ҲОЛАТИ ҲОЗИРАИ АЗНАВКОРКАРДИ МЕВАЮ САБЗАВОТ

Маълум аст, ки дар давраи пеш аз истиқлолият анборҳои махсус танҳо барои маҳсулоти кишоварзӣ, пахтаю ғалла ташкил карда шуда буд, ки онҳо низ кӯҳна шудаанд.

Пӯшида нест, ки дар кишвари мо ба рушди токпарварӣ ва зироати полизӣ эътибори калон дода, дар ин самт қарзҳои бонкӣ ва субсидҳо ҷудо карда мешавад. Дар ин бобат аз тарафи давлатамон чанд сол боз нақшаҳо на танҳо ба такрористеҳсолкунӣ, балки барои нигоҳ доштан ва ба истеъмолкунандагон расонидани маҳсулоти боғу токпарварӣ ва зироати полизӣ низ тартиб дода, тасдиқ карда шудаанд. Корҳоро вазоратҳои дахлдор, иттиҳодияҳо, Шӯрои хоҷагиҳои фермерию деҳқонӣ ва соҳибони замини наздиҳавлӣ зери назорат гирифтаанд.
То имрӯз дар минтақаҳои кишварамон беш аз 300 корхонаи азнавкоркард (ба навъҳо ҷудокунӣ, тозакунӣ, хушккунӣ, брикеткунӣ) амал карда, маҳсулотро содир мекунанд.
Ба истеъмолкунандагон расондани маҳсулоти ток, боғ ва зироати полизӣ, ки бисёр меҳнат талаб мекунад ва зуд талаф меёбад, ҳамчун масъалаи муҳим боқӣ мемонад. Зеро, корхонаҳои мавҷудаи азнавкоркард ҳатто 20 фоизи маҳсулоти дохилиро аз нав кор карда намебароянд ва кори амалиро давом додан лозим аст, то ки сифати он ба талаботи имрӯза пурра ҷавоб диҳад.
Дар корхонаҳои азнавкоркарди ҳозира ва сохташаванда корҳо оиди ба навъҳо ҷудо кардан, хушк кардан ва брикетдорӣ мувофиқи амалиёти ҷаҳонӣ ташкил карда шавад, мувофиқи мақсад мебуд.
Дар корхонаҳои азнавкоркарди кишварамон асосан аз усули шамолкунии фаъол (бо ёрии калориферҳо), хушккунӣ бо ёрии гармӣ, яхкунонӣ ва брикеткунӣ истифода бурда мешавад. Маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ки бо ин усул аз нав кор карда шудаанд, агарчӣ 40 фоизи микроэлементҳо ва витаминҳои фоиданокро гум карда бошад ҳам ба истеъмолкунандагон бидуни вайрон кардани сифат расонда мешавад. Дар амалиёти ҷаҳонӣ усулҳои машҳури ба муддати дароз нигоҳ доштани маҳсулоти азнавкоркарди кишварамон кор карда баромада шудаанд, ки онҳоро фақат дар чанд кишвар медонанд ва муҳлати нигоҳдории он  мувофиқи талаб то 25 сол мебошад. Ин усул тавассути гирифтани то 100 фоиз намии маҳсулоти кишоварзӣ бо истифода аз якчанд намуди яхдон амалӣ мешавад ва талаботи хеле зиёди содиротӣ дорад, зеро маҳсулоти коркардшуда то 100 фоиз модда ва витаминҳои ба организми инсон заруриро нигоҳ медорад.
Дар ҷумҳурӣ теъдоди ками чунин корхонаҳои азнавкоркард фаъолият доранд ва бунёди 10 корхонаи нави калон ба нақша гирифта шудааст. 
Дар ин маврид мутахассисони баркамол ва дар хориҷа таҷрибаандӯхтаи кишварамон бо сармоягузорон ба корҳои ташкилӣ шурӯъ кардаанд.

З.ФАЙЗУЛЛОЕВ, 
сармутахассиси Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳибони замини 
наздиҳавлии Ӯзбекистон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: