ҲОФИЗИ БЕДИПЛОМ, ВАЛЕ СОҲИБЭҲТИРОМ

Бобои Худойбердӣ дастҳоро дар пушт қулфу калид карда, бо қадамҳои реза вориди хона шуд.

Даромаду бо қадамаш низ бӯйи хуше меҳмон гашт. Яқин аз кадом як атри бебаҳо кор бурдааст. Дар тан ҷелаки қаҳваранг, дар сар тоқии чустии зебо гузоштааст.
Олуфта буд мӯйсафед! 
Мо, ки дар атрофи хони пурнеъмат менишастем, зуд ба эҳтиромаш барпой шудем. Вақте бо ҳар кас вохӯрдаву оҳиста аз як лаби хон ҷой гирифт, чун таомул даст ба дуо кушод ва аз Худои кулли ҳол ободии манзилу макон, сиҳат-саломатии аҳли муъминонро... хоста, дубора бо мо гарм ҳолпурсӣ намуд. Исфандиёр, писари шоир Ҳамроз, ки чун асои пир... дар хидмат буда, ҳанӯз рост меистод, амонатеро дар эҳтиёт ба дасти мӯйсафед супурд. Чашмони камбини пирамард дурахшида, аз дасти ҷавон ҳамон аниси худро гирифт ва аз болои ҷилди шабрангаш нигоҳи меҳрборе давонда, аз бари худ ҷой дод. 
– Ин думбура, – гуфт ҳамчунон нигоҳаш огандаи муҳаббат аз шигифтии мо маънӣ бардошта бобои Худойбердӣ Фаттоев. 
– Гӯё мисли мерганҳо милтиқ бардоштаед, ҳамсоя,  – дар ханда гуфт шоир Ҳамроз. – Аҷаб андешаи касро чапғалат медиҳад.
Вақте як лаҳза дар лаби ёрон хандаву табассум шукуфт, соҳибхона пиёлаи чойро ба ҷониби меҳмон дароз кард. Вай зарфи хушгулро муддате дар кафи дастон нигаҳ дошта, мамнун ҷуръае нӯшид, ниҳоят нафас рост карду гулӯ нарм сохт. Сипас ба риши барфсон сафедаш, ки шаршаравор ба рӯйи синааш мефаромад, панҷа зада аз нав раҳо намуд, дар тааннӣ даҳонбанди ҷилдро кушода, думбураи ифтихории худро аз «асорат» халос кард. 
– Аммо ин «туфанг»-и ман кони фоида асту безиён, – шодон абрӯ боло кашид ӯ. – Ҳамин ки ба забон омад, ба ҷонҳо ором мебахшад, рӯҳи кӯфтаро ба ифоқа меорад. Ба як ҳисоб, умре шифогари равони инсонҳо буд, садҳо маъракаро обод, ба рӯзҳои шодии мардуми музофот хидмат гузоридааст, ғолибан ба нишоти ҷумла пиру барно афзудааст, – гуфт дар таърифи он сози меросиаш.
Мӯйсафед ба думбураи худ дасти навозиш гузошта, бо дастрӯмол ҳар ҷояшро, ки лозим донист, пок кард. Баъд он асбоби дастисохти куҳан ва рангаш паридаи назарногирро тифлвор дар оғӯш ҷой дод. Ду гӯши дуторро чун омӯзгорони сахтгиру дар айни ҳол дилсӯз маҳин тоб додаву садои гурехтаи торҳоро ба эътидол овард, ниҳоят  онҳо ҳамоҳанг шуданд. Вақте ин корро иҷро мекард, ду чашми мӯйсафед беихтиёр пӯшида шуданд, ҳамзамон тамоми тору пуди вуҷудаш ба оҳанги торҳо рафтанд. Чун садо ҷӯр шуд, дидагони мӯйсафед низ масрур кушода гаштанд. Нигоҳи қаноатмандаш як дам ба болорҳои хона шитофта, аз он фароз шоридаву ба рӯйи мо қарор гирифт. Чун вазъро табъи дил ёфт ва итминон ҳосил намуд, ки ҳунари ӯро гӯши шунавое ҳаст, ангуштони дарозу камгӯшташро мутаносиб ба ҳаракат водор сохт. Шинухези муназзами онҳо худ дар танҳоӣ санъати волое буданд. Ангуштони пирамард рӯйи ду тори он асбоби мусиқӣ маҳин мелағжиданд, ангор мерақсиданд. Филфавр аз дили холии асбоби қадимасохт садои дилнишине хеста, ба гӯшҳо форам нишаст. Пирамард даме лаб газидаву гоҳе абрӯ боло кашида... чанд оҳанги марғуб навохтаву дар ҳисси қаноатмандӣ он рафиқи шафиқи худро рӯйи зонувон гузошт. 
– Шоир, кадоме аз меҳмонон мухбир, – пурсид дар тамкин ӯ ва нигоҳи таҳқиқ ба рӯйи мо овард.
Ҳамроз (омӯзгори маҳаллӣ Рӯзиқул Тошев) ба зонуи ман даст гузошта: 
–Ана ҳамин кас, – гуфт дар посух ва тоқии худро каҷ монда, ба ду лӯлаболишти бараш такя кард. – Омадаанд, ки дар ҳаққи аҳли ҳунари Оқсу мақола нависанд. 
– Шумо дар бораи ман китоб менависед?
– Лозим бошад, чаро не? – даст пеши бар посух додам ман.
Қомати пиронаи бобо каме ба ҷониби ман хамид. Дар ҳолати аҷибе сар то поямро аз заррабини нигоҳ гузаронд. Ҳис кардам, ки дар паси ин нигоҳҳои окандаи завқ як олам маънӣ пинҳон буданд. Аммо шодии ин пири зиндадил хурсандии тифлони маъсумро ба ёд овард, ки агар ягон туҳфаи бебаҳо гиранд, зуд дунёашон чароғон мешавад. 
– Ай Худои меҳрубон, ай Худои ломакон..! Ҳоло ин мӯйсафеди ҳаштоду ҳафтсоларо машҳури ҷаҳон мекунам гӯед, – фарох ханда зад вай ва ҳамон дам дандонҳои камшумораш низ шодон «хандиданд». Филҳол ба гунаҳои пурожангаш сурхӣ давид, вай ин манзараро бо кафи даст пинҳон кард.
Бобои Худойбердӣ баъд аз он ки зиндагиномаи худро дар тартиби хосе гуфт ва ман гоҳе суол додаву ӯро ба ифшои ҷузъиёти ҳаёташ водор месохтам, ниҳоят нафаси амиқе кашида, бо дастрӯймол арақи рӯю ҷабинашро пок кард. Зиндагии пур аз шебу фарози ӯ басо ибратбахш ва дилангез буд.
Маълум гардад, ки Худойбердӣ Фаттоев 8-уми майи соли 1937 дар деҳаи Оқсуи ноҳияи Олтинсойи вилояти Сурхондарё дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1954 мактаби рақами 5-уми ноҳияи Бойсунро хатм кард. Ҳарчанд ҳамсинфони ӯ аз барои идомаи таҳсил ба шаҳрҳои азиме чун Душанбе, Самарқанд, Бухоро, Тошканд... рафта, ҳаёти минбаъди худро ба талотуми он ҷойҳо пайвастанд, Худойбердии аълохон алорағми хоҳиши худ домани зодгоҳро раҳо накард. Масалан, ҳамсинфи ӯ Пиримқул Сатторӣ ба Душанбе рафтаву дар риштаи адабиёт ва забон таҳсил гирифт, тавфиқ ёфт, шоир шуд ва як умр дар рӯзномаҳои водии Вахши кишвари ҳамсоя кор карда, ниҳоят дар гашти умр қурбони дасисаҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳалок гардид... 
– Инсони шарифе буд Пиримқул, – ғамгин дӯсти мактабии худро ба ёд меорад ӯ. – Миёни хушку тар ҳаёти ӯро низ сӯхтанд!
Вақте сухан аз сари чандин мавзӯъ убур карда, боз ба зиндагиномаи бобои Фаттоев қарор ёфт, фаҳмидам, ки... 
Худойбердӣ орзуи идомаи таҳсилро дар мактаби олӣ дар қаъри дил гӯр карда, ногузир дар хоҷагиҳои ҷамоавии «Янгитурмуш», «Оқолтин» ба кори колхоз гузаштааст. Шароити оила ҳаминро тақозо мекард – қиблагоҳи дасттанҳояш, ки низ колхозчӣ буд, дар таъмини молии оила дармемонд. Худойбердии ҷавон машғули деҳқонӣ шуда, дар вақти фориғ аз меҳнат ба касби мерос аз бобои худ – навозандагиву ҳофизӣ сари кор гирифт. Ҳунари волои ӯ зуд дар қаламрав шуҳрат ёфт. Мардум барои баргузории рӯзҳои шодии ҷигарбандонашон Худойбердиро даъват мекарданд ва ӯ бо думбураи меросии худ ҳозир мегашт. Ҳатто аксари калоншавандагони ноҳия низ дар гаштакҳои хосаи худ ӯро бурда, аз садои ширадораш баҳраманд ва хеле мафтун мешуданд. Вай ҳунарманде буд худрӯй! Монои арчаҳои сарсабзу бисёрумри кӯҳистон оҳиста мақом меёфт. Бо дутораш, ки аз бобои ҳунармандаш Тӯпалбой мерос гирифта буд, якзайл хидмат кардаву ба дилҳо шодӣ ато мекард. 
– Нағмаи ҳамин дутор ва ҳунари волои ман буд, ки Қурбоной ном духтар аз Деҳиболои ҳамсоя ошиқи шайдои ман гашт. Вай, паршикаста, бар рағми бародарони диндор ва падари ниҳоят ориятмандаш, ки мехостанд ҷигари худро ҷабран ба ҷавони давлатманде диҳанд, бебокона садо баланд намудаву мани камбизоатро чун шавҳар пазируфт. Ва мо дар зиндагӣ хеле хушбахт будем ва соҳиби дувоздаҳ фарзанд гаштем. Як умр аз ҳамин думбураи меросӣ сипосгузорам, – аз ёди он лаҳзаҳои бебозгашт шод шудаву боз ба ғам андар шуд ӯ. 
Ҳоло кампири дар меҳру муҳаббат ягона ва манбаи илҳоми ӯ ба ҷавори Ҳақ пайваста! Аз рӯзе, ки модари фарзандонашро аз даст дод, ҳаловате дар зиндагии пирамард низ намонд. 
– Тани танҳо зистан басо мушкил будааст, мухбирҷон, хоса ба номаш мард, – мегӯяд ӯ дидагонаш нам гирифта ва дастаи думбураро сахт фишурда, онро аз нав ба наво меорад. Ангуштони печони мӯйсафед дубора дар рӯйи торҳо ба арғушт меоянд. Нолаи ҳазини он сози қадима, ки аз зери панҷаҳои наҳифи мӯйсафед пар мекушояд, аз нав ҳарими хонаро пур мекунад. Ин оҳанг бо дили дардошнои ҳофиз ҷӯр гашта, аз қаъри ғамободи замири ӯ андӯҳеро берун мерезад.
Бар дили мо гар намеоӣ, ба чашми мо биё.
Аз муҳит андеша дорӣ, бар лаби дарё биё...
Садои марғуладор ва айни замон ба яъс андари мӯйсафед ҷонҳоро ба таҳрик водор карда, муддате аҳли нишастро ба андеша мебарад. Аз паси ин навои ҳузнбор мусиқии шӯхе берун меояд, ки ҳамқадами як суруди  дилошӯб низ буд. Он оҳанги шанг бо матни волои мардумӣ дастобадаст аз хона бадар рафтаву ба кӯҳсорони атроф мепечанд, ба дарёи Оқсу, ки чандин қадам аз мо бо талотум ҷорист, ҳамоҳанг гашта сурури зиндагиро парафшон месозанд.
Ман мафтуни созу навои мӯйсафед мегардам. 
– Афсӯс, ки аз дасти ҳукумат як пора коғази бамӯҳр дарёб накарда будаам (манзураш диплом аст), – мегӯяд бобои Хубойбердӣ ва ба сари синааш ангушт гузошта меафзояд: – Як бари камзӯли бобои Фаттоеватон пур аз медал мегашт! Телевизору радио сурудҳои маро мешунавониданд.
Дардолуда механдад вай. 
– Ҳунари хубе доштаед, – мегӯям ман ба таърифаш. 
– Ҳофизӣ яке аз ҳунарҳои банда, боз сабадбоф ҳам ҳастам, таъмири пойафзорро низ хуб баладам, ба аспҳо лаҷому даҳана, зину афзор  месозам. Дувоздаҳ нафар фарзандро хӯрондану пӯшондан ва калон кардаву бахонаву ҷой намудан осон аст магар. Эҳа, миёни филро мешиканад! – мегӯяд ӯ ва чойи ширгарми пиёларо дар як нафас менӯшад. Аз тақсимча қанди коғазпечеро гирифтаву кушодан мехоҳад, аммо ба чӣ андешае дубора ба ҷояш мегузорад. Шояд дандонҳои камшумору беқувваташ ба ёдаш расиданд! Аммо аз рӯйи дасторхони мамлуи ғизо интихобан як пичиниро гирифта, ба шираи даҳон мулоим карда, бешитоб мехӯрад...   
Ман як лаҳза такопӯи ин пирамарди саропо ҳунарро дар зеҳни худ мечархонам ва хаёлан ба ӯву зиндагии ибратбахшаш дасти таслим мебардорам. Аммо аз ёди як ҳақиқати кулл ноаён оҳе мекашам ва қалбам ба дард меояд...
Дунё аз рӯзи аласт чунин сохта шуда: инсон – махлуқи бебоку беқарор аз барои нишоти фарзандон худро ба обу оташ мезанад, аз худ мекоҳад, то ҷигарбандонаш сари ҳол бошанд. Вай ногузир  айёми ҷавонии худро дар шебу фарози зиндагӣ гум карда, ниҳоят омодаи сафар мешавад. Медонад, ки ин сафари ӯ роҳи бозгашт надорад! Ва чун офтоби сари қуллаҳо мил-мил ба қафои худ менигарад... 
Умедвор менигарад!
Аз қазо қаҳрамони мо низ офтоби сари кӯҳро мемонад, ки фардояш ногузир ба ғуруб тавъам аст! Мардуми мо  ба қадри Хубойбердӣ Фаттоев барин инсонҳои соҳибзавқ, ҳофизони бедиплом, вале хушсадою хушадо мерасад.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: