ҲОЛАТИ АЗХУДКУНИИ САРМОЯҲОИ БЕВОСИТАИ ХОРИҶӢ АЗ НУҚТАИ НАЗАРИ ТАНҚИДӢ ТАҲЛИЛ ШУДАНД

20 март Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар масъалаҳои тезонидани татбиқсозии лоиҳаҳои сармоявӣ ва корҳо бобати ҷалби сармояҳои бевосита машварат баргузор кард.

Сармояҳо нирӯи муҳаррики иқтисодиёт, асоси он ба шумор мераванд. Солҳои охир дар тамоми ҷаҳон ҷалби сармояҳои хориҷӣ торафт мушкилтар мегардад. Чунончи, соли 2018-ум мавҷи сармояҳои ҷаҳонӣ 19 фоиз коҳиш ёфт. 
Бинобар ҳамин ҳам сармояҳои аллакай ҷалбшудаи хориҷӣ бояд самарабахш истифода шаванд, дар ин бобат кори дуруст ва мунтазам ба роҳ монда шавад.
Дар машварати видеоселекторӣ, ки 8 январи соли равон ба амал омад, роҳбари давлати мо бинобар ҷалби сармояҳо ва фароҳам овардани иқлими мусоиди сармоявӣ вазифаҳои мушаххасро  муайян кард. Мувофиқи онҳо бо зикри манбаъҳои дақиқи молиявӣ Барномаи сармоявӣ тасдиқ гардид.  Аз ҷумла, соли равон аз худ кардани сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ба маблағи умумии 4,2 миллиард доллар пешбинӣ гардидааст. 
Дар машварат корҳое, ки дар тӯли ду моҳи гузашта иҷро шудаанд, аз нуқтаи назари танқидӣ таҳлил гардиданд. Роҳбари давлат умуман ҳолати ғайриқаноатбахши азхудкунии сармояҳои хориҷиро таъкид намуда, шахсони масъулро ҷиддан огоҳ намуд. Дар баъзе соҳа ва минтақаҳо набудани ташаббусҳои дақиқу асоснок барои сармоягузорони хориҷӣ танқид карда шуд.
Президент ба зиммаи вазорату ҳокимиятҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт. Чунончи, ба Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ супурда шуд, ки маҷмӯи лоиҳаҳои сармоявиро бо ҷалби сармояҳои бевоситаи хориҷӣ дар соҳаҳои энергетика, нафту газ, кимиё, мошинсозӣ, электротехника, технологияҳои иттилоотӣ ва ғайра ташаккул диҳад.  
Таъкид шуд, ки ҷамъомади комиссияи байниҳукуматӣ барои ташаккул додани лоиҳаҳои сармоявӣ майдони самарабахш нагардиданд, бинобар ин ҳам бояд барои ҳар кадом комиссия нишондиҳандаҳои мақсадноки ҷалби сармояҳои бевоситаи хориҷӣ андешида шавад. 
Алҳол низоми шарикии давлативу хусусӣ яке аз омилҳои муҳими ҷалби сармояҳо мегардад. Бо назардошти ин дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Оҷонсии оид ба рушди шарикии давлативу хусусӣ таъсис дода шуд. Дар машварат ба пешбурди фаъолияти Оҷонсии мазкур эътибор дода, ба шахсони масъул супурда шуд, ки дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика ва хидматрасонӣ лоиҳаҳоеро ташаккул диҳанд, ки бояд бо иштироки сармояҳои хориҷӣ дар пояи механизмҳои шарикии давлативу хусусӣ татбиқ гарданд.
Ба Оҷонсии навтаъсис бобати идораи даромадҳои давлатӣ бинобар тезонидани ҷалби сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ба корхонаҳои дорои саҳми давлатӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Зарурияти барои ҷалби сармояҳои хориҷӣ  ба соҳаҳои зикршуда дар хориҷа баргузор кардани муаррифиҳо дар шакли «роуд-шоу» таъкид гардид,
Мувофиқи Барномаи сармоявӣ соли равон аз ҳисоби манбаъҳои марказонидашуда иҷро кардани корҳои бинокориву таъмирӣ дар тақрибан 3 ҳазор иншоот пешбинӣ гардидааст. Шавкат Мирзиёев супориш дод, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳ кор бобати бо маблағтаъминкунӣ ва коркарди ҳуҷҷатҳои лоиҳавиву сметавӣ анҷом дода, оғози корҳои бинокорӣ тезонида шаванд.
Қайд шуд, ки барои такмил додани коркарди барномаҳои сармоявӣ бояд таҷрибаи хориҷӣ дар раёсати идораҳои лоиҳавӣ васеъ ҷорӣ гардад.
Тавре ки дар машварат таъкид шуд, дар минтақаҳо ҳолати ҷалби сармояҳо ба истеҳсолот ғайриқаноатбахш мебошад. Ба Ӯзбекистон ба миқдори зиёд маҳсулоти доруворӣ ва гигиенӣ, хӯрокворӣ, сару либоси бачагона ворид мегардад. Ин дар ҳолест, ки барои истеҳсоли ин маҳсулот  дар мамлакати мо имкониятҳои зиёд мавҷуданд.
Вобаста ба ин Президент ба роҳбарони вазорату идораҳо супориш дод, ки ба минтақаҳои ба онҳо вобастакардашуда рафта, бобати тезонидани лоиҳаҳои дар он ҷойҳо татбиқшаванда, ҷалби сармоягузорон, аз ҷумла ҷалби онҳо ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, барои истеҳсоли молҳои истеъмолӣ чораҳо андешанд.
Ҳамчунин ҳолати азхудкунии маблағи идораҳои байналхалқии молиявӣ баррасӣ гардид. Кори сусти вазоратҳои хидмати манзиливу коммуналӣ, нигаҳдории тандурустӣ, хоҷагии об бобати иҷрои нақшаҳои солона зикр гардид. Ба шахсони масъул бинобар дар самтҳои мазкур ҷоннок кардани корҳо супоришҳо дода шуданд.
Дар машварат таъкид шуд, ки набудани инфрасохторҳои зарурӣ дар баъзе минтақаҳо ба ҷалби сармояҳо монеа мешаванд. Бинобар ҷудокунии замин барои лоиҳаҳо, вобаста кардани онҳо ба шабакаҳои электрӣ, газ, таъминоти об ва канализатсия мушкилот мавҷуданд. Аз ин рӯ ба вазоратҳои иқтисодиёт ва саноат, сармояҳо ва савдои хориҷӣ супориш дода шуд, ки барномаи сесоларо оид ба рушди иншооти инфрасохторӣ дар минтақаҳо кор карда бароянд. 
Бинобар таъмин сохтани иҷрои супоришҳои мазкур ва аз байн бардоштани мушкилоти мавҷуда чораҳои амалӣ муайян гардиданд. 

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: