ҲОКИМ БА ВАЪДАИ ХУД ВАФО КАРД

Дар рӯзномаи «Овози тоҷик» (26.04.23. №33) «Баррасии масоили иҷтимоӣ» мақолаи Ӯзбакбойи Раҳмон дарҷ гардида буд.

 Дар он оид ба вохӯрии сайёри ҳокими ноҳияи Нурато Азамат Файзиев ва намояндагони сектори дуюм бо сарварии прокурори ноҳия Фахриддин Норов бо аҳолӣ маълумот дода будем. 
Зикр гардида буд, ки «чандин сол аст, ки аҳолии деҳаҳои Сойхурд ва Соб аз алоқаи мобилӣ ва интернет маҳруманд. Азамат Файзиев савумин ҳокими ноҳия аст, ки ин масъаларо баррасӣ мекунад. Ваъдаҳои болохонадор садо додаанд. Шояд ҳокими кунунӣ ба ваъдаи худ вафо кунад».
Дар ҳақиқат талошу дархости мардум ҷомаи амал пӯшид. Дар ҳар ду деҳа алоқаи мобилӣ ва интернет ба роҳ монда шуд. Мардум аз сарсари кӯҳу талу тепаҳо гаштан наҷот ёфтанд. Дар хона метавонанд бо наздикону қарибони худ дар тамос бошанд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: