ҲОСИЛНОКИИ ЗАМИН БА ЯХОБИ САРИВАҚТӢ ВОБАСТА АСТ

Ҳоло эътибори асосии ҳукумати Ӯзбекистон ба мушкили об нигаронида шудааст.

Масъалаи рушд ва ислоҳ кардани соҳаи хоҷагии об яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба шумор меравад.
Аз сабаби дигаргунии иқлим ва бо суръати баланд зиёд шудани аҳолии кишварамон танқисии об ба назар мерасад. 
Ин мушкил ҳифзи захираи об, самаранок истифода бурдан аз манбаъҳои он ва бо назорати доимӣ идора кардани манфиатдории истифодабарандагони обро талаб мекунад.
Мақсади мо бо роҳи истифодаи самарабахши об беҳтар гардондани тарзи зиндагонии аҳолӣ, кор карда баромадани нақшаи истифодаи сарфакоронаи захираи об, мустаҳкам намудани пойгоҳи меъёриву ҳуқуқии сектори хоҷагии об ва таъмин кардани устувории экологӣ мебошад.
Соли 2018 барои миробҳои хоҷагии қишлоқ пурмашаққат ва нисбат ба солҳои дигар душвор буд. Аз ин сабаб, барои ҳосили соли 2019 беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии замин ва фаъолияти соҳаҳои мелиоратсия, омода кардани замин ба яхобмонӣ, босифат ташкил кардани корҳои яхобмонӣ ва ба нақша даровардани ҳисобу китоби миқдори об ҳамчун талаби асосии соҳа ба шумор меравад.
Баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва беҳтар гардондани сифати он ба ғайр аз чораҳои номбаршуда ба босифат шустани шӯри замин, омода кардани замин  ба саривақт ва бо меъёри муайянгардида яхобмонии тирамоҳу зимистон ва шудгор кардани замин низ вобаста аст.
Яхоб баробари кам кардани миқдори шӯри замин, ба бештар ҷамъ шудани захираи намнокии хок, нашъунумӯъ ёфтани ниҳол,  6-8 рӯз пеш аз муддат ба ҳосил даромадани ғӯза, дар ҳар гектар то 4-6 сентнер зиёд гардидани ҳосилнокӣ ва дар обёрии баъдина то 25-30 фоиз ихтисор шудани об мусоидат мекунад.
Дар миқёси ҷумҳурӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ҷамъ 673,4 ҳазор гектар майдонро замини дараҷаи шӯриаш кам 305,1 ҳазор гектар, шӯриаш миёна 282,8 ҳазор гектар ва шӯраш баланд 85,5 ҳазор гектар ташкил медиҳад.
Аз рӯйи тартибу қоидаи яхобмонӣ ба заминҳои дараҷаи шӯрашон баланд 3 маротиба (дар ҳар яхобдиҳӣ ба миқдори 2000 мукааб метр об дода мешавад), шӯриашон миёна 2 маротиба ва шӯриашон кам 1 маротиба яхоб дода мешавад.
Ҳоло дар миқёси кишвар дар 1092,3 ҳазор гектар замин корҳои яхобдиҳӣ бурда мешавад. Заминҳои шӯрхок соли 2018 673,4 ҳазор гектар буда, нисбат ба соли 2014, ки 685,6 ҳазор гектарро ташкил мекард, ба 12,2 ҳазор гектар кам шуд.
Барои ба амал татбиқ кардани чорабиниҳои яхобмонӣ расонда додани  3 млрд. 279 мукааб метр об аз манбаъҳо пешбинӣ шудааст.
Бо мақсади таъмин намудани саривақт ва босифат ташкил кардани шӯрхокшӯӣ 713-то отряди обёрӣ ташкил карда шуда, ба он 5 ҳазору 466 нафар аз ташкилотҳои хоҷагии об ва 59 ҳазору 986 нафар аз хоҷагиҳои фермерӣ ҷалб карда шудаанд. 
Ҷӯйборҳои дохилии хоҷагиҳои фермерӣ бо роҳи ҳашар тоза карда шуданд.
Бо мақсади муттасил таъмин  шудани об кори доимии насос ва гидроиншоотҳо, ҷадвали бо қувваи барқ таъмин кардани чунин насосҳо бо кӯмаки корхонаҳои электрикии ҳудудӣ коркард ва фаъолияти он ба роҳ монда шуд.
Дар яхобмонӣ обронҳои хоҷагии қишлоқ ҷалб карда шудаанд, ки саривақт додани музди меҳнат ва рағбатноксозии онҳо таъмин карда мешавад.
Имрӯз дар ноҳияҳо корҳои асосии яхобмонӣ бурда мешаванд, аммо дар баъзе мавзеъҳо қатъи назар аз корҳои фаҳмондадиҳӣ ва огоҳ кардани мутасаддиёни шуъбаи ирригатсияи ноҳия маълумоти зарурӣ дар муддати муайян тақдим намегардад, дар яхобмонӣ саҳлангорӣ ба назар мерасад. 
Барои бартараф кардани муаммо ва камбудиҳои мавҷуда дар миқёси ҷумҳурӣ чораҳои зиёд андешида мешаванд. Назар ба маълумотҳо дар муддати гузашта аз тарафи шуъбаҳои ирригатсияи ноҳияҳои вилоятҳо ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар иҷрои мониторинги яхобмонӣ дар асоси барнома камбудиҳо ба назар мерасиданд. 
Соли ҷорӣ бошад, дар сартосари мамлакат бо иштироки мутахассисони соҳа муаммоҳое, ки дар мониторинги омодасозии замин ба яхобмонӣ ва фаъолияти фермерон дар мавсим монеъ мешавад, бартараф мегарданд.
Назорати мониторинги ҳаррӯзаи яхобмонӣ, бартарафсозии муаммо ва камбудиҳои шуъбаи ирригатсияи ноҳия ба зиммаи роҳбари он гузошта шуд, нисбат ба роҳбар-ходимоне, ки ба камбудӣ роҳ додаанд, чораҳо андешида мешаванд.
Дар ҳар мавзеъ ходимони масъул таъин шудаанд, ки онҳо дар он ҷо бо рафти кор шинос шуда, аз соати 17 то 18 маълумоти заруриро ба шуъбаи ирригатсияи ноҳия мерасонанд. 
Бо роҳи ба амал татбиқ намудани чунин чорабиниҳо дар 673,4 ҳазор гектар майдон корҳои сифатноки яхобмонӣ бурда мешавад.
Заминҳои дараҷаи шӯриашон баланд ба 85,5 ҳазор гектар, дараҷаи шӯриашон миёна ба 197,3 ҳазор гектар кам шуда, ҳолати мелиоративии 637,4 ҳазор гектар замин беҳтар мешавад. 
Барои ҳосили соли 2019 захираи намнокии заминҳои яхобмонда баланд мегардад, ҳосилнокӣ дар ҳар гектар то 10-15 сентнер зиёд шуда, сифати маҳсулот низ беҳтар мешавад.

 Гӯзал АЛИМОВА,
мутахассиси Маркази захира ва таҳлили ахбори Вазорати хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: