ҲОЛАТИ ИМРӮЗАИ НАШРҲОИ ДАВРӢ

Дар меҳмонхонаи «City Palace» таҳти мавзӯи «Ҳолати имрӯзаи нашрҳо: муаммоҳои самтҳои менеҷмент ва маркетинг ва таклифҳо оиди бартарафсозии онҳо» анҷуман-тренинг баргузор гардид.

Дар чорабиние, ки таҳти ҳамдастии Бунёди ҷамоатии дастгирии ВАО-и мустақили чопӣ ва оҷонсиҳои иттилоотӣ ва Оҷонсии матбуот ва ахбори Ӯзбекистон рӯи кор омад, намояндагони ВАО ва институтҳои ҷамъияти шаҳрвандии мамлакатамон, инчунин мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Расонидани таклиф ва тавсияҳо оиди беҳсозии ҳолати воқеии воситаҳои ахбори оммавии чопӣ, ба ВАО ворид сохтани таҷрибаҳои пешқадам бобати самтҳои менеҷмент ва маркетинг, мубодилаи афкор ҷиҳати баландбардории нақши журналист дар устуворсозии назорати ҷамоатӣ ва дар он риоя гардидани тамоилҳои этикаи касбӣ барин ҷиҳатҳоро чорабинӣ назди худ мақсад гузошт.
Чи тавре таъкид гашт, имрӯзҳо ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар мамлакатамон ба амал меоянд, дар саҳифаҳои ВАО инъикос меёбанд. Ба дараҷаи нав баромадани дастрасгардонии иттилоот тавассути маводҳои таҳлилию таъҷилӣ баръало мушоҳида мегардад. Чунин ҷараёнро дар фазои расонаҳои ахбори оммавии марказӣ ва маҳаллӣ ҳис кардан мумкин. 
Дар мавзӯҳои муҳими рӯз марбут ба расонаҳои нашрӣ, аз ҷумла, муаммоҳо дар самти менеҷмент ва маркетинг, масъалаи контент – омодасозии ахбор дар нашрҳои ҳудудӣ аз ҷониби мутахассисон маърӯзаҳо хонда шуданд. Давра ва тамоилҳои пешбурди санҷишҳои журналистӣ, айни замон, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Норасоӣ ва муаммоҳо, ки ба пешравии фаъолияти ВАО халал мерасонанд, рӯирост изҳор ва барои бартарафсозии онҳо таклиф, фикру мулоҳизаҳои мушаххас баён карда шуданд.

М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: