Чодак аз мавзеъҳои дурдаст ва дар айни ҳол хушманзараи ноҳияи Попи вилояти Намангон буда, дар доманаи қаторкӯҳҳои Чотқол ва Қурама доман густурдааст.
Чодак аз мавзеъҳои дурдаст ва дар айни ҳол хушманзараи ноҳияи Попи вилояти Намангон буда, дар доманаи қаторкӯҳҳои Чотқол ва Қурама доман густурдааст. Бино ба шаҳодати марҳум Аҳмадхонқорӣ Бузруков ва рисолаи «Чодак»-и шодравон Ӯлмас Баҳромзода деҳа таърихи ҳазорсола дорад. Дар ин ҷо Бобои Ҳамадонӣ, Исмоили Атоӣ, Бобои Исматӣ, Шайхи Зинда Алӣ, Мавлоно Лутфуллоҳ ва Чур-чур Момо барин азизу авлиё ва фузало зиндагӣ кардаанд, ки ҳоло турбату мақбараҳои онҳо зиёратгоҳ аст.
Минбаъд низ дар деҳа намояндагони илму фан, санъату маданият, қаҳрамонони меҳнат, пешқадамони истеҳсолот ва хоҷагии қишлоқ, аз қабили М.Усмоналиев, М.Убайдуллоева, Э.Масафоев, М.Маҳкамов, М.Эргашев, И.Сироҷиддинов, У.Аҳмадҷонов ва ғайра ба камол расидаанд, ки чодакиён бо онҳо ифтихор доранд. Яке аз чунин фарзандони обрӯманди Чодак Ҳомидҷон Зоҳидов аст.
Мавсуф соли 1921 дар хонаводаи Мулло Зоҳид ном табиби халқӣ ба дунё омад. Мулло Зоҳид аз гиёҳ ва рустаниҳои шифобахш шарбат ва марҳам тайёр карда, ба ниёзмандон медод. Ҳомидҷон дар ана ҳамин муҳит ба воя расид.
Ӯ соли 1935 мактаби нопурраи таълими умумиро хатм намуда, ба «рабфак»-и шаҳри Қӯқанд дохил шуд ва онро соли 1938 бо имтиёз хатм карда, бо роҳхат ба факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд фиристода мешавад. Вале бинобар Ҷанги дуюми ҷаҳон таҳсилро ба охир намерасонад ва ихтиёрӣ ба мудофиаи Ватан меравад. Дар муҳорибаҳои бисёр ҷасорат ва қаҳрамониҳои беназир нишон медиҳад. Аз аскари қаторӣ то ба дараҷаи командирӣ мерасад ва соли 1947 бо ордену медалҳо ба зодгоҳ бармегардад.
Соли 1948 дар мактабҳои рақами 20 ва 30-юми Чодак ба шогирдон аз фанҳои забонҳои русӣ ва немисӣ сабақ медиҳад. Аммо соли 1957 ба шарофати ҳодисае ҳаёти Ҳомидҷон ба Тоҷикистон мепайвандад...
Бино ба шаҳодати ҳамкасби Ҳ.Зоҳидов Ӯлмас Баҳромзода, ӯ табиатан ба дастнавис ва манбаъҳои арабӣ иштиёқи калон доштааст, маъхазҳои тиббиро мутолиа мекардааст. Гумон намекард, ки ин ҳою ҳавас рӯзе ба сараш кулфат ва надомат меорад. Боре намояндае аз ҳокимияти вилоят барои тафтиши шикоят оид ба интихобот ба деҳа омада, дар дасти Ҳомидҷон китоби кӯҳнаи арабиасосро мебинад ва нобасомонии муҳити маънавии ҷамоаро аз ҳамин китоб ҷустанӣ мешавад. Ҳомидҷонро дар побандӣ ба занҷири дину ҷаҳолат айбдор карда, филфавр маҷлиси сиёсии ҳизбӣ мегузаронад ва ӯро зери тозиёнаи танқид гирифта, аз мактаб хориҷ мекунад.
Ҳомидҷон аз ин воқеаи ғайричашмдошт чанд муддат ноумед гашта, барои аз ғаму андӯҳ фориғ шудан ба Тоҷикистон меравад. Ӯро соли 1958 дар шаҳри Душанбе тақдир ба адибони машҳури тоҷик Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода рӯбарӯ мекунад. Онҳо иштиёқ ва ҳавсалаи беандозаи Ҳомидҷонро нисбати илм пай бурда, хайрхоҳӣ мекунанд. Ҳомидҷон бо кӯмаки эшон дар шуъбаи луғатшиносии Институти дастхатҳои Академияи улуми Тоҷикистон корманди илмӣ мегардад ва дар фурсати кӯтоҳ аз лаборанти оддӣ ба дараҷаи мудири сектор мерасад.
Ҳомидҷон танҳо ба луғатшиносӣ маҳдуд нашуда, дар соҳаҳои адабиётшиносӣ, назму наср, тиб ва табобати халқӣ, тарҷума ва тарҷумашиносӣ низ машғул мешавад. Ҳамзамон дар нашри дуҷилдаи «Фарҳанги забони тоҷикӣ», луғати «Русӣ—арабӣ—тоҷикӣ» саҳм мегузорад.
Тавре ки зикр шуд, Ҳомидҷон Зоҳидов, пеш аз ҳама, муҳаққиқи илми тибби қадим буд. Вай манбаъҳои тибби қадим, аз ҷумла «Тибби Юсуфӣ», «Мизон-ут-тиб», «Қонуни тиб», «Илоҷ-ул-амроз», «Матлаъ-ул-улум», «Матлаъ-ул-фунун» ва ғайраҳоро аз лиҳози илмию танқидӣ омӯхта, дар оммавӣ кунонидани онҳо кӯшиш мекунад.
Самараю маҳсули он саъю ҳаракатҳо буданд, ки Ҳомидҷон Зоҳидов бо такя ба маъхазҳои хоси табобати халқӣ, асарҳои калонҳаҷмро бо номҳои «Хазинаи тибби қадим» (соли 1990) ва «Канзи шифо» (солҳои 1991, 1993, 2013, 2018) ба ҳукми ҳаводорон ва ихлосмандон пешкаш мекунад. Дар онҳо беш аз 3600 истилоҳоти табобати халқӣ шарҳу тафсир шуда, хусусиятҳои бисёр гиёҳҳои табиӣ зикр гардидаанд.
Ҳомидҷон Зоҳидов соли 1993 аз дорулфано ба дорулбақо реҳлат кард. Алҳол мероси ғании табобати халқии табибро ҷиянаш Раҳматҷон Каримов идома медиҳад.
Абдуллоҷон БӮТАЕВ,
собиқадори меҳнат,
деҳаи Чодаки ноҳияи Поп.