ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ – СУБЪЕКТҲОИ АСОСИИ ҶАРАЁНИ ИНТИХОБОТ

Нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар пешрафт ва мустаҳкамшавии демократияи кунунӣ бағоят баланд аст.

Аз як ҷониб ҳизбҳои сиёсӣ натиҷа ва зуҳуроти фаъолнокии ҷамъиятии аҳолии ин ё он кишвар бошанд, аз ҷониби дигар, маҳз аҳзоби сиёсӣ бинобар интихобот ба сари қудрат омада, метавонанд барномаи худро татбиқ намуда, ҳокимияти давлатиеро созмон диҳанд, ки дастгирии интихобкунандагонро барои онҳо таъмин мекунад. 
Таҷрибаи маъракаи интихоботии давлати ҳозиразамони демократӣ нишон медиҳад, ки интихобот ба мақомоти ҳокимияти намояндагӣ, ин интихоботест, ки бояд дар он ҳизбҳои сиёсӣ иштирок кунанд. Обрӯйи ҷамъиятии ҳар кадом ҳизб аз даврагии гузаронидани интихобот мушаххас карда мешавад, вобаста ба ин тартиби ташкил кардан ва гузаронидан бояд ба вазъияти рушдёбандаи иҷтимоиву сиёсии ҷомеа мувофиқат кунад. 
Низоми пешқадами интихоботӣ, ки дар Ӯзбекистон созмон дода шудааст, аз як тараф бисёр комёбиҳои мусбати таҷрибаи хориҷиро дар ин бобат таҷассум кунад, аз ҷониби дигар бо дарназардошти ҳифз кардан ва инкишоф ба таҷрибаву анъанаҳои беҳтарини худӣ такя мекунад, ки сазовори баҳои бағоят баланди бисёр коршиносони хориҷӣ гардидааст. 
Алҳол дар Ӯзбекистон модели худии низоми интихобот ташаккул ёфтааст, ки ба бисёрҳизбӣ такя менамояд. Низоми интихоботи Ӯзбекистон  меъёрҳои байналхалқӣ, таҷрибаи пешқадами давлатҳои демократӣ, ҳамчунин анъана ва ҳуввияти мардуми Ӯзбекистонро дар худ таҷассум менамояд. Ҳамин тариқ, шарти зарурии демократияи системаи интихоботӣ механизмҳоест, ки имкон медиҳад, ки манфиатҳои гуногунранги иҷтимоӣ ҳарчи бештар муайян ва ба назар гирифта шаванд, ки таносуби неруҳои иҷтимоиро воқеъбинона инъикос менамоянд. 
Ба ин маънӣ Кодекси интихоботӣ таҷассуми воқеии саъю кӯшишҳои Ӯзбекистон бинобар куллан амал кардан ба равандҳои асосии интихоботи демократӣ гардид, ки дар ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ сабт ёфтаанд. Қонунгузории интихоботии Ӯзбекистон татбиқсозии Ҳуҷҷати копенгагении САҲА-ро аз соли 1990 таъмин менамояд, ки дар он аз ҷумла омадааст, ки кишварҳои узви САҲА бояд «арҷгузорӣ ба ҳуқуқи шаҳрвандон бобати муваффақ шудан ба мансаби сиёсӣ ё худ ҷамъиятӣ, дар тартиби шахсӣ ё ба сифати намояндагони ҳизбу созмонҳои сиёсӣ  бидуни зӯроварӣ эҳтиром кунанд».
Дар интихоботи пешистодаи Ӯзбекистон, ки 27 октябр баргузор хоҳад шуд, панҷ ҳизби сиёсии мамлакат: Ҳизби халқиву демократии Ӯзбекистон, Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат», Ҳизби демократии «Миллий тикланиш», Ҳизби либераливу демократӣ ва Ҳизби экологии Ӯзбекистон иштирок мекунанд. Гуногунрангии сиёсӣ ва иҷтимоии аҳолии Ӯзбекистон ҳоли ҳозир аз тариқи маҳз ин ҳизбҳои сиёсӣ падидор мешаванд.
18 декабри соли 2023 ба Кодекси интихоботӣ тағйирот ва иловаҳое ворид карда шуданд, ки шакл ва ҷиҳати низоми интихоботии моро куллан тағйир доданд. Дар ҳуҷҷати мазкур тартиби нави баргузор кардани интихобот ба Палатаи қонунгузорӣ дар пойгоҳи омехта, яъне низоми интихоботи мажоритариву пропорсионалӣ мустаҳкам карда шудааст. 
Ҳоло дар ҷараёни интихобот ба палатаи поёнии парлумон 75 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ таъсис дода мешавад, ки аз ҳар кадоми онҳо як вакил бо истифода аз системаи мажоритарӣ (овоздиҳӣ ба тарафдории номзадҳои мушаххас) интихоб карда мешавад, инчунин ҳавзаи ягона таъсис меёбад, ки дар он овоздиҳӣ аз рӯи рӯйхати ҳизбӣ (барои ин ё он хизб) гузаронида шуда, 75 курсии депутатӣ мутаносибан ба шумораи овозҳои ба тарафдории ҳизби сиёсӣ додашуда тақсим карда мешавад. 
Бояд таъкид намуд, ки мувофиқи шакли омехтаи низоми интихоботӣ палатаи поёнии Олий Маҷлис нисф дар асоси низоми мажоритарӣ ташаккул дода мешавад, дар интихоботи ҳавза номзаде ғолиб меояд, ки аксари овозҳоро ба даст овардааст, нисфи дигар аз тариқи нав, яъне дар асоси низоми пропорсионалӣ, ҳангоме ки нисфи ҷойҳоро дар палата номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи ҳиссаи овозҳое, ки интихобкунандагон барои он додаанд, ба даст меоваранд. 
Номзаде, ки дар овоздиҳӣ нисбати номзади дигар қисми зиёди овози интихобкунандагони дар ҳавзаи интихоботии якмандата иштироккардаро соҳиб шудааст, бинобар низоми мажоритарӣ интихобшуда ҳисобида мешавад. Номзаде, ки дар рӯйхати ҳизб дохил шудааст, аз низоми пропорсионалӣ интихобшуда маҳсуб меёбад. Дар ин маврид тақсимоти мандатҳо байни депутатҳо мувофиқи давомияти номзадҳо ба депутатӣ, ки ба рӯйхати ҳизб дохил шудаанд, татбиқ карда мешавад. 
Мувофиқи Кодекси интихоботӣ минбаъд миқдори занон бояд на камтар аз 40 фоизи миқдори умумии номзадҳоро ба депутатӣ ташкил диҳад, ки аз ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ шудаанд, ҳамчунин ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд аъзои ҳизби худ ё ғайриҳизбиёнро номзад пешбарӣ намоянд. 
Ба тарзи дигар гӯем, ҳама гуна шаҳрванд, аз ҷумла ғайриҳизбӣ низ метавонад номзад ба депутатӣ гардад, ҳуқуқи ӯ барои муваффақ шудан ба вазифаҳои сиёсӣ ё худ давлатӣ ба сифати шахсият куллан таъмин карда мешавад. 
Бидуни шубҳа интихоботи пешистода барои тамоми иштирокдорони ҷараёни интихобот имтиҳони камолот мегардад ва ба гузиниши ҳайати тахассусноки депутатӣ, ки дар даврони татбиқсозии дигаргуниҳои демократӣ заруранд, мусоидат мекунад. 
Баробари ин интихоботи пешистода дар мавриди дар мамлакат татбиқшавии Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030», пешниҳоди ғоя ва таклифҳои нав, ки ба демократикунонии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ нигаронида шудаанд, баргузор мегардад. 
Аз ин нуқтаи назар ҳизбҳои сиёсӣ бояд муносибати худро ба ҳаллу фасли мушкилоти муҳими ҷомеа таҷдиди назар кунанд, шакл ва усулҳои кор бо аҳолӣ ва интихобкунандагонро нав намоянд. Ҳамаи ин дар ниҳояти кор имкон медиҳанд фаъолияти парлумон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти намояндагӣ ба сифати муҳаррики ислоҳоти демократӣ пурзӯр карда шавад. Зеро дигаргуниҳои демократӣ дар Ӯзбекистон ба манфиати инсон татбиқ мегарданд: ҳамаи онҳо аз мавқеи таъмин сохтани амнияти ҷомеа, баланд бардоштани некуҳолии иқтисодӣ ва сатҳи ҳаёти аҳолӣ ҳаллу фасл мешаванд. 
Татбиқсозии меъёрҳои нави қонунгузории интихоботӣ ба беш аз пеш пурра татбиқ намудани раванди интихоби озод, демократикунонии минбаъдаи  низоми интихоботи мамлакат мусоидат намуда, самаранокии  фароҳам овардани шароити баробари номзадҳо ба депутатӣ ва ҳизбҳои сиёсиро дар интихоботи пешистода таъмин менамояд. 

Амонмулло МУҲАММАДҶОНОВ, профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: