскадӣ ташкил карда шуданд.
- хабардорсозии мунтазам, пурра ва саривақтии аҳолӣ оиди фаъолияти ҳизб ба воситаи васоити ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ, сайтҳои расмӣ, аз ҷумла тавассути ташкили конфронсҳои матбуотӣ ва миёнаравӣ ба роҳ монда шуд;
- зиёда аз 100 мизи мудаввар ба мавзӯъҳое нигаронида шудааст, ки ба баланд бардоштани фарҳанги электоралӣ ва фаъолнокии аҳолӣ, хусусан занон, ҷавонон ва маъюбон нигаронида шудаанд.
НАМОЯНДАИ БОЭЪТИМОД
Бино ба кӯмак ва дар маҳалҳо ба роҳ мондани тарғибот оиди баргузории маъракаи интихобот 15 нафар намояндаи боэътимоди номзад баргузида шуд. Онҳоро КМИ ба рӯйихат гирифта, гувоҳномаҳояшонро супурд. Дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ дар маҳаллаву корхонаву созмонҳо ва объектҳои истеҳсолӣ бо иштироки номзад ва намояндагони боэтимоди ӯ бо интихобкунандагон вохӯриҳо ташкил дода шуданд. Дар ин маврид номзад дар маркази вилоятҳо, намояндагони боэътимод бошанд, дар буриши маҳаллабаъй бо интихобкунандагон вохӯрӣ гузаронданд.
Ҳамин тариқ, номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Ҳизби халқӣ- демократии Ӯзбекистон М.Ворисова ва 15 нафар шахсони боэътимоди ӯ аз 20 сентябр то 13 октябри соли равон бо интихобкунандагон 250 вохӯрӣ баргузор карданд. Фаъолони ҳизб беш аз 400 аксия ташкил карданд. Дар онҳо беш аз қариб 370 000 интихобкунандагон иштирок доштанд.
Дар маъракаи пешазинтихоботӣ беш аз 1200 баромадҳои телевизионӣ, беш аз 1800 баромадҳои радиоӣ, дар беш аз 850 расонаҳои чопӣ, тақрибан 1500 вебсайтҳо ва беш аз 2500 шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳо омода карда шуданд.
Маъракаи интихобот идома дорад.
Фирдавс ШАРИПОВ,
муовини раиси Шӯрои марказии Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон.