Шаҳри Чуст яке аз шаҳрҳои бостонии Ватанамон ба шумор меравад.
Он таърихи беш аз 3 ҳазорсола дорад, ки аз он тадқиқоту бозёфтҳои бостоншиносон шаҳодат медиҳанд. Шаҳр соли 1926 аз нав бунёд гардида, ба маркази маъмурии ноҳия табдил ёфтааст.
Дар доираи иҷрои қарори Президент «Дар бораи боз ҳам такмил додани низоми идоракунии давлатӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва Барномаҳои таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии маҳалҳои аҳолинишин дар солҳои 2023-2027» аз 11-уми сентябри соли 2023, обод ва васеъ намудани ҳудуди маъмурии шаҳри Чуст дар солҳои 2024-2044 ба нақша гирифта шудааст.
Таъкид намудан зарур аст, ки масоҳати ҳозираи шаҳри Чуст 2800 гектар буда, дар 22 ҷамоати шаҳрвандони он зиёда аз 91 ҳазор нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад. Мувофиқи ҳисоби демографӣ, дар 20 соли оянда шумораи он эҳтимоли ба 135 ҳазор нафар расиданро дорад. Аз ин боис, дар асоси сарнақшаи нав масоҳати шаҳр ба 4 ҳазор гектар расида, даҳҳо биноҳои иҷтимоӣ бунёд мегарданд.
Ҳокими вилояти Намангон Шавкат Абдураззоқов бо лоиҳаи нави шаҳр батафсил шинос шуда, ҷиҳати такмили минбаъдаи он ба масъулон супориш дод. Аз ҷумла, ба рушди инфрасохтори роҳ, сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва савдо, бунёди «Кӯчаҳои ҳунармандон» ва кӯчаҳои марказии шаҳр таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.
Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.