ҲУББИ ВАТАН АЗ ИМОН!

Ватан калимаи зебо ва дилнишинест, ки баробари шунидани он хонаву дар, гаҳвора, модару падар, дӯсту ёр пеши назар меоянд.

Ватан калимаи зебо ва дилнишинест, ки баробари шунидани он хонаву дар, гаҳвора, модару падар, дӯсту ёр пеши назар меоянд. Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон аст. Агар модар моро ба олам оварда тарбия намуда  бошад, Ватан-модар ба сарамон  дасти навозиш ниҳода, моро барои давом додани зиндагии пуробуранг равона менамояд.
Ватан аз муқаддасоти инсон аст. Ҳисси ватандӯстӣ то дараҷае расидааст, ки бузургон хоки Ватанро ба тахти Сулаймон, хори онро ба лолаву райҳон монанд кардаанд. Муҳаббат ба Ватан аз овони кӯдакӣ зоҳир шуда, баъд ташаккул меёбад. Инсон ба обу хоки Ватан чунон дил мебандад, ки хушбахтии худро танҳо бо Ватан медонад.
Таърих гувоҳ, ҳар касе аз Ватан бо зарурате берун меравад, андаке нагузашта дар дил пазмонии онро ҳис мекунад. Ба назари банда, ҳамин ҳис шояд аз муҳаббат ба зодгоҳу одамони пурфазилати ин диёр сарчашма гирад. Шеъри Ӯғилой Ҷӯрабоева далели ин суханҳоянд:
Шермардоне чу Шерак номдор,
Томирис, Спитамен ҳам Мунтасир,
Дар ҳамин ҷо сар ба душман бохтанд,
Чун Деваштич суғдмарди беназир.
Чӣ қадар бузургу чӣ қадар соҳибэҳтирому соҳибэътиноянд онон. 
Бале, сеҳри бисёр дорад вожаи Ватан. Фикр мекунам, дар воло доштани мафҳуми Ватан хидмати адибону шоирон хеле бузург аст. Афкори ватандӯстонаи шоирони кишвар дар адабиёти даврони Истиқлол  доманаи густурда дорад ва дар ин боб бешубҳа нахуст бедор кардани ҳисси ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба марзу буми он мебошад. 
Имрӯзҳо дар ҷумҳурии мо якчанд ҳавзаи адабии форсӣ-тоҷикӣ вуҷуд дорад, аз ҷумла доираи адабии Тошканд дар назди рӯзномаи “Овози тоҷик”, маҳфили адабии “Сапедадам” дар шаҳри Ангрен, доираи адабии Самарқанд маҳфили «Қофилаи Рӯдакӣ», дар Сурхондарё маҳфили адабии “Амвоҷи Вароруд”, дар Фарғона маҳфили адабии “Худафрӯз”, дар Навоӣ низ ҳавзаҳои адабӣ  амал мекунанд. Ҳар як эҷодкори  ҳавзаҳои адабӣ аз сарсабзии мамлакат, қудрату тавоноии дӯстии халқҳо, ободу зебо гаштани ин сарзамин ба ваҷд омада, дар шеъру ғазалҳояш тараннуми Ватан мекунад. Ба ин маънӣ шоир Абдуқайюм Ҳасанзод фармудааст:
Имрӯз навбаҳори Ватан сабзу
 хуррам аст,
Пиру ҷавони кишварам хушбахти 
олам аст.
 
Сад шукр, осмони Ватан софу
 беғубор,
Ин бахти мову қисмати пири 
муаззам аст.
 
Дилҳои тираро Ватан осуда мекунад,
Ҳар кӣ бирафт аз Ватан, 
як умр сархам аст.
 
Дар сояи Ватан будан ин бахти
 бебаҳост,
Не, не, ба қалби маҷрӯҳ як умр 
марҳам аст.
 
Паймонаи шаҳонаи ҷамшедӣ боядам,
К-ин мулки ман муносиби фардои 
хуррам аст!
 
Аз шоирони тавонои кишвар Паймон дар васфи Ватан фармудааст:
Ҳеч шак бар ин сухан нест,
Тифли инсон беватан нест.
Баҳри ҳамчун ман ҳабибат,
Ҳубби ту панд аст, фан нест.
 
Ӯзбекистон, Ӯзбекистон,
                     ҳафт пуштамро Ватан! 
Сарзамини саргузаштам,
                     сарнавиштамро Ватан!
 
Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ низ Ватанро дар пардаҳои баланд ситудааст: 
 
Камол ёфт ҳастиям зи ҳастии 
вуҷуди ту,
Ба қалби ман кашида шуд 
харитаи ҳудуди ту.
Шукӯҳи рӯҳи ҷадди ман аён шуд 
аз суруди ту,
Ҳумои парчами ту бод бахти 
парфишон, Ватан!
Суруди миллии ту бод вирди қудсиён, 
Ватан!
     
Шоироне, ки имрӯзҳо қалам ба даст гирифта Ватанро месароянд, ҳастии худро бо Ватан ва халқи олиҳиммати хеш тавъам медонанд ва ба Ватан ҳамчу фарзанди солеҳ бо тамоми ҳастии худ хидмат мекунанд. 
Мо бар онем, ки ашъори миҳанпарастонаи шоирони тоҷики Ӯзбекистон дар дили хонандагон меҳру муҳаббати Ватанро бештар месозад ва дар таҳкими дӯстии халқҳо мусоидат менамояд.
 
Шуҳрат БОБОҶОН,
мудири шуъбаи таълими томактабии шаҳри Ангрен.
 
 
 
Малик КАБИРОВ
 
БИГИРЯМ
 
Модари ҷон, аз барам рафтӣ ба ин дунё бигирям,
Бо дили решам ба ҳаҷри Зӯҳраи заҳро бигирям.
Зиндагӣ чун мавҷи дарё умри инсон мерабояд,
Меҳри ту ояд ба ёдам дар лаби дарё бигирям.
Ними шаб аз рахти хобам мешавам боло ба зорӣ,
Бар фурӯғи рӯйи модар дар дили шабҳо бигирям.
Домани покизаат саҷҷода шуд бар порсоён, 
Аз сафои ту ба гулбарги гули раъно бигирям.
Қадри ту, модар, надонистам ба вақти зинда будан,
Дар сари қабрат шинам бар лавҳаи хоро бигирям.
Сар ба саҳро мезанам, чун сар ба пойи ту намондам,
Аз надомат ҳамчу булбул домани саҳро бигирям.
Чун бубинам пирае* ҳамранги модар, метапад дил,
Ҳамчу кӯдак монда сар бар синаи момо бигирям.
 
* Пира – пир, куҳансол.
 
Асадуллоҳ ШУКУРОВ
 
ШУҲРАТИ ТУ ОЛАМЕ ТАСХИР КАРД...
 
Эй Бухоро, оби шӯрат оби чашмони ман аст,
Раъду барқат қатрае аз мавҷи исёни ман аст.
Баҳри ҳар як заррахокат ҷон бидодам солҳо,
Сангу хишти ҳар манорат пораи ҷони ман аст.
Моҳи Хоса бо ҳамон истораи рахшони худ
Раҳнамои миллати аз худ гурезони ман аст.
То ҳанӯз Исмоили Сомонӣ аз худ норизо,
Норизо аз ҳамзабони нобасомони ман аст.
Бӯалӣ Сино надорад як нишоне дар диёр,
Ҳар гиёҳи ин замин ҳарчанд дармони ман аст.
Аз Баҳоуддин Балогардон бигирам ибрате,
«Дил ба ёру даст бар кор» ин рамзи имони ман аст.
Эй Бухоро, шуҳрати ту оламе тасхир кард,
Таъриху шаъну шукӯҳат шавкату шони ман аст.
 
АНДЕША ВА РОЗҲО 
 
ГАНҶИ СУХАН 
 
Дар тӯли умр танҳо дар талош бо ниҳод – дили худ доштам, ки онро соф, пок, саршори меҳр ва  муҷалло аз партав бидорам. Аз дили худ берун овардам ҳарфҳои аз нигоҳи худ муассирро, навиштам сатрҳои зеборо. Ин ҳама буданд ифтихори ман дар дунёи дурӯза.
Фирефта нашудам ба дурахши зару сим, дар дил доштам ва дорам ганҷи суханро. Бедареғ онро бубахшидам ба дигарон...
 
ПИРӢ ҲАМ БИГЗАРАД
 
Дар осмони пушти панҷараи манзилам абрҳои сияҳу хокистариянд. Онҳо хотирнишон кунанд маро, ки инсонро рӯзҳои тира ҳасту бигзаранд. Чуноне ки гул-гулшукуфии фасли ҷавонӣ гузашт, пирӣ, нотавонӣ ҳам бигзарад.
Асрори ҷавонию пирӣ ифшо нагардид дар умри кӯтоҳи сарам, ҷавонӣ бигзашт, пирӣ ҳам пушти сар бишавад.
Лаҳзаҳои тараб ҳаст дар умр бо онҳо хуш бош, то он рӯз, ки Худованд бистонад амонати худро.
 
Ӯктам ИБРОҲИМ.
 
 
НАФОСАТИ НАҚШҲО
Дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд намоишгоҳи шахсии Арбоби хидматнишондодаи санъати Ӯзбекистон, рассом Дамир Рӯзибоев бо номи «Нафосати нақшҳо» баргузор шуд.
Дар намоишгоҳ ду асари рангтасвир, ҳафт ҳайкалтарошӣ ва 75-то графикаи рассом ба намоиш гузошта шудаанд. 
– Аз ин самти санъат худ завқ мебарам, чун нақшҳои меъмории анъанавӣ графика низ дорои зебоӣ, нафосат буда, хеле диққатҷалбкунанда аст. Аксарияти онҳо бо забони «гиреҳ» тасвир ёфта, танҳо ба рассом ва графикаи он иртибот дорад. Ман дар корҳои археологии ҳайкалчаҳои рангаи маҳалли Холчаён иштирок намудам ва ин кофтуковҳо ба ман илҳом бахшиданд ва ин намуди санъатро интихоб намудам, – мегӯяд рассом. – Дар рафти ҷустуҷуҳо натиҷа гирифтам, ки дар асрҳои миёна дар мо санъати наққошӣ ва ҳайкалтарошӣ хеле рушд карда будааст. Осори санъати мавҳумро мо дар гунбазҳои Тӯрабекхонум ва кошиҳои Шоҳи Зинда дучор меоем. «Гиреҳ» дар наққошиҳои ниёгон ба кор бурда шудааст. Ҳанӯз дар пеши назарам образҳои гуногун ҷилва мекунанд, ки яке бародарам, дигаре кулоли гузарамонро ба ёд меоранд.
– Бо ин намуди санъат бори аввал аз наздик ошно гардидам. Бо як нигоҳ гумон мекунед, ки асар танҳо аз нақшҳо иборат аст, вақте бо диққат назар меандозед, шакл, намуд ва ё сурати ягон предмет пеши назар намоён мегардад. Тамошои ҳунари устод хеле мароқангез буд, – мегӯяд яке аз бинандагони намоишгоҳ, хонандаи мактаби миёнаи рақами 47-уми ноҳияи Чинози вилояти Тошканд Шукурбой Султонов.  
Яке аз ҷиҳатҳои дигари санъати «гиреҳ» дар он аст, ки барои идроки фаъоли тамошобин  фикри пешбинишудаи наққош комилан руйи лавҳ намеояд, яъне бинанда ё хонанда бо зӯри идрок онро фаҳм мекунад. 
Намоиши шахсии Д.Рӯзибоев то 12 апрел давом мекунад.
 
С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
Суратгир: Т. ХОВАРӣ.
 
 
 
ҲИКОЯҲОИ ХУРД
МАЙНАҲОИ ТИФОҚ
 
Фирӯз аз мактаб омад, ки дар рӯйи ҳавлӣ селаи майнаҳо чир-чиркунон бо ҳам ҷанг мекарданд. Ҳатто бо нӯлашон ба сари якдигар ҳамла меоварданд.
– Оббо, майнаҳои ҷангарае, – сар ҷунбонда хандид бобо ва ба Фирӯз рӯ овард. – Бачем, аз инҳо дуртар гард...
Ин вақт чӯҷаи майна аз болои дарахт ба замин афтид. Лекин майнаҳо ҳанӯз бо ҳам ҷанҷол мекарданд. «Ба майнабача ёрӣ лозим. Ҳозир ӯро ба лонааш нагузорам, гурба мехӯрад», – аз дил гузаронд Фирӯз ва рафта майнаро ба даст гирифт.
Ногоҳ селаи майнаҳо чун абри сиёҳ атрофашро печонида гирифта, ба Фирӯз ҳуҷум карданд. Фирӯз бо ду даст онҳоро аз худ дур карданӣ мешуд, аммо наметавонист.
Майначаро парто! – нидо баровард бобо. – Зуд ба хона даро!
Фирӯз майнаро аз даст раҳо карда, гурехт. Майнаҳо ӯро дунбол карданд. Ӯ ба хона даромада, дарро пӯшид. Майнаҳо дарро зада, шишаи тирезаро ҳам шикастанӣ мешуданд. Аз тарс дасту пойи Фирӯз меларзид. Вай аз тиреза ҳаракати онҳоро мушоҳида мекард. Майнаҳо хомӯш шуда, чаҳор нафарашон бо нӯлашон майначаро бардошта, ба лона гузоштанд. Боқимондаҳо чун нозирон онҳоро назорат мекарданд, ки ягон фалокат рух надиҳад.
– Бачем, дидӣ, майнаҳо номуросо бошанд ҳам, дар масъалаи ҳаёту мамот бо ҳам тифоқанд. – гуфт бобо.
 
БА ҶАНГИ ЗАНУ ШӮ ОСТОНА ХАНДИДААСТ
 
Рӯзе дугонаи наздикам парешонхотир ба мактаб омад. Аз вай сабаби ғамгиниашро пурсидам. Вай бо чашмони гиряолуд ҷавоб дод:
– Э дугонаҷон, дирӯз байни падару модарам низоъ бархост. Модарам гиря карданд. Наход онҳо акнун аз ҳам ҷудо шаванд.
– Дугонаҷон, ҳеч ғам нахӯр, дар ҳама оила низоъ мешавад, – гуфтам ман дилбардорӣ карда. – Дар оилаи мо ҳам ҳарчанд ки ҳама намунавӣ меҳисобанд, чунин воқеа рӯй дода буд.
Дугонаам ба ҳолу ҷонам намонда, асли воқеаро фаҳмидан хост. Ман ноилоҷ ба ӯ нақл кардам:
– Рӯзе падару модарам барои чизе баҳс намуданд. Падарам фикри худро маъқул медонисту модарам аз гуфтаи худаш намемонд. Дар охир модарам бо ҷаҳл «ман ба хонаи модарам меравам», гуфт.
Ман, ки кай боз ба хонаи бибиам нарафта будам, ин қарори модарамро дастгирӣ кардам. Модарам ин тавр сурат гирифтани ҳодисаро мунтазир набуд магар гуфт:
– Акнун имрӯз торик шуд, пагоҳ меравем. То пагоҳ чизҳои падаратро мешӯем.
Мо дар вақти хоб будани аҳли оилаамон ҷомашӯӣ кардем, ҳатто либосҳоро дарзмол ҳам намудем. Пагоҳии барвақт модарам пешниҳод кард:
– Биё, духтарам хонаҳоро ҳам рӯфта баъд меравем.
Мо хонаҳоро рӯфта, чангҳоро пок кардем.
Ман аз «кай меравем?» гуфтан монда намешудаму модарам ба ғайр аз «духтарам, ин корро кунем, он корро кунем» дигар гап намегуфт.
Вақти нонушта падарам гуфт: «Узр, дирӯз туро ранҷонидам, аслан фикри ту дуруст будааст». Модарам чизе гуфтан хосту аммо худдорӣ кард. Ӯ аз раъяш гашта буд. Ин суханони падарам гӯё  модарамро сеҳр карда буд. Ҳама ба якдигар нигариста хандидем. Падарам барои чӣ механдид, намедонаму ману модарам аз рафтори худ шарм дошта механдидем.
– Ана дидӣ, падару модаронамон ҳарчанд ҷанҷолу баҳс кунанд ҳам, вале ояндаи моро фикр мекунанд. Ҳоло мебинӣ, ба хона равӣ, падару модарат аллакай оштӣ шудаанд.
Дугонаам оштӣ шудани падару модарашро пеши назар овард магар, ки дар лабонаш гули табассум шукуфт.
 
Фарзона ҲАМИДОВА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: