Вақте ки аз шабакаи иҷтимоӣ назарам ба маводе таҳти унвони «Мусаҳҳеҳӣ кори осон нест: подоши саҳв дар рӯзнома» (21 ноябри соли 2021) афтид, беихтиёр диққатамро сӯйи худ кашид.
«Оё шумо дар бораи шогирди Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ Ҳоҷӣ Муин Шукрулло, ки маърифатпарвар, зиёӣ ва адиб аст, шунидаед?» – омадааст дар он.
Ҳоҷӣ Муин ҳамчун ҷадид, маърифатпарвари замони худ дар рӯзномаҳои гуногун фаъолият нишон додааст. Ҳангоми мусаҳҳеҳии вай дар «Овози тоҷик» нокомие рух медиҳад. Тафсилоти воқеа чунин аст:
Дар шумораи 24 апрели соли 1929 -уми «Овози тоҷик» саҳве мегузарад: ҳангоми аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардани «Даъватҳои арафаи идонаи 1 Май» матни «Долой социал-империалистов, даздравствует Коммунистический Интернационал!» дар натиҷаи беэътибории ӯ дар тарҷумаи тоҷикӣ мухотаби «Даздравствует» («зинда бод») афтида монда, он дар рӯзнома «Нест бод... Интернатсионали Коммунистӣ» интишор меёбад. Дар натиҷаи аз тарафи ҳукумати шӯравӣ ранги сиёсӣ гирифтани ин воқеа Ҳоҷӣ Муин ба Сибир бадарға карда мешавад. Адиб баъди бозгашт аз бадарға фаъолияти худро дар рӯзнома идома медиҳад. Ноомади корро бинед, ки вай боз ба хатои дигаре роҳ медиҳад. Дар рӯзнома фамилияи «Муралов», ки соли 1937 чун душмани халқ ба қатл маҳкум гардида буд, саҳван бо фамилияи арбоби давлатии шуҳратманди он замон «Молотов» иваз мешавад. Ҳоҷӣ Муинро ба «қасдан» кардани ин ғалат айбдор намуда, ӯро чун мухолифи сиёсати ҳукумати шӯравӣ даҳ сол аз озодӣ маҳрум сохтаанд. Баъди панҷ соли ин ҳукм Ҳоҷӣ Муин дар шаҳри Соликамски вилояти Перм вафот кардааст.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».