Ҳокими вилояти Тошканд тасдиқ гардид

  • Ҳокими вилояти Тошканд тасдиқ гардид
  • Ҳокими вилояти Тошканд тасдиқ гардид
  • Ҳокими вилояти Тошканд тасдиқ гардид
  • Ҳокими вилояти Тошканд тасдиқ гардид
  • Ҳокими вилояти Тошканд тасдиқ гардид
  • Ҳокими вилояти Тошканд тасдиқ гардид
  • Ҳокими вилояти Тошканд тасдиқ гардид
  • Ҳокими вилояти Тошканд тасдиқ гардид

Дар шаҳри Нурафшон сессияи ғайринавбатии Шӯрои вакилони халқи вилояти Тошканд баргузор шуд.

Дар он  Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок кард.

Сарвари давлат дар оғози суханронӣ нисбат ба мардуми вилоят эҳтироми амиқ баён намуда, қайд кард, ки онҳо дар рушди иқтисоди кишварамон саҳми арзанда доранд.

— Ҳамаи шумо дарк мекунед, ки дар замони имрӯзаи пурташвиш вазифаи таъмини манфиатҳои кишвари азизамон ва рӯзгори шукуфони мардум, ба амал баровардани сиёсати устувори хориҷиву дохилӣ осон нест. Барои ин ҳар рӯз чизи навро ҷустуҷӯ карда, аз тамоми имкониятҳо пурра истифода бурдан лозим аст. Вилояти Тошканд таърихи қадима, сарватҳои бойи табиӣ, саноати калон дорад. Ман бо бисёр одамон вомехӯрам, онҳо тағйиротро эҳсос мекунанд, дар бораи онҳо ҳарф мезананд. Аммо онҳо инчунин мепурсанд, ки оё ин кӯшишҳо идома хоҳанд ёфт, оё зиндагӣ боз ҳам беҳтар мешавад? Аз ин рӯ якҷоя бо халқамон бояд мушкилоти маҳалларо ҳал кард, соҳибкориро дастгирӣ намуд, корхонаҳои нав ва ҷойҳои корӣ созмон дод, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Сессия масъалаи ташкилиро баррасӣ намуд. Президент номзадии Зойир Мирзаевро ба вазифаи ҳокими вилояти Тошканд пешниҳод намуд.  

З. Мирзаев соли 1968 дар вилояти Самарқанд таваллуд шудааст. Солҳои зиёд дар соҳаи молия ва иқтисод кор кардааст. Ба вилоятҳои Самарқанд ва Қашқадарё раҳбарӣ кардааст. Солҳои зиёд дар соҳаи молия ва иқтисодиёт кор кард.  Ҳамчун ҷонишини Сарвазир ба комплекси агросаноатӣ роҳбарӣ кард. Аз моҳи ноябри соли 2021 вазифаи ҳокими вилояти Тошкандро иҷро менамояд.  

Пеш аз муҳокима кардани номзад сарвари давлат пешниҳод кард, ки нақшаҳояшро шунаванд. Зойир Мирзаев дар бораи рушди соҳибкорӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, инфрасохтор, фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии мардуми вилоят пешниҳодҳои худро иброз дошт.

Сарвари давлат ин пешниҳодҳоро пазируфта, ба масъулин ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ташкилию молиявӣ супориш дод.

Ҳамин тарик, имсол барои барномаҳои сохибкории оилавӣ ба таври илова 200 миллиард сӯм ва соли оянда боз 850 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад. Барои ноҳияҳои Пскент, Бӯка, Бекобод ва Оққӯрғон, ки ин соҳа суст ривоҷ ёфтааст, ҳаҷми кафолати қарз аз Фонди дастгирии соҳибкорӣ то 75 фоиз зиёд карда шуда, то соли 2025 имтиёзҳои андоз дода мешаванд.

Иктидори саноатии вилояти Тошкент калон аст. Шаҳрҳои Олмалиқ, Чирчиқ, Ангрен, Бекобод, Оҳангарон, Янгиюл ба марказҳои калони саноатӣ табдил ёфта истодаанд. Қайд карда шуд, ки барои рушди инфрасохтори минтақаҳои саноатӣ 250 миллиард сӯм ва барои лоиҳаҳои чарму пойафзол ва нассоҷӣ 30 миллион доллар ҷудо карда мешавад. Оиди дар Ангрен созмон додани кластери фарфор ва сафол, дар ноҳияи Бекобод минтақаи савдои сарҳадӣ супоришот дода шуданд.

Минтақа инчунин захираҳои калони замину об дорад. Бо вуҷуди ин, самаранокии онҳо паст аст. Бо ташкили дурусти кор имкон дорад, ки содироти меваю сабзавотро ду баробар зиёд намуда, 120 ҳазор нафар одамон бо кор таъмин карда шаванд.

Таъкид гардид, ки барои ин ба ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ додани 9 ҳазор гектар замин, обод кардани манотиқи кӯҳистон, бунёди ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ток зарур аст. Гуфта мешавад, ки барои ифтитоҳи марказҳои логистикӣ дар вилоятҳои Тошканд, Паркент, Янгиюл ва Қибрай 50 миллион доллар ва барои рушди чорводорӣ 30 миллион доллар ҷудо карда хоҳад шуд.

Дар вилояти Тошканд 1022 маҳалла мавҷуд аст. Ҳангоми омӯзиши инфрасохтори онҳо маълум гардид, ки роҳҳои дохилии 840 маҳалла, шабакаҳои оби нӯшокӣ ва канализатсия дар 579 маҳалла, шабакаҳои барқу газ дар 589 маҳалла, мактабу боғча ва дармонгоҳҳои 396 маҳалла ба таъмир ниёз доранд. Сарвари давлатамон аҳамияти ин масъалаҳоро дар таъмини некуаҳволии аҳолӣ ва тарбияи насли наврас таъкид намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор дод.

Сайёҳӣ боз як манбаи дигари иқтидорноки рушди иқтисодии минтақа мебошад. Аммо 80 дарсади сайёҳон ба вилояти Бӯстонлиқ мераванд. Шароиту хидматрасонӣ дар дигар ноҳияҳо ба талаб ҷавоб дода наметавонад. Имкони ташкили кластерҳои сайёҳӣ дар ноҳияҳои кӯҳии Паркент, Ангрен ва Оҳангарон зикр гардид.

Дар сессия ба масъалаи тараққӣ додани соҳаи иҷтимоӣ, бо манзил таъмин намудани аҳолӣ низ диққат дода шуд. Оид ба ифтитоҳи донишгоҳ дар Нурафшон, бунёди маркази тиббии бисёрсоҳа, таъмири муассисаҳои таълимӣ вазифаҳо гузошта шуданд.

Таъкид гардид, ки барои додани субсид ба таъминоти манзилии аҳолӣ 100 миллиард сӯм ҷудо шуда, дар ноҳияи Зангиота массиви “Ӯзбекистони Нав” бунёд мешавад. Пешниҳод гардид, ки барномаи нави ипотекаи "Хонаи аввалини ман" ҷорӣ карда шавад.

Баъд аз маросими тақдимот депутатҳои Шӯрои вилоят нақшаҳои номзадро муҳокима намуда, фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд. Масъалаи таъин кардани ҳокими вилояти Тошканд ба овоз гузошта шуд. Бинобар натиҷаҳои овоздиҳӣ Зойир Мирзаев ҳокими вилояти Тошканд тасдиқ гардид.

Президент таъкид кард, ки ҳокими нав, ки намояндагони халқ ба ӯ эътимоди баланд изҳор кардаанд, бояд аз рӯи адолат, поквиҷдонона, фидокорона ва масъулиятшиносона фаъолият намуда, ба мардуми вилояти Тошканд аз таҳти дил хидмат кунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: