Ҳуҷҷатҳои имзошуда ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории серқирраи Ўзбекистон-Туркманистон хизмат мекунанд

  • Ҳуҷҷатҳои имзошуда ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории серқирраи Ўзбекистон-Туркманистон хизмат мекунанд

Дар қароргоҳи Кӯксарой маросими имзои ҳуҷҷатҳо аз рӯи натиҷаҳои музокироти олӣ дар сатҳи Ӯзбекистону Туркманистон баргузор шуд.

Шавкат Мирзиёев ва Сердар Бердимуҳамедов Изҳороти муштаракро ба имзо расониданд, ки дар он созишномаҳои асосӣ ифода ёфта, вазифаҳои дарозмуддат оид ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба ва шарикии стратегӣ байни ду кишвар муайян шудаанд.

Дар ҳузури сарони давлатҳо ҳамчунин аз ҷониби раҳбарони вазорату идораҳои ду кишвар созишномаҳо ба имзо расидаанд. Дар маҷмӯъ 19 санад ба имзо расид, аз ҷумла:

– Созишнома оид ба рушди ҳамкории нақлиётӣ ва транзитӣ;

 – Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

– Созишнома оид ба идора, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои оби дарёи Амударё;

– Созишнома дар бораи гузаронидани озмуни муштараки лоиҳаҳои тадқиқотии ташаббускор;

 – Барномаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва рушди кооператсияи саноатӣ барои солҳои 2022-2025;

 – Барномаи ҳамкориҳои илмию техникӣ барои солҳои 2022-2024;

– Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ барои солҳои 2023-2024;

 – Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи амалии муқаррароти Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба таъсис ва танзими минтақаи тиҷоратии наздисарҳадии Ӯзбекистону Туркманистон - Маркази савдо.

Инчунин як қатор ҳуҷҷатҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноати кимиё, масъалаҳои гумрукӣ, алоқаи роҳи оҳан, хоҷагии ҷангал, кори осорхонавӣ, адлия, сиёсати ҷавонон, телевизион ва радиошунавонӣ ва ғайра ба имзо расиданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: