ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ БОЯД ИШТИРОКДОРИ ФАЪОЛИ ҶАРАЁНҲОИ ДЕМОКРАТӢ БОШАНД

22 август Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо роҳбарони ҳизбҳои сиёсие, ки дар мамлакат амал мекунанд, мулоқот кард.

Дар мулоқот масъалаҳои баланд бардоштани нақш ва аҳамияти ҳизбҳо дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, тайёрӣ ба интихобот ба парлумони миллӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти намояндагӣ, ки моҳи декабри соли равон ба амал меояд ва дигар мушкилоти рӯзмарраи соҳаи мазкур муфассал муҳокима гардиданд. 
Тавре ки маълум аст, алҳол Ӯзбекистон дар давраи нави рушди худ қарор дорад, дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ислоҳоти амиқи демократӣ татбиқ мегарданд. Мувофиқи Стратегияи амалиёт, ки дар мамлакат амалӣ мешавад, дар ҷамъият ба қарор ёфтани равандҳои бисёрҳизбӣ, чандандешии сиёсӣ, ошкорбаёнӣ ва рӯшодгӯйӣ эътибори махсус дода мешавад. 
Ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ панҷ ҳизби сиёсӣ: Ҳизби демократии Ӯзбекистон «Миллий тикланиш», Ҳизби халқиву демократии Ӯзбекистон, Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонҳо – Ҳизби либераливу демократии Ӯзбекистон, Ҳизби сотсиал – демократии Ӯзбекистон «Адолат» ва Ҳизби экологии Ӯзбекистон амал мекунанд. Пойгоҳи мустаҳками қонунгузорӣ мавҷуд аст, ки барои татбиқ сохтани ғоя ва барномаҳои аҳзоби сиёсӣ, иштироки фаъоли онҳо дар интихобот дар пояи баробарҳуқуқӣ, ошкороӣ ва воқеият, ташаккул додани фраксияҳо ва гурӯҳҳои ҳизбӣ дар парлумон ва мақомоти маҳаллии намояндагӣ, умуман иштироки васеъ дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ шароитҳои заруриро таъмин мекунад. Кодекси интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки қабул шуд, дар ин самт имкониятҳои беш аз пеш васеъро пешниҳод менамояд.
Дар вохӯрӣ сарвари давлати мо таъкид кард: «Ҳама гуна ҳизби сиёсӣ вақте худро нирӯи сиёсӣ ҳисобида метавонад, ки ҳамқадами замон бошад ва ба талаботи қатъии давр мувофиқат карда тавонад». 
Интихобот ба Олий Маҷлис ва Шӯрои маҳаллии депутатҳои халқӣ ин ҳодисаи муҳимтарини сиёсӣ дар ҳаёти кишвар мебошад. Бешубҳа, онҳо мактаби бузурги сиёсӣ ҳам барои ҳизбҳо ва ҳам барои тамоми халқи мо хоҳанд шуд. 
Баргузор кардани интихобот дар пояи равандҳои бисёрҳизбӣ ва муқобилӣ, ошкороӣ ва кушодадилӣ мувофиқи меъёрҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи демократӣ аз бисёр ҷиҳат ба дараҷаи омодагии ҳизбҳо ба ҷараёни интихобот, иштироки фаъол ба он бо барномаҳои пешазинтихоботӣ, ки дар онҳо мақсадҳои амиқ андешидашуда ва стратегия инъикос ёфтаанд, вобаста мебошад.
Дар қонунгузории миллии интихоботӣ зикр шудааст, ки номзадҳоро ба депутатӣ танҳо ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ мекунанд. Ин ба онҳо ҳуқуқ ва имкониятҳои зиёд медиҳад, вале ҳамзамон ба дӯшашон масъулияти бузург мегузорад. 
Табиист, ки дар доираи тайёрӣ ба интихобот ҳар як ҳизби сиёсӣ барномаи пешазинтихоботӣ, роҳи сиёсии  худро кор карда мебарояд, бо ғояҳои нав баромад мекунад, шахсонеро ба номзадӣ пешбарӣ менамояд, ки дар ҷамъият соҳибэҳтиром ва соҳибобрӯ мебошанд. Хулоса, мубориза тезутунд хоҳад буд. 
Дар ҷараёни мулоқот махсусият ва аҳамияти интихоботи пешистода, ғоя ва мақсадҳое, ки ҳизбҳо дар ин ҷараёни масъул бо он баромад мекунанд, аз ҷумла, масъалаҳои баланд бардоштани фаъолнокии интихобкунандагон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, дар онҳо афзун сохтани сифатҳои пешоҳангӣ, пурзӯр намудани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ муфассал баррасӣ гардиданд. 
«Новобаста аз тааллуқ доштан ба ин ё он ҳизб тамоми шаҳрвандони моро мақсади ягона – бунёди ояндаи бузурги Ӯзбекистони азиз муттаҳид менамояд. Маҳз ҳамин ҳадаф ҳамаи моро барои ба Ватан садоқатмандона хидмат кардан даъват мекунад», – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Ба он чиз эътибори махсус дода шуд, ки дар ҷараёни интихобот барои чандандешии демократӣ муҳим аст, ки кушодадилии ба мардуми мо хос, маданияти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ зоҳир карда шавад. Зарурияти риояи бечунучаро ба меъёрҳои қонунгузории интихоботӣ ҳангоми баргузор намудани тарғиботи пешазинтихоботӣ бо истифода аз технологияҳои замонавии иттилоотӣ қайд гардид.
Дар вохӯрӣ фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ бо назардошти талаботи замон ва ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар мамлакат татбиқ мегарданд,  амиқ таҳлил шуданд, бинобар такмил додан ва баланд бардоштани самаранокии онҳо таклифҳои амалӣ пешниҳод гардиданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: