ҲОСИЛЛӢ – САМАРҚАНДИ ДУЮМ

17 октябри соли 1994 дар шумораи 34-уми рӯзномаи шаҳрдории Теҳрон «Ҳамшаҳрӣ» мақолаи рӯзноманигор Собир Рауфзода таҳти сарлавҳаи «Махзани бебаҳо», ки бахшида ба корҳои ободонӣ ва шаҳрсозии Амир Темур дар Қафқоз навишта шудааст, нашр гардидааст.

17 октябри соли 1994 дар шумораи 34-уми рӯзномаи шаҳрдории Теҳрон «Ҳамшаҳрӣ» мақолаи рӯзноманигор Собир Рауфзода таҳти сарлавҳаи «Махзани бебаҳо», ки бахшида ба корҳои ободонӣ ва шаҳрсозии Амир Темур дар Қафқоз навишта шудааст, нашр гардидааст. Мо ҳоло хостем ба муносибати 685-солагии Амир Темур матолиби мазкурро мухтасаран дар рӯзномаи дӯстдоштаатон «Овози тоҷик» чоп кунем. 
Дар қисми ҷанубу ғарбии баҳри Хазар, дар сарҳади Озарбойҷон махзани бебаҳо – масҷиде, ки дар охири асри XIV аз тарафи Амир Темур бунёд гардидааст, мавҷуд аст. Масҷид дар шаҳри Ҳосиллӣ –  дар ҷойи шаҳраки оташпарастони Муғон, ки бо мурури замон ба вайрона табдил ёфта буд, бунёд шудааст.
Назар ба маълумотҳои дақиқ, масҷид ҳашт маротиба дар дохили оташ мондааст. Ибодатгоҳи асосӣ – мақбараи он талафоти калон дида бошад ҳам, қисмҳои асосии меъмории зебову зариф, девор ва гунбадҳои кабуду фирӯзаранги он, ки бо услуби форсиву арабӣ кошикорӣ шудааст, то ба мо расида омадааст. 
Масҷид моҳи ноябри соли 1935 бо фармони роҳбари ҳукумати шуравӣ расман баста ва ба анбори ғалладона баргардонда шуда буд.
Соли 1397 аҷдоди қавмҳои тоҷикӣ – тот, суғд, ғалча, заргар, аз қабилаҳои туркӣ – ҷалоир, шамлу, румлу, ғара ғойунлу, афшар, уҷарлу, шотирлу, бойхон бо фармони Амир Темур ба Ҳосиллӣ оварда шудаанд, ки бо забони худашон гуфтутугӯ мекарданд.  Онҳо бо гузашти вақт ба оилаи ягона ҷамъ шудаанд, ки ҳоло озарӣ номида мешавад.  
Дар манбаъҳо қайд шудааст, ки Амир Темур вақти сохтмони манораи калони масҷиди Ҳосиллӣ аз аҳолӣ андоз меситонад. Бино бар он, ҳар як истиқоматкунанда ба ҷойи сохтмон як ҷуволӣ бояд коҳ меовард. Коҳро ба гирду атрофи манора мерехтанд, то ки бинокорон бо ин восита ба нуқтаи баланди манора баромада, сохтмонро ба охир расонанд.
Масҷид дорои китобхонаи бузург ва ғанӣ аз дастнависҳои қадима буд, ки аз мамлакатҳои Шарқ тоҷирону зиёратгарон меоварданд. Дастнависҳоро хаттотони номвари Форс, Миср, Ҳинд, Сурия, Яман рӯйнавис карда буданд, ки бо эзоҳашон 3 ҳазор ададро ташкил мекард.
Тирамоҳи соли 1795 қӯшуни Оғо Муҳаммадхони Қочор ба Ҳосиллӣ ҳуҷум карда, зимистонро он ҷо ба сар кард. Аскарони он мардумро қатли ом ва асир гирифта, шаҳрро ба хок яксон карданд.
Қисми асосии қӯшун ба шаҳр надаромада, донишмандон масъалаи ба куҷо пинҳон кардани китобҳоро андешиданд. Вақте ки корвони пури китоб шаҳрро тарк мекард, хабар расид, ки душман ба шаҳр наздик омадааст. Он гоҳ сояи манора ба девори бинои вайронае, ки хонаи зеризаминӣ дошт, меафтид. Қарор карданд, ки китобҳоро дар он таҳхона пинҳон кунанд...
Китобҳо зери вайронаҳо монд...
Нақл мекунанд, ки сояи манора соле як маротиба ба он ҷое, ки китобҳоро пинҳон кардаанд, меафтод.
Ин ривояти таърихӣ дар шакли шифоҳӣ то ба мо расидааст. Аммо солноманавис ва сайёҳоне, ки оиди ин шаҳр маълумот додаанд, хеле зиёданд.
Ҳамидуллоҳ ибни Абдуллоҳ Самарқандӣ, ки бевосита дар бунёдкориҳои Ҳосиллӣ иштирок кардааст, оиди ин шаҳр дар асараш «Садои олам» чунин навиштааст: «Чи хеле ки худи Амир ҳамеша эътироф менамуд, Ҳосиллӣ Самарқанди дуюм аст. Ин туҳфаи арзандатарини амир ба насли азизи худ буд. Вақти барпои шаҳр замини ҳосилхезе интихоб гардид, ки дар баҳамоии ду дарё воқеъ буд ва он дар дашти зебоманзари Муғон буд. Бо фармони Амир Темур «дидгоҳи назоратии Мағриб»-и мисли Самарқанд бунёд гашт. Амир  маро ба наздаш хонд ва фармуд, ки оиди барпои санаи шаҳр ва масҷид нависам. Фармон дар муддати кӯтоҳ иҷро шуд... 
Вақте ки Амир ҳамаи инро дид, хурсанд шуд ва фармуд, ки ба ман чизҳои қиматбаҳо туҳфа кунанд ва худи ӯ маро роҳбари «сипоҳӣ»-и ин масҷид таъин кард».
Дертар солноманавис ва сайёҳи асри XV Мавлавӣ Абдул ибни Носираддин ибни Муҳаммад ал-Нишопурӣ дар «Туроннома» ном китобаш навиштааст: «Дар вақти зиёратамон ба вилояти Муғон пойтахташ шаҳри Ҳосиллиро чунон обод дидем, ки мисли он шаҳри зебо набуд, масҷидҳои боҳашаму карвонсаройҳо Самарқандро мемонд. Шаҳр 10 ё 12 бозор дошт. 
Шаҳр аз як тараф бо девори ғафсу баланд, аз тарафҳои дигар бо Хосдарё ва Мишордарё иҳота мешавад. Баландӣ ва ғафсии девор ҳафт аршин буд... Фарохии кӯчаи калонтарини Ҳосиллӣ даҳ қадам, кӯчаи хурдтарини он барои пиёдагардон кифоя буд, ки баъзеаш иборат аз ду-се қадами байни аз як девор то ба девори дигари рӯ ба рӯйи он буд... Ман бо қозии калони шаҳр Хоҷа Исмоил ибни Ҳамидуллоҳ  сар то сари шаҳр сайру саёҳат кардам ва тақрибан муайян намудам, ки гирду атрофи он иборат аз 16 фарсанг аст. 
Қозӣ ба ман гуфт, ки дар шаҳр 2359 хонавода буда, дар он наздик ба 14 ҳазор нафар аҳолӣ иқомат мекунанд. Аз чаҳор се қисми аҳолиро тоҷикон ташкил намуда, бо силоҳсозӣ, шоҳибофӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, мисгарӣ, мирзоӣ ва истеҳсоли матои пашмин машғул мешаванд. 3650 нафар аз он мардон ба даст силоҳ гирифта, хонаводаашонро ҳифз мекарданд...
Ҳосиллӣ 12 мадраса дошта, дар ҳар яки он 2 нафар мударрисӣ мекунанд. Дар се шифохонаи шаҳр чандин нафар табиб ва ҳакимон фаъолият мебаранд. Дар шаҳр 2 масҷиди ҷомеъ мавҷуд. Дар масҷиди калони он дар як вақт 8-10 ҳазор нафар намоз гузошта метавонанд. Масҷиди Калон чор  дарвоза дошта, ҳар яке манорае дорад. Аз ин сабаб, тоҷикони маҳаллӣ онро «Чор манор» низ меноманд...».
Манбаи дигари шавқовари таърихӣ доир ба ин шаҳр «Очеркҳои сайёҳ»-и англис Самюэл, ки онро муаллимаи дӯстдоштаи ман Лайлохонум Муғонлӣ тарҷума кардааст, чунин меорад: «...Дар ин ҷо аз гандум, ҷав, харбуза, тарбуз, каду, гелос, бодиринг, пиёз, анор, себ ҳосили фаровон мегиранд... Мардуми ин диёр баору хуштабиат аст. Мардон ва занон куртаҳои сернақшунигор ба бар мекунанд...  Дар ин ҷо сангҳои қиматбаҳо ва тилло нест. Нуқраро аз Сурия, Форс ва Хуросон фаровон мебиёранд. Кӯзагаре, ки «усто» мегуфтанд, ба ман сандуқи аз гулмоҳии баҳр сохташударо туҳфа кард. Ман аз ӯ бисёр савғотиҳо харидам». 

Собир РАУФЗОДА,
журналист.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: