Ҳокими шаҳри Фарғона табдил шуд

Дар шаҳри Фарғона иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои депутатҳои халқ баргузор шуд.

Дар шаҳри Фарғона иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои депутатҳои халқ баргузор шуд. Дар он ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров, инчунин вакилони Шӯрои шаҳрӣ, муовинони раиси вилояту шаҳрҳо, роҳбарони секторҳо, идораву ташкилотҳо, раисони маҳаллаҳо, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони расонаҳои гуногун иштирок карданд.
Ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров зимни суханронӣ дар иҷлосия гуфт, ки Мирзоҳид Убайдуллоев, шаҳрдори пешини Фарғона, муовини вазири рушди иқтисод ва коҳиши камбизоатӣ - директори Агентии кори маҳаллабай ва рушди соҳибкор таъин шудааст.
Ҳокими вилоят ба мақоми шаҳрдорӣ номзадии Назаров Восилҷон Шӯҳратовичро пешниҳод намуд. Ба гуфтаи Хайрулло Бозоров шаҳрдори нав роҳбари ташаббускор, ҷӯянда, фаъол, фидокор ва яке аз кадрҳои ҷавони вилоят мебошад.
Аз номзади пешбаришуда ҷамъи депутатҳои Шӯрои шаҳр ҷонибдорӣ карданд.
Восилҷон Назаров соли 1984 дар ноҳияи Бувайда ба дунё омадааст. Донишгоҳи иқтисодиёти Тошкандро хатм кардааст. Аз соли 2006 дар идораҳои молия кор кардааст. Солҳои 2019-2021 сардори раёсати молияи вилоят ва аз соли 2021 ҳокими ноҳияи Бағдодро бар дӯш дошт.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: