Дар ҷамъбасти мулоқоти Ӯзбекистону Қазоқистон маросими имзои санадҳои дуҷониба баргузор шуд.
Президенти Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ба ҳуҷҷатҳои тарихӣ – Шартнома дар бораи муносибатҳои иттифоқӣ ва Шартнома дар бораи демаркатсияи сарҳадҳои давлатии Ӯзбекистону Қазоқистон имзо карданд.
Илова бар ин, дар сатҳи ҳукуматҳо, вазорату идораҳо, ширкатҳои бузурги ду кишвар 15 санад ба имзо расид, ки тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаро пешбинӣ мекунанд.
Созишномаҳо дар бораи таъсиси Маркази байналхалқии саноатии «Осиёи Марказӣ», дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ, Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи шартҳои сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон аз 7 июли соли 2000 аз ҷумлаи онҳост.
Муоҳидаҳо дар соҳаи ислоҳоти стратегӣ, рушди савдои электронӣ, хоҷагии ҷангал, хидмати давлатӣ, “харитаҳои роҳ” оид ба густариши ҳамкорӣ байни вилоятҳои Тошканд ва Туркистон, Навоӣ ва Қизилўрда, Ҷиззах ва Туркистон, инчунин созишнома дар бораи татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика, саноати кимиё, нақлиёт ва логистика қабул шуданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни сафар қарордодҳои тиҷоратӣ ва созишномаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 8 миллиард доллар ба имзо расид.