ҲОКИМИ ВИЛОЯТ МУРОҶИАТИ ҶАВОНОНРО ШУНИД

Дар маҳаллаи Буюк Тӯрони ноҳияи Пастдарғам ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов бо ҷавонони номуттаҳид, писару духтарони маҳаллаҳои ҳудуди сектори чоруми ноҳия, ки дар ҷараёни кор ва таҳсил ба муаммоҳо рӯ ба рӯ шудаанд, вохӯрӣ гузаронд.

Дар маҳаллаи Буюк Тӯрони ноҳияи Пастдарғам ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов бо ҷавонони номуттаҳид, писару духтарони маҳаллаҳои ҳудуди сектори чоруми ноҳия, ки дар ҷараёни кор ва таҳсил ба муаммоҳо рӯ ба рӯ шудаанд, вохӯрӣ гузаронд.
Дар чорабинӣ, ки ба таври ғайриодатӣ, бидуни расмиятбозӣ, дар шакли мулоқоти самимона доир гардид, қариб 60 муроҷиат ва пешниҳодҳои ҷавонон шунида шуд. Иштирокдорон асосан бинобар масъалаҳои таъминоти шуғл ва гирифтани вом муроҷиат карданд.
– Ҳоло бекор ҳастам, аммо дар ҳавлии худ барои парвариши 20 сар чорво шароит дорам, – гуфт сокини маҳаллаи Чандиробод Фазлиддин Ҳошимов. – Барои кредит гирифтан 6 моҳ боз ба филиалҳои бонки ноҳияамон муроҷиат мекунам. Аммо масъала ҳал намегардид. Имрӯз ҳоким барои ҳалли ин муаммо ба мутасаддиён супориш дод. Ваъда доданд, ки масъала дар давоми 10 рӯз ҳал мешавад. 
– Чор сол ин ҷониб дар яке аз мактабҳои шаҳри Самарқанд ба ҳайси омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ кор мекардам, – гуфт сокини маҳаллаи Буюк Тӯрон Шоҳрух Эргашев. – Аз оғози соли хониши 2020-2021 дар мактаби рақами 45-уми деҳаи худамон фаъолияти меҳнатиро сар кардам. Аммо ба ман дар як ҳафта ҳамагӣ 4 соат дарс ҷудо карданд. Ба ҳокими вилоят бо ин масъала ва таъмир намудани толори варзишии мактаб муроҷиат кардам. Гуфтанд, ки ин дархостҳо ба таври мусбӣ ҳал карда мешаванд.
Ҳокими вилоят мувофиқи масъалаҳои аз ҷониби ҷавонон пешниҳодгардида, фикрҳои худро баён кард. Ба ҷавонон тавсия дода шуд, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд. Ба хоҳишмандон додани вом ва бо кор таъмин намудани тақрибан 10 нафар ҷавонон зикр гашт. 
– Ғайр аз муроҷиатҳои инкоршуда, дигар ҳамаи дархосту масъалаҳои ҷавонон дар давоми 10 рӯз ҳаллу фасл мешаванд. Агар ягон масъала ҳал нашавад, шумо метавонед тавассути мессенҷери телеграм ба мо хабар фиристед, – гуфт ҳокими вилоят Э.Турдимов.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: