Дар натиҷаи тафтишҳое, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти Хидмати амнияти давлатии вилояти Тошканд ва идораҳои дахлдор гузаронида шудаанд, бепарвоӣ нисбат ба мероси мадании маҳаллӣ ва расонидани зарари калон ба манфиати давлат ошкор карда шуд.
Аз ҷумла, байни муассисаи давлатии «Хидматрасонӣ оид ба сохтмон, азнавсозӣ, таъмири асосӣ ва нигоҳдории объектҳо аз ҳисоби сармоягузориҳои мутамарказ»-и назди Вазорати маданият ва корхонаи хусусии «Антиқа ва сифатли қурилиш» дар солҳои 2020-2021 барои таъмир ва барқарорсозии зиёратгоҳи «Шайх Умари Валии Боғистонӣ» воқеъ дар ноҳияи Бӯстонлиқ ба миқдори 1,7 миллиард сӯм шартномаи пудратӣ ба имзо расида буд, аммо Муассисаи давлатии хидматрасонӣ ва шахсони мансабдори корхонаи хусусӣ бо роҳи ба ҳисоб – фактураҳо илова кардани маълумотҳои сохта ва корҳои иҷронашуда, 402,7 миллион сӯми буҷетро ноқонунӣ азхуд кардаанд.
Дар ин маврид, бар асоси моддаҳои 167 (азхудкунӣ ё бо роҳи харҷ тороҷ кардан) ва 209 (сохтакории мансаб)-и Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.
Тибқи қарори Девони Вазирон аз 15 феврали соли 2018 «Дар бораи ташкили самараноки ободонии ҷойҳои муқаддас, зиёратгоҳҳо, масҷидҳо ва қабристонҳо» оиди корҳои таъмир ва азнавсозии зиёратгоҳи «Қиличли ота»-и ноҳияи Қибрайи вилояти Тошканд байни ширкати муҳандисии «Ягона буюртмачи хизмати»-и ҳокимияти вилоят ва корхонаи ҶММ «Тошмелиоқурилиш» шартнома ба имзо расида, аз маблағи буҷет 309 миллиону 107 ҳазор сӯм ҷудо карда шуд.
Аммо масъулони ширкати муҳандисии «Ягона буюртмачи хизмати» ва ҶММ «Тошмелиоқурилиш» бо ҳам забон як карда, дар ҳисоб-фактураи корҳои сохтмон маълумотҳои бардурӯғ дохил намуда, бо роҳи илова карда навиштан ба ҳаҷми кори иҷронашуда 263 млн. 286 ҳазор сӯм маблағи буҷетро ноқонунӣ азхуд кардаанд.
Аз рӯйи ин ҳолат, ба масъулони ширкати муҳандисии «Ягона буюртмачи хизмати» ва ҶММ «Тошмелиоқурилиш»-и вилояти Тошканд тибқи моддаҳои 167 (азхудкунӣ ё ба роҳи харҷ тороҷ кардан) ва 228 (тайёр кардани ҳуҷҷат, штамп, муҳр ва варақаҳо, сохтакории онҳо, фурӯш ё истифодаи онҳо) парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.
Дар мавриди дигар, дар натиҷаи корҳои сохтмон дар муассисаҳои хидматрасонии маишӣ ва дигар биноҳо дар канори ёдгории археологии «Бузган тепа»-и ноҳияи Қибрай ба ин объекти мероси моддию маданӣ ба маблағи 5 миллиарду 668 миллион сӯм зарар расонида шуд.
Ҳоло аз рӯйи ин ҳолат бар асоси моддаҳои 132 (нобуд кардани объектҳои мероси моддию маданӣ, вайрон ва ё хароб кардани онҳо) ва 205 (сӯйистифода аз ваколат ё мансаб)-и Кодекси ҷиноӣ кори ҷиноӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад.
ӮзА.