ҲОЛАТИ ИҶРОИ ҲУҶҶАТҲОИ СУД ТАҲЛИЛ ГАРДИДА, ВАЗИФАҲОИ НАВ МУАЙЯН КАРДА ШУДАНД

Зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба чорабиниҳо оид ба такмили низоми иҷрои ҳуҷҷатҳои суд ба амал омад.

Зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
 Шавкат Мирзиёев ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба чорабиниҳо оид ба такмили низоми иҷрои ҳуҷҷатҳои суд ба амал омад.
Қарорҳои суд асоси ҳуқуқии таъмини қонуният, сарпур кардани зарар мебошад. Дар даҳ моҳи аввали соли ҷорӣ ба Идораи иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералӣ қариб 4 миллион ҳуҷҷати иҷро расид, ки 1,2 миллиони он ҳанӯз иҷро нагаштааст. Дигар хел карда бигӯем, иҷрои ҳуҷҷатҳое, ки пардохти 17 триллион сӯмро тақозо менамояд, таъмин нагаштааст. Аз онҳо 7,2 триллион сӯм марбут бо барои фоидаи давлат ситондан бошад, 9,7 триллион сӯм ба нафъи шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ситондани ин маблағ дар беҳсозии вазъияти молиявии соҳибкорон, дастгирии шаҳрвандони камтаъмин, ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоӣ омили муҳим мегардад.
Дар ҷамъомад ҳолати иҷрои ҳуҷҷатҳои суд дар мисоли ноҳияҳо ва шаҳрҳо баррасӣ гардиданд. Ташкили баъзе механизмҳои кам кардани қарз – дар дараҷаҳои ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ муайян карда шуданд.
Аз он ҷумла, Идораи иҷрои маҷбурӣ бо ситондани қарзҳое машғул мегардад, ки миқдори онҳо аз 20 миллиард сӯм зиёд аст. Шуъбаҳои ҳудудии ин идора дар болои ситондани маблағҳое кор мебаранд, ки миқдори онҳо аз 10 то 20 миллиард сӯм аст.
Роҳбарони шуъбаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии ИИМ якҷоя бо ҳокимон ва роҳбарони секторҳо руйхати қарздоронеро, ки дар вазъияти мураккаб мондаанд, таркиб медиҳанд ва ба онҳо ҳамдастӣ мекунанд. Бо ҳамин мақсад ваколати суд доир ба қабули қарор дар бораи боздоштани иҷро доир ба шафоати қарзситонанда ба иҷрогарони давлатӣ гузаронда мешавад.
Ғайр аз ин ба Палатаи савдову саноат ва Бизнес-омбудсман ҳуқуқи шафоат намудани ба таъхирандозӣ ва ё қисм-қисм пардохтани қарзи воҳидҳои хоҷагидорӣ дар доираи ҳуҷҷатҳои иҷроияе, ки пардохтанро ба фоидаи давлат пешбинӣ менамояд, дода мешавад.
Дар ҷамъомад масъалаи боздоштани иҷрои ҳуҷҷатҳо бинобар вуҷуд надоштани мулки қарздор муҳокима гардид. Бинобар ин ба ногузирии ба вуҷуд овардани платформаи ягонаи электронии қарздорон бо якҷоя намудани маълумотҳои пойгоҳӣ нотариусҳо, бонкҳо, мақомоти андоз, марказҳои хидмати давлатӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, гумрук, кадастр ва идораҳои дигар ишора гардид.
Имрӯз масъалаҳои иҷрои ҳатмӣ барои минтақаҳо вазифаи бартаринок ба шумор намераванд. Бинобар ин тартибе ҷорӣ карда мешавад, ки дар он қисми маблағи ситондашуда ба фондҳои дафтарҳои «оҳанӣ», «ҷавонон» ва «занон» таҳвил карда мешаванд.
Ба масъалаи сарбории иҷрогарони давлатӣ эътибори алоҳида нигаронда шуд. Таъкид шуд, ки дар бисёр минтақаҳо миқдори ҳуҷҷатҳо барои як нафар иҷрогар аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд аст.
Барои мисол, иҷрои 8 тоифаи ҳуҷҷатҳо, мисли номнавис намудани ҳуқуқи мулкӣ, барқарор намудан ба кор ва ситондани музди меҳнат, пардохтҳои ҷарима ва ҳаққи коммуналиро бе чораи маҷбурсозӣ таъмин намудан мумкин аст. Ҳоло ҳозир дар ихтиёри иҷрои ИИМ 1,6 миллион чунин ҳуҷҷати иҷроӣ вуҷуд доранд, ки 35 фоизи тамоми миқдори парвандаҳоро ташкил менамояд. 60 фоизи ҳуҷҷатҳои иҷроӣ ба ситондани миқдори то 400 ҳазор сӯм дахл доранд.
Бинобар ин ба шахсони масъул татбиқ намудани тартиби соддаи иҷрои ҳуҷҷатҳои суд, дар ниҳоди ИИМ ташкил намудани шуъбаҳои махсус, ки бо ситондани миқдорҳои кам бо истифода аз технологияи иттилоотӣ машғул мешаванд. Аҳамияти бозомӯзондани иҷрогарони давлатӣ дар асоси усулҳои пешқадам таъкид ёфт.
Ногузирии пурра таҷдиди назар намудани низоми татбиқи мулки мусодирашуда, интегратсияи лотҳои майдонҳои «Е-ijro auksion» бо дигар платформаҳои тиҷоратии электронӣ таъкид шуд. Бинобар таҳлил, қариб 64 фоизи шикояти шаҳровандон ба алимент алоқаманданд. Вуҷуд надоштани ҳисоби ягонаи кори иҷро ва пардохт ба бисёр нофаҳмиҳо бурда мерасонад. Дар оқибати ин вазифа гузошта шуд, ки руйхати пурраи дарёфткунандагон ва пардохткунандагони алимент ташаккул дода шуда,  низоми автоматии назорат татбиқ гардад.
Аз 1 августи соли ҷорӣ ваколат доир ба ситондани қарз барои электроэнергия ва гази табиӣ якҷоя бо штатҳояш ба корхонаҳои таъминоти электр ва газ гузаронда шудааст. Таъкид ёфт, ки қарзи дебитории фурӯшандагони электроэнергия 3,5 триллион сӯм, газ – 11 триллион сӯмро ташкил менамояд. Бинобар ин ба ногузирии кори низомноки кам намудани он ишора гардид.
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии иҷрои ҳуҷҷатҳои суд Шӯрои ҷумҳурӣ бо роҳбарии Прокурори генералӣ ва шӯроҳои минтақавӣ, ки раисони онҳо аз ҷумлаи ҳокимони вилоятҳо, муовинони онҳо – прокурорҳои вилоятҳо таъин мегарданд, таъсис дода мешаванд.
Дар ҷамъомад ҷараёни тайёрӣ дар маҳалҳо ба мавсими зимистон дар рӯҳи танқид баррасӣ гардид.
Шахсони масъул аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардида маълумот пешниҳод намуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: