ҲОКИМИ ВИЛОЯТ ПЕШНИҲОД ВА АНДЕШАҲОИ ҶАВОНОНРО ШУНИД

Дар сартосари мамлакат ба масъалаи баланд бардоштани маънавияти ҷавонон ва пурмазмун гузаронидани вақти холии онҳо эътибори алоҳида дода мешавад.

Чорабиние, ки бо мақсади муайян намудани ҷавонҳои бекор ва дастгирӣ  намудани онҳо, фароҳам овардани шароит ба зоҳир кардани маҳорату истеъдод, ғанӣ гардондани олами маънавӣ ва баланд бардоштани савияи мадании онҳо дар Маркази ҷавонони шаҳри Гулистон баргузор шуд, аз ин ҷумла мебошад.

Дар чорабинӣ ҳокими вилоят Акмалҷон Маҳмудалиев, роҳбарони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, намояндагони соҳаи таълими халқ, аҳли ҷамоа, ҷавонони эҷодкори Донишгоҳи давлатии Гулистон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ  ширкат варзиданд.
Ҳокими вилоят таъкид намуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ барои тарбия, донишомӯзӣ ва ояндаи ҷавонон, дар ҷамъият ҷойи муносиби худро пайдо кардани онҳо ҳамаи шароит фароҳам оварда мешавад, ки онҳо бояд муносиби чунин эътибор бошанд.
Дар чорабинӣ ҷавонон фикр, пешниҳод ва андешаҳояшонро дар хусуси баланд бардоштани фаъолнокии  иҷтимоиву сиёсӣ ва салоҳияти зеҳнии ҳамсолонашон ва ғояю ташаббусҳое, ки ба ривоҷёбии ҷамъият хидмат мекунад, изҳор доштанд.
Дар тадбири мазкур ба ҷавонон муваффақияти донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Гулистон Азаматҷон Файзуллоев ҳамчун ибрат таъкид гардид. Ӯ дар озмуни ҷумҳурии «Ёш китобхон»-е, ки дар  пойтахт байни ҷавонони 20-30-сола барпо гардида буд, иштирок карда, ҷойи сеюмро гирифт ва соҳиби туҳфаи Президент шуд, яъне бо маблағи 30 миллион сӯм сарфароз гардид.
Дар ҷамъомад ҳокими вилоят ба ҷавононе, ки дар озмун фаъол иштирок намуда соҳиби ҷойҳои фахрӣ гардидаанд, тӯҳфаҳои махсус супурд.


Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: