ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ ВА НИЗОМИ ОМЕХТАИ ИНТИХОБОТ

Динамикаи дигаргунсозиҳои пайваста ва зина ба зинаи демократӣ, ки дар Ӯзбекистон ба амал меоянд, баланд шудани сатҳи маданияти ҳуқуқӣ ва сиёсии аҳолӣ, камолоти ниҳодҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, пурзӯр шудани нақши ҳизбҳои сиёсӣ либерализатсия ва такмили минбаъдаи қонунгузории интихоботии кишварро тақозо мекунад.

Таҳлили асосҳои конститутсионӣ ва қонунгузории низоми интихобот нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон андозаҳои байналмилалиро ба низоми ҳуқуқии худ пайваста ҷорӣ менамояд ва эътироф месозад, ки риоя намудан ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушд ва такмил додани институтҳои демократии хоҳишу иродаи мардум, қоидаҳои татбиқи онҳо мувофиқи тамоюл ва меёрҳои умумэътирофшуди ҳуқуқи байналмилалӣ дар асоси Конститутсияи миллӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ мақсад ва уҳдадориҳои давлат, яке аз шартҳои ҷудоинопазири суботи иҷтимоӣ ва таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ байни давлатҳо ба ҳисоб меравад. 
Қонугузории амалкунандаи Ӯзбекистон дар бораи интихобот хусусиятҳои ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи Ӯзбекистон, анъанаҳои онро инъикос намуда, ба ҳамаи шаҳрвандон ва ҳизбҳои сиёсӣ барои иштирок дар идоракунии давлат ва ҷомеа имконияти васеъ фароҳам меорад.
Дар натиҷа дар солҳои охир нақши интихобот, инчунин таъсири ҳизбҳои сиёсӣ ба сифат ва самаранокии қарорҳои қабулкардаи парлумон ба таври назаррас афзоиш ёфт. Дар Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолияти фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ торафт пурзӯр мешавад. Муборизаи байни фраксияҳо вусъат меёбад, ки ин дар баланд шудани нуфузи ҳизбҳои сиёсӣ ва сифати ҳуҷҷатҳои қонунгузории қабулшуда намоён мешавад, ки дар айни ҳол иштироки манфиатдор ва фаъоли ҳизбҳои амалкунандаи сиёсиро дар интихобот таъмин менамояд. Ба сифати институти мустақили ҷамъияти шаҳрвандӣ ҳизбҳо даъват шудаанд, ки дар ташкил ва татбиқи ҳокимияти давлатӣ нақши назаррас бозанд. Таҷрибаи ҷаҳонии рушди низоми намояндагӣ аз он далолат медиҳад, ки бидуни иштироки ҳизбҳои сиёсӣ фаъолияти парлумон ғайриимкон аст, зеро онҳо манфиату иродаи халқро ифода мекунанд.
Ташкил ва инкишофи ҳизбҳои сиёсӣ ва низоми дахлдори интихоботӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон дар шароити низоми маҷоритарии интихоботӣ ба амал омад. Баробари мустаҳкам шудани ҳизбҳо ва инкишофи дуру дарози бисёрҳизбӣ низоми муносиб ва  айни ҳол омехтаи интихоботӣ пайдо мешавад. Зеро, низоми омехтаи интихоботӣ ба пурзӯр гардидани фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иштироки бевоситаи онҳо дар ташаккули парлумон, қабули қонунҳо ва қарорҳои дорои аҳамияти давлатӣ мусоидат менамояд. 
Ба хонандагон тавзеҳ додани хусусиятҳои фарқкунандаи низоми интихоботиро бамаврид мешуморем. 
Ҳамин тариқ, низоми омехта системаҳои мутаносиб ва маҷоритариро дар бар мегирад. Як қисми мандатҳо аз рӯйи системаи мутаносиб, дигараш аз рӯйи системаи маҷоритарӣ тақсим карда мешаванд. 
Низоми маҷоритарӣ  усули муайяни натиҷаҳои овоздиҳӣ мебошад, ки дар он барои гирифтани мандат аксарияти овозҳои қонунӣ зарур аст. Илова бар ин ду намуд вуҷуд дорад: аксарияти нисбӣ ва аксарияти мутлақ.
Низоми маҷоритарии аксарияти нисбӣ пешбинӣ менамояд, номзадҳое, ки дар алоҳидагӣ аз ҳар рақибаш бештар овоз гиифтааст, интихобшуда ҳисобида мешавад. 
Низоми маҷоритарии аксарияти мутлақ: номзад бояд барои интихоб шуданаш аксарияти мутлақи овозҳои дар ҳавзаи интихоботӣ дода шударо (50 фоиз +1 овоз) гирад. Бартарии ин низом сода будани муайян кардани ғолиб, камбудӣ — паст будани намояндагии овозҳо мебошад. 
Низоми таносуби интихоботӣ усули муайян кардани натиҷаҳои овоздиҳӣ мебошад, ки ба принсипи тақсими курсиҳо мутаносибан ба шумораи овозҳои гирифтаи ҳар як ҳизб асос ёфтааст. 
Дар чунин низом ҳавзаҳои калон ташкил карда мешаванд, ки аз ҳар кадоми онҳо якчанд депутат интихоб карда мешавад. Аксар вақт тамоми мамлакат ба ҳавзаи интихоботӣ табдил меёбад. Интихобот танҳо дар асоси ҳизбӣ баргузор мешавад: овоздиҳӣ аз рӯйи рӯйхатҳои ҳизбӣ сурат мегирад, аҳолӣ на ба тарафдории номзадҳои мушаххас, балки ба ҳизбҳои сиёсӣ овоз медиҳад. 
Дар бораи ҷуғрофияи паҳншавии низоми омехтаи интихоботӣ дар ҷаҳон сухан ронда, метавон қайд кард, ки Арманистон, Хорватия, Гурҷистон, Венгрия ва Литва  аз низоми омехта истифода мебаранд. Дар Америкаи Лотинӣ, Боливия ва Венесуэла низоми омехта қабул шудааст. Ба ғайр аз демократияи нав дар чунин тартиботи демократӣ ба мисли Италия, Ҷопон ва Зеландияи нав низомҳои интихоботӣ ба нафъи низоми омехта иваз карда мешавад. Олмон яке аз аввалинҳо шуда соли 1953 низоми омехтаи интихоботиро ҷорӣ карда буд. 
Ба туфайли имконияти пайвастани хусусияти ҳизбии интихобот бо нигоҳ доштани тамоюли намояндагии индивидуалӣ низоми омехтаи интихобот иродаи интихобкунундагонро пурратар инъикос мекунад. Дар ҷаҳон таносуби барои мамлакат зарурӣ дар байни системаҳои ҳизбию интихобӣ тахминӣ ҳисоб карда, ба вуҷуд оварда мешавад. 
Дар Ӯзбекистон низ ҷустуҷӯйи оптималии моделӣ ҳамоҳанги интихобот ва иштирок дар он идома дорад. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мулоқот бо депутатҳо 6 марти соли 2023 гузаштан ба интихоботи омехтаро барои балад бардоштани нақши ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳод кард. Дар таҳрири нави Конститутсия (моддаи 92 боби XVIII), ки ба Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида шудааст, бевосита дар бораи  Палатаи қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон сухан меравад,  гарчанде низоми интихоботӣ махсус муайян карда нашудааст. Дар ин меъёр истиноди «мувофиқи қонун», яъне ба Кодекси интихобот мавҷуд аст. Мувофиқи моддаи 67-уми Конститутсияи Ӯзбекистон Палатаи қонунгузорӣ аз 150 вакил иборат аст, ки ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд; 75 нафар аз рӯйи ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ, ҳафтоду панҷ дар асоси  рӯйхати ҳизбӣ мутаносиб ба шумораи овозҳое, ки ба тарфдории ҳизби сиёсӣ дар як ҳавзаи интихоботӣ дода шудаанд. Ин системаи омехтаи интихоботиро дар назар дорад, ки дар он нисфи курсиҳо дар парлумон аз рӯйи системаи нисбии аксарият бо як ғолиб ва нисфи дигар мувофиқи низоми мутаносиби рӯйхати ҳизбӣ тақсим карда мешавад. 
Маълум аст, ки мақсад аз низоми омехта муттаҳид кардани афзалиятҳои низоми интихоботӣ ва дар сурати имконпазир бартараф намудани камбудиҳои онҳо мебошад. Аз рӯйи системаи таносуби интихоботӣ як қатор бартариҳоро ба ҳавасмандгардонии рушд ва фаъолшавии ҳизбҳои сиёсӣ дар рақобати байниҳизбӣ дар маъракаи интихоботӣ медиҳем, ки яке аз институтҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро дар кишварҳое, ки анъанаҳои демократӣ муқаррар шудаанд, намояндагӣ мекунанд. 
Дар Ӯзбекистон 5 ҳизби сиёсӣ расман сабти ном шудаанд: Ҳизби халқӣ- демократии Ӯзбекистон, Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат», Ҳизби демократии «Миллий тикланиш», Ҳизби либерал-демократӣ ва Ҳизби экологии Ӯзбекистон. Таҷрибаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад, ки интихоботи омехта дар вазъияти рақобати қатъӣ байни ҳизбҳои сиёсӣ баргузор мегардад. Рафти муборизаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳо ба он мусоидат мекунад, ки интихобкунандагон ба барномаи пешазинтихоботии ҳизбҳо, ки ба ҳалли мушкилоти дақиқи минбаъдаи ислоҳоти ҷамъиятию сиёсии демократӣ нигаронда шудаанд, инчунин қобилияти иштироки фаъолонаи номзадҳо дар татбиқи нақшаҳои онҳо афзалият медиҳанд.

Омонулла МУҲАММАДҶОНОВ,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: