ҲУҶҶАТЕ, КИ ҚАДРИ ИНСОН ВА ЭЪТИМОДИ ӮРО БА ОЯНДА МУСТАҲКАМ МЕКУНАД

Сарқонун ҳуҷҷати асосиест, ки ҳувияти халқ, мақсад, саъю ҳаракатҳо, ҳуқуқҳо, манфиат ва маҷбуриятҳои ӯро инъикос менамояд.

Ин ҳуҷҷат ҳар қадар мукаммал бошаду ба он мунтазам амал карда шавад, ҷамъият ҳамон андоза инкишоф меёбад, халқ бошад, ба орзуву ниятҳои худ мерасад. 
Аз ин рӯ, Сарқонун ҳуҷҷати олиест, ки қадри инсон ва эътимоди ӯро ба оянда мустаҳкам менамояд. 
Биёед, дур нарафта, ба соли равон дида бидӯзем. Дар «Соли гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол» чандин корҳои хайр ва тадбирҳои самарабахш гузаронида шуданд. Дар онҳо баробари ба оянда эътимоди халқро мустаҳкаму зиёд кардан бобати ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда низ бисёр корҳо амалӣ гардиданд. 
Дар давроне, ки ҷараёнҳои сиёсӣ дар тамоми олам басо мураккаб идома доранд, дар Ӯзбекистони азизи мо таъмин шудани ҳаёти орому осуда ин худ дастоварди бузург мебошад. Ин устуворӣ бошад, ба ҳамаи мо, ба ҳамзистии халқамон вобаста аст. 
Дар ҷараёни идомати ҳаёт дар ҷомеа мавҷуд будани камбудиву нуқсонҳо ҳолати табиист. Барои барҳам додани онҳо бошад, баҳри танқид кардани норасоиҳои мавҷуда метавонем аз ҳуқуқи озодии сухан, ки дар Сарқонунамон инъикос ёфтааст, истифода бубарем. Аммо бояд дар назар дошт, ки дар пояи ин ҳуқуқ набояд ба озодии шахс ё худ ҳуқуқҳои вай таҳдид карда шавад, шаъну шараф ва қадру қимати шахс поймол гардад. Инро набояд фаромӯш кард. 
Дар ин ҳолат муносибатҳои иҷтимоии шахсони ҷисмониву ҳуқуқӣ, агар бо як сухан ифода кунем, муносибатҳои ҷамъиятии байни халқ ва мақомоти давлатӣ бояд ба тартибу низоме, ки дар қонунҳо нишон дода шудаанд, пурра мувофиқат кунанд. 
Мустақилии масъалаҳои баҳсталаб хуб аст, агар аз ҷониби суде, ки бо Қонуни Асосӣ таъмин гардидааст, дар пояи бетарафӣ бо назардошти ҳақиқат ва мизони адолат, равандҳои  баробариву холисӣ ҳалу фасл шаванд. 
Хулоса, дар мавриди таъмин кардани иҷрои қонунҳое, ки бинобар қомус қабул шудаанд, бояд ба равандҳои «шахс – ҷамъият – давлат» қатъиян риоя карда шавад. Ин барои беш аз пеш инкишоф ёфтани Ӯзбекистони азиз хеле муҳим буда, дар он бояд ҳар як инсон, пиру барно ҳисса гузоранд, дар натиҷа дар ҷомеа суннатҳои демократӣ барқарор мешаванд ва ҷамъияти озоди шаҳрвандие, ки ба адолати иҷтимоӣ такя мекунад, куллан пойдор мегардад.

Мавҷуда РАҶАБОВА, профессор, 
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ.
ӮзА.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: