ҲОЛАТИ АЗНАВКОРКАРДИ МЕВАВУ САБЗАВОТ ВА АНГУРПАРВАРӢ

Солҳои пеш аз истиқлолият барои нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ анборҳои махсус сохта мешуданд, ки ҳоло куҳнаву корношоям шудани онҳо аён аст.

Солҳои охир роҳбари давлат ба ангурпарварӣ, боғдорӣ ва зиёд намудани зироати полизӣ, нигоҳ доштан ва ба истеъмолгар саривақт расондани он эътибори ҷиддӣ дода, ба ин самт аз ҷониби бонкҳо вом ва субсид ҷудо карда мешавад. Дар ин самт аз ҷониби вазоратҳои масъул, Шӯрои хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ ва соҳибони замини наздиҳавлӣ корҳои зарурӣ пеш бурда мешаванд. 
Имрӯз дар минтақаҳои мамлакатамон беш аз 300 корхонаи азнавкоркард (саракунӣ, хушккунӣ, тозакунӣ, қадоқкунӣ ва ғайра) фаъолият мебаранд ва маҳсулотро экспорт мекунанд. 
Нигоҳ доштан ва сифати худро гум накарда ба истеъмолгар расондани маҳсулоти ангурпарварӣ, боғдорӣ ва зироати полиз, ки ба ивази меҳнати зиёд ба даст меоянд, масъалаи долузарб ба шумор меравад. Агар корхонаҳои азнавкоркарди маҳсулоти кишоварзӣ ҷараёни корро ба амалиёти ҷаҳонӣ такя намуда ташкил намоянд, мувофиқи мақсад хоҳад шуд. Дар корхонаҳои азнавкоркарди мамлакат асосан аз усули шамолдиҳии фаъол (бо кумаки калориферҳо), гармидиҳӣ (хушконидан), сардидиҳӣ, тамғагузорӣ истифода мебаранд, ки бо ин усулҳо маҳсулот 40 фоизи микроэлемент ва витаминҳои фоиданокро гум кунанд ҳам, ба истеъмолгар дар ҳолати босифат ва тоза рафта мерасанд. 
Аз таҷрибаи пешина бармеояд, ки барои ба муддати тӯлонӣ (эҳтиёт аз мағоркунӣ, кирм ва дигар ҳолатҳо) нигоҳ доштани маҳсулоти бомазза ва ширини кишвари мо чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Муддати нигоҳ доштани маҳсулот тахминан то 25 сол муайян карда шудааст. Бо ин роҳ бо кӯмаки яхдонҳо 100 фоиз микроэлементҳои таркиби маҳсулот, ки ба организми инсон заруранд, нигоҳ дошта мешаванд. 
Дар мамлакатамон якчанд корхонаи азнавкоркарди ҳаҷмаш хурд фаъолият мебарад. Пешбинӣ мешавад, ки аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 10-то чунин корхонаи калонҳаҷм сохта ба истифода супурда мешаванд. Мутахассисони фаъол ва дар хориҷ таҷрибаомӯхта якҷоя бо сармоядорон аллакай корҳои ташкилиро ба роҳ мондаанд. 

З. ФАЙЗУЛЛОЕВ,
сармутахассиси Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳибони замини наздиҳавлии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: