– Эҳ, замоная гардам. Садқаи номи баланди роҳбарони ин замон шавам.
– Эҳ, замоная гардам. Садқаи номи баланди роҳбарони ин замон шавам.
Болои устали чармини сиёҳашон, ки нишастанд, кӣ буданашонро ҳам фаромӯш мекунанд, хонахамирҳо..., – тоқии сарашро алвонҷ дода ба рухсори арақшораш шамол мерасонд Саттори Самеъ.
Ӯ роҳҳои пурпечутоби зиндагиро гашта, пойҳоро аз зарби сангшолу хоктӯдааш обила сохта, зина ба зина дар мактаби зиндагӣ хонда, ба гуфти ҳамсоягонаш одам шуда, сонӣ ба курсии мансаб нишастааст. Барои ҳамин, ҳар суханаш мағзу маза дорад. Чӣ гуфтанашро медонад, одамро мешиносад, дарди оламро ҳис мекунад.
– Акнун ба гапи ин роҳбари навбаромад на хандида метавонеду на гириста. Хандиданӣ шавед, даҳон калон кушода мешаваду ҷойи холии дандони ақл намудор мегардад. Гиристанӣ шавед, ҳоло рӯймолчаро аз киса набароварда, ба ҳолатон механданд. Механданд, ки мардак ҳам гиря мекардааст-дия. Айби замон не. Муйинбобои навадсола дуруст мегуфт, ки айби замон не, худи одамҳо ганда шудагӣ. Одамҳоя баъзе роҳбарҳои худдонами камсавод ганда кардагӣ, – тоқиро ба сар гузошта, даст ба зону зада, худ ба худ оташинона изҳор дошт Саттори Самеъ.
Ба айбе хандидан, даҳони ғайбат кушодан дар асл ба хулқу атвори Саттори Самеъ бегона аст. Вале ҳоло ӯро чун собиқадори меҳнат, касе, ки рангҳои сиёҳу сафеди зиндагиро фарқ карда метавонад, ба маҷлис даъват намудаанд. То ба ин идора омадан гумон мекард, ки аз вай ҳам барои салоҳи кор ягон чиз мепурсанд. Равед, ки аз таҷрибааш истифода мебаранд. Охир, одам дар ин айёми сериву пурӣ ҳатто ба тӯй ҳам танҳо барои хӯрдан намеравад...
Бо Саттори Самеъ дар тӯйи як шиноси деринааш чунин воқеа рух дода буд. Раиси давра хандону печон назди ӯ омаду тамаллуқкорона пурсид:
– Саттор Самеевич, ҳамин домоду келинро як табрик мекардед? Ё фурсат надоред? Табрик мекунед?...
– Ҳой, маҳмаддоно, ман ин ҷо барои шунидани бидир-бидири тую харовозии артистонат наомадем. Ҳар ду гӯшамро ба девори қиёмат наздик кардед. Хӯрдану нӯшидан дар хона ҳам ҳаст. Мақсадам табрик карда, аз ин ғалоғулаи дилбеҳузуркунанда дур шудан, фаҳмидӣ?! – ба шӯр омад Саттори Самеъ.
Вақте ин гапҳоро мегуфт, ду шоҳраги гарданаш берун ҷаста буданд. Аз асаб бари рухсораш мепарид.
Охир, солҳои дароз як корхонаи калони истеҳсолиро роҳбарӣ кунаду қадраш ҳамин қадар бошад, сахт алам мекардааст. Ё мардум ҳама роҳбарро як хел: дарди нафсу шикам медонад, ё...
Раиси давра аз ваҷоҳати Саттори Самеъ сахт тарсид магар, ки тозон назди санъаткорон рафта, онҳоро аз авҷу пардаи баланд якбора ба замин фаровард. Яъне, ҳофиз ба гапи баранда, ки надаромад, чароғи дастгоҳи овоздиҳиро якбора кушт. Акнун на овози овозхони тӯйгард мебаромаду на садои фонограммаи ӯ.
Саттори Самеъ аз он хиҷолат мекашид, ки барандаи бечора аз тарс дами аҳли санъатро ба дарун зад. Иллати беҳунарии онҳоро ошкор сохт.
Рост-дия, ҳоло соҳиби маърака ҳам ба ҷойи даҳ нафар як каси барояш наздиктарро мегӯяд, ки аз вай ягон табрики бамаънӣ, равед, ки ягон тӯёнаи дурусттар рӯёнад. Саттори Самеъ – ин пири пуртаҷриба ҳақ дорад, ки рӯйи саҳна омада, ба ҷавонон дуо диҳад.
Ғарази сайру саёҳат
талаби дидор аст,
В-арна ин нону намак
мардуми мо бисёр аст,
– сухан оғоз кард Саттори Самеъ пеш аз салому паём ва табрик.
Ин байт ба баранда, ки то ин лаҳза гирифтори теғи нигоҳи санъаткорон гардида буд, форид. Ӯ ҳамаи «айб»-ро ба гардани Саттори Самеъ партофта буд. Баробари аз дасти табриккунанда гирифтани микрофон суханпардозӣ мекарду айбшӯӣ.
– Дидед, азизон, дӯстон. Агар ба Саттор Самеевич сухан намедодем, намешуд. Худашон гуфтанд-ку:
Мақсад аз омаданам
табрики ин тӯйдор аст.
В-арна ин нону намак дар
ҳама ҷо бисёр аст.
Одамҳое, ки сари роҳи Саттор Самеевич истода, бо он кас сӯҳбат ороста, як пиёла чой нӯшиданӣ мешаванд, бисёранд. Мана, ин кас ҳамин қадар одамонро монда, ба тӯйи мо омаданд, хуш омаданд...
Раиси маърака боз чиҳо гуфт ба гӯши Саттори Самеъ надаромад. Зеро ӯ аз тӯйхона хеле дур рафта буд.
Ҳоло ба ин маҷлиси ҳукуматӣ низ ӯро даъват кардаанд, ки ягон фикри худро гӯяд. Маслиҳат диҳад. Аммо ғайр аз худи мудири шӯъба каси дигар ба чизе гуфтан ҳақ надошт. Баъд аз ҳар суханаш «Фаҳмидед? Ҳамин хел бояд бошад!» мегуфт мудир омирона.
Мавзӯи маҷлис барқарор намудани вазъияти динӣ дар вилоят буд. Дар он арбобони дин, олиму шоир, аҳли зиёву маърифат ва санъат ҳузур доштанд. Мудири шуъба рӯйхати онҳоеро, ки бояд бо халқи минтақа суҳбати фарҳангӣ гузаронанд, эълон мекард.
Барои он, ки бо рӯйхат пешакӣ шинос набуд, ҳиҷо мекард:
– Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов. Куҷост? Омадагӣ? – аз коғаз сар набардошта мехонд ӯ.
Як муаллими коллеҷи санъат оҳистекак «Мо ҳамин ҷо» гуфт. Мудир намедиду мегуфт: «Нағз-нағз».
– Маъруф Ҳоҷӣ ҳамин ҷо?
– Ҳамин ҷо, ҳамин ҷо, – овоз мебаромад аз толор.
– Ҳоҷӣ Муин – музей...
Мудир якбора дарғазаб шуду овоз баровард:
– Ҳӯй, канӣ коргари котибият – Исрофил? – ва бо ҳамон қаҳр садо дод:
– Ман ба шумоён гуфтам, ки ин қадар ҳоҷиҳоро ҷамъ накунед! Ин ҳоҷиҳотон боз аз шохаҳои дин гап зада, фикри одамонро вайрон мекунанд! Фаҳмидед?! Мисол, куҷост, Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов ба саҳна барояд, гӯяд канӣ, ба халқ чӣ гуфта метавонад? Охир ӯ ғайр аз «намоз хонед, рӯза доред», чӣ ҳам гуфта метавонад!...
Маҷлисгоҳ чунон ором шуд, ки пашша пар занад шунида мешуд.
Саттори Самеъ гумон кард, ки мудир ҳазл мекунад. Охир пири санъати мақомро нашинохтани арбоб мумкин нест! Не, ӯ ҷиддӣ буд.
– Дидед, ин хелҳо ба маҷлис ҳам намеоянд. Ҳоҷӣ Муин Шукруллозода куҷост?
Боз ҷавоб, ки нашуд, мудир хандаи истеҳзоомез намуду гуфт:
– Ана, Ҳоҷӣ Муинаш ҳам моро писанд намекунад.
Наомаданаш ҳам беҳтар, бо саллаву риш халқро раҳгум карданаш мумкин. Ба ҷойи инҳо ягон артистро гӯед, ду-се суруд мехонаду халқро ба рақс медарорад. Хайр, аз ин ҳоҷиҳотон кадомаш омадагӣ? Шоираш зинда будагист, – ба толор бо умед нигарист мудир.
– Шоир – абадзинда. Вай мурданӣ надорад, – садое шунида шуд аз толор ва сӯйи минбар ҷавонмарди мӯйлабчадоре расида омаду гуфт:
– Ман Маъруф Ҳоҷӣ – аъзои Иттифоқи нависандагон!
– Раҳмат Ҳоҷиака... гап занед, ки ба одамон дар бораи маънавият ва маърифат чиҳо мегӯед? – суол кард мудир.
– Мудири муҳтарам, аввало ба одамон мегӯям, ки ман Ҳоҷӣ нестам. Номи бобоям Ҳоҷӣ. Номи худам Маъруф. Сонӣ мегӯям, ки Ҳоҷӣ Абдулазизу Ҳоҷӣ Муин ҳоҷиҳои ҳақиқӣ, олиму шоир ва санъаткорони бузурги даврони худ буданд...
Ҳанӯз сухани Маъруф Ҳоҷӣ ба охир нарасида, мудир баландтар садо кард:
– Шумо – шоир, ба Ҳоҷӣ Абдулазизу Ҳоҷӣ Муин кордор набошед. Вақте моро писанд накарда, наомаданд, ҷазо медиҳем. Ҷарима мегузорем. Якеашро аз коллеҷ, дигарашро аз музей дафъ мекунем. Онҳо надонистанд, ки бо кӣ бозӣ мекунанд. Ба шумо раҳмат, ки омадед, нутқи зебо доштаед. Ба шумо рухсат медиҳем, ки бо халқ рӯ ба рӯ шавед. Шинед.
– Исрофил! – боз дод зад мудир ба зердасти худ. – Худи ҳозир ҳар ду ҳоҷии саркашро ёфта, аз ҳардуяш ҳам узрхат мегирӣ. Пойҳояшон аз замин канда бошад, пайванд мекунем. Чаро ба ҷояшон ягон касро нафурсонданд, навишта диҳанд. Худат ҳам рапорт менависӣ.
Ба кордории мудир Исрофили қобилу сархам ҳам тоқат карда натавонист.
– Мудири муҳтарам, ин ҷо як нофаҳмие шуд, узр. Аслан мо вакилҳоро аз коллеҷи Ҳоҷӣ Абдулазизу музейи Ҳоҷӣ Муин ҷеғ зада будем. Онҳо омадаанд...
Мудир боз худнамоӣ кард:
– Исто, Исрофил, чаро худи ҳоҷиҳо наомаданд. Аз маҷлиси мо ҳам заруртар коре доштаанд?
Ҳозирин ба ҷунбишу ғалоғула даромаданд. Пичир-пичир авҷ гирифт.
– Писарам, – мисли он, ки аз раиси тӯй маҷбуран иҷозат пурсида буд, бо амри виҷдон аз ҷой хеста садо кард Саттори Самеъ, – як сухан дорам. Иҷозат ҳаст?
Ба «ҳа» ё «не»-и мудир эътиборе надода, аз назди издиҳом сӯйи минбар рафт Саттори Самеъ. – Аввало мебахшед, ки шумои мансабдорро писарам гуфтам, – узрхоҳона сухан оғоз кард Саттори Самеъ. – Агар ба сухан намебаромадам, намешуд. Чунки одатан зердастон айби роҳбарро ба рӯяш намегӯянд. Боз назди ин қадар халқ. Ним соат боз масъалаи ҳоҷиҳоро мебинед. Он Ҳоҷӣ Абдулазизу Ҳоҷӣ Муине, ки шумо ин ҷо дидан мехоҳед, панҷоҳ сол пеш аз олам гузаштаанд... – Саттори Самеъ ба гуфтаҳои худ нуқта нагузошта, мудир боз дод зад:
– Исрофил, чаро рӯйхати одамони мурдаро ба ман додӣ!
– Рафиқ мудир, шумо агар аз ибораи ба номи коллеҷи Ҳоҷӣ Абдулазиз сарфи назар мекардед, чашматон ба номи масъули соҳа Абдураҳмон Олимов меафтод. Барилова, корманди музейи Ҳоҷӣ Муин – Фазлиддин Шукруллоев аст.., – овози ларзони Исрофил базӯр мебаромад.
– Ана ин гапи дигар, писар, – ба ҳар ду нигарист Саттори Самеъ, – ин мард ҷуръат карда, ҳамин ҳақиқатро гуфт, ба ҳаминаш ҳам шукр.
Зеро ин ҷо нишастагон ҳама аз аҳли фазл бошанд ҳам, андешаи фардои худро мекунанд. Охир дар курсии мансаб нишастаанд. Ман бошам, як пири фартут. На мансаб дораму на курсӣ. Ба шумо маслиҳатам ин аст, ки аввал ба маҷлис дурустакак тайёрӣ бинед. Бо зиндагии алломаҳои маънавият шинос шавед. Роҳбари соҳа шоиру муллоро фарқ карда натавонад, айб аст...
– Ало, хӯҷаин, ҳозир меравам!
Ин овози мудир буд, ки телефони бесим дар гӯш аз толор баромада мерафт. Гӯё насиҳати Саттори Самеъ ба гӯши ӯ намедаромад.
– Саттор Самеевич, кори нағз накардед. Ин кас додарзодаи Султон Амирович. Барои ба вазифаҳои болотар «трамплин» шудан, дар соҳаи мо роҳбар таъин шуда буданд. Оббо, калон хафа мешаванд-дия...
Саттори Самеъ дар ҷойи худ рафта нишасту чашмонашро пӯшид, то аз ин ғалоғула «дур» бошад. Вақте чашмонашро кушод, толорро тамоман холӣ дид. Фаррошзан бо тоза кардани фарши маҷлисгоҳ машғул буд.
– Хоҳар, кори шумо душвортарин амали дунё будааст. Хасу хошокро бояд аз саҳни маънавият дур созед.
Озод ҲАМИДЗОДА.