Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар, хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар, гуфта мешавад дар яке аз таронаҳои мардумӣ.
Боз гӯяе ҳаст: «Аз боғу боғчаи ҷои бегона хору хасчаи диёри худӣ афзалтар». Табиист, фарзанди инсон дар куҷое дида ба дунё кушод, он ҷо барояш макони муқаддас ҳисоб меёбад.
Вале эҳсоси ватанпарастӣ дар мо дигархелтар. Ҷои хуни нофаш рехта барояш он қадар азиз, ки онро ба дунёҳо иваз намекунад.
Кам нестанд халқҳое, ки паррандаҳои кӯчиро монанд – дар кадом мамлакат умр ба сар бурданашон чандон аҳамиятнок нест. Барояшон муҳим он ки зиндагиашон хуб гузарад. Лекин мардуми мо, бо сабабе, ба мулки бегона афтад ва кору зиндагӣ ихтиёр кунад, ҳамеша бо ёди Ватан, ки барояш азизтар аз ҷон аст, нафас мекашад. Тасаллои дилаш ин аст: «Бе ватан нест, касе, ки мекунад ёди Ватан!»
Ҳубби Ватан аз имон аст, таъкид ёфта дар ҳадис. Мафҳуми Ватан тавъам ва ҳамсанг бо мафҳуми дин ва миллат (мазҳаб) буда, барои мӯъмин аз ҳар чиз муқаддастар. Соҳибимон, айни замон, соҳиби Ватан буда, бо ғам ва шодии он ҳамеша шарик. Касе, ки Ватанро не, фақат ҳузуру ҳаловати худро фикр кард, аз шараф дур аст.
Таърихи дур ва бузурги давлатдориро моликем. Дар идоракунии давлат, аз ин нигоҳ таҷрибаамон бой. Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Имом Мотурудӣ, Бурҳониддин Марғинонӣ, Абӯлайс Самарқандӣ барин алломаҳо, ҳамчунин суханварони соҳибхирадамон имону диёнат, меҳр ва садоқат ба диёрро тараннум кардаанд. Ҳакиме фармуда: «Вафодории шахс дар ватанро дӯстдорӣ, ёру бародаронро чӣ тавр пазмоншавии ӯ зуҳур меёбад».
Садоқати инсон нисбати халқ ва қавму пайвандонаш аз ҳисси ватанпарастӣ, саҳми ӯ дар осудагӣ ва ободии диёр намоён мегардад.
Яке аз намояндагони дини мубини ислом дар ҷумҳуриамон таъкид сохт, ки «оне Ватанро дӯст намедорад, аз мо нест».
Ватани азизи мо, зимнан, нафақат макони муқаддаси мусулмонон, балки хонаи умумии халқҳои зиёданд, ки ба дин ва оинҳои гуногун гараванд ҳам, мақсад ва муддаои олии ягона доранд – саҳм гузоштан дар таъмини осудагӣ ва равнақи ҳамин диёр, ки мегӯянд: «Қисмати ман, бахти ман туӣ, Ватани озод ва ободам!»
Дар ин сарзамин манфиат ва қадри инсон аз ҳар чиз воло, сарфи назар аз он ки вай ба кадом миллат мансуб аст. Ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон дар фаъолияти шахсии худ ва торафт равнақёбии кишвар ба сарнавишти ин Ватани шукуфон дахлдорӣ ҳис мекунад ва боз дарк месозад тӯли 27 соле, ки гузашт, дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол офарандагӣ ва ободонӣ қисми ҷудонопазири ҳаёти мо гардид.
Дар ин макон арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ олӣ арзёбӣ мегарданд. Кишвари рӯ ба ривоҷи мо узви муносиби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст.
Бо шарофати истиқлолият, ки соли 1991 дар ин сарзамин дурахшид ва халқҳоямонро аз тирагӣ раҳонд, Ӯзбекистони офтобиамонро дунё шинохт. Аз бозсозии кулле, ки як-ду соли охир ба вуқӯъ пайваст ва ба диёри мо шукӯҳу зебоии дигар бахшид, Ватани мо, бо маънои ҳақиқӣ, ба яке аз гӯшаҳои зебои олам табдил ёфт. Шояд дар ягон кунҷу канори дунё ба ободгариҳо ин қадар аҳамият надиҳанд. Шаҳрсозӣ мазмун ва моҳияти тоза пайдо карда, деҳоти дурдаст, бо татбиқи лоиҳаҳои наве, ки бо хуррамсозиҳо тавъаманд, ба боғшаҳр табдил меёбанд.
Дар корҳои азими бунёдгарона, меъмориҳои шарқона ва замонавӣ, ки ҳар яке асари нотакрорро монанд, анъана ва арзишҳои олиамон ифода, азми нек, орзу ва ормони халқи шарафманди мо тараннум меёбанд.
Модар ва тифл – ҳамеша мавриди ғамхорӣ. Эътибор ба тақдири ҷавонон вазифаи шарафноки ҳар яки мо, хусусан, онҳое, ки дар идораҳои дахлдор фаъолият мебаранд. Барои тарбияи фарзандон чӣ дар оила ва чӣ дар муассисаҳои таълимӣ заминаҳои мустаҳкам гузошта мешаванд. Оилаҳои ҷавон аз кӯмакҳои моддӣ ва маънавӣ баҳравар мегарданд. Бо шуғл ва манзил таъминсозии онҳо – аз вазифаҳои устувор. Калонсолон, хусусан нурониҳо, ки файзу таровати зиндагии моанд, аз эътибор дар канор нестанд. Кӯмак ба муҳтоҷон, меҳр ва мурувват ба оилаҳои камтаъмин, ки фазилатҳои ба халқи мо хосанд, равшантар ба зуҳур меоянд.
Маҳз дар ҷамъияте, ки аз нигоҳи маънавию иқтисодӣ дар дараҷаи баланд қарор доранд, инсон ҳаёти муносиб гузаронданаш мумкин. Барои расидан ба ин гуна мақсадҳои олӣ технологияҳои пешқадамро фаро гирифтан хеле муҳим. Зимнан, дар татбиқи инноватсияҳо мо ба комёбиҳои бузург даст меёбем, акнун имконият фароҳам омада, ки технологияҳои мураккаби замонавиро истеҳсол ва экспорт намоем.
Нафақат дар технологияҳои мураккаб, ки маҳсули тафаккури волост, нафақат дар қаср ва кушкҳои пурвиқор, ки бо шавкату ҳашамат, зебоию нотакрорӣ касро ба ҳайрат мегузоранд, дар маърифат, илму маънавият низ қудрати мо намоён мегардад. Дарёи азимро мемонд адабиёти ҳазорсолаи аҷдодиамон, ки қаъраш пур аз дурру гуҳар. Бо кушода шудани саҳифаҳои нави таърих ва фарорасии давраи тозаи тараққиёт адабиёт мисле ба маҷрои аслии худ бармегардад.
Акнун аҳли эҷод тарғибгари мафкураи қолабӣ ва пуч не, тадқиқгари рӯҳияти инсон буда, дар ҷодаи ҳуррият ва поксозии қалб хидмат менамояд.
Яке аз донишмандон фармуда, ки фарзанди ҳақиқӣ ба камол расида, ба халқ наздик ва ҳамроҳ гардида, ниҳоят ба худи халқ табдил меёбад. Бо ифодаи дигар, бедорӣ ва барҳаётии рӯҳият дар меҳр ва муҳаббати мо ба халқи азиз ва Ватани маҳбубамон муҷассам аст.
Ш. МУҲАММАД.