Иброҳимҷон Султонови марғелониро имрӯз дар саросари Ӯзбекистон мешиносанд.
Иброҳимҷон Султонови марғелониро имрӯз дар саросари Ӯзбекистон мешиносанд. Дар матбуот ӯ ба ҳайси ҳунарманди моҳир ва соҳибкори кордону корчаллон муаррифӣ мешавад. Аз ин рӯ, ба корхонаи хусусии “Қолиҳои Иброҳимҷон”, воқеъ дар шаҳри Марғелон рафта, бо фаъолияти ӯ ошно шудем.
Корхонаи ӯ дар баробари истеҳсоли қолиҳои гуногун матоъҳои атласу адрас ва шоҳию беқасаб низ истеҳсол мекунад. Маҳсули кори дасти ӯ ва шогирдонаш аллакай дар чандин кишварҳои хориҷӣ машҳур мебошад.
Иброҳимҷон Султонов аввалин ҳунарманди соҳаи қолибофӣ ва тайёр кардани матоъҳои мардумист, ки аз вилояти Фарғона дар қатори шаш нафар узви Сенати Олий Маҷлис интихоб карда шуд. Биёед, беҳтараш аз он шурӯъ кунем, ки вай аввал чикора буду баъд чӣ гуна маъруфият пайдо кард.
– Аввали солҳои 90-уми асри гузашта буд. Ман бо аъзои хонавода атласу адрас ва бахмал мебофтем. Ин ҳунар ба мо мероси бобоиву падарӣ. Маҳсулоти атласу адрас ва бахмалро барои фурӯш ба бозори Туркия мебаровардем. Дар он ҷо дӯстони туркиам аз ман суол карданд, ки чаро ба қолибофӣ машғул намешавам ва ба бозори онҳо ин маҳсулотро намеорам. Донистам, ки бозори онҳо ба қолиҳои мо хеле ниёз дорад, – ёдовар шуд соҳибкор.
Вай ба Ватан баргашт ва хост аз пайи ин кор шавад. Аммо ҳунарманде набуд, ки қолибофиро ёд диҳад. Ҳамон солҳо дар шаҳри Намангон корхонаи муштарак таъсис ёфта ва ин корхона қолин низ истеҳсол мекард. Ҳунармандони туркӣ дар ин ҷо ба як гурӯҳ занону духтарон ҳунари қолибофиро ёд медоданд.
– Аз зумраи ҳамин ҳунармандон як усторо ба корхонаи хусусии худ даъват кардам. Дар оғози корамон 15-20 нафар занону духтарон ба бофтани қолӣ ҷалб гардиданд. Аммо дарҳол корамон барор накард ва қолиҳои бофтаи моро дар Туркия чандон написандиданд. Гуфтанд, ки ба ҷои қолиҳои оддӣ мо қолинҳои суратдори абрешимин тайёр карда биёрем. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста мо ба ин кор машғул шудем, – мегӯяд Иброҳимҷон.
Танҳо соли 2000-ум тавонистанд қоливу қоличаҳои мавриди эҳтиёҷи харидорони туркро истеҳсол намоянд. Вале дар оғози кор барои ба даст овардани нахи абрешим парвариши кирмакро ба роҳ монданд. Баъди ин ки корҳояшон ривоҷ ёфт, нахи абрешимро аз соҳибкорони атроф мехаридагӣ шуданд.
Чанде муқаддам вай бар асоси шарикӣ бо давлат бинои пурҳашами “Маркази ҳунармандон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Ин бино аз ду ошёна иборат. Дар ошёнаи якум занону духтарон матоъҳои атласу адрас, шоҳию бахмал ва беқасаб мебофанд. Дар ин ҷо матоъҳои абрешимин ба намоиш гузошта шудаанд, ки як гӯшаи ин ошёнаро зеб медиҳанд. Дар гӯшаи дигар маҳсулотеро ба намоиш гузоштаанд, ки аз ин матоъ дӯхта шуданд.
– Ин ҷо ба матоъ гул мекашанд ва маҷрои дигари корҳои марбут ба тайёршавии матоъро иҷро мекунанд, – мегӯяд Иброҳимҷон.
Дар ошёнаи дуюм занону духтарон машғули қолибофӣ буданд. Садои шарақ-шуруқи дастгоҳҳои оддӣ ба атроф паҳн мешуд. Тамоми корҳо дастӣ иҷро мешуданд. Таъкид бояд кард, ки ин маҳсулоти абрешимин харидорони худро дар Туркия, ИМА, Италия, Фаронса, Русия, Қазоқистон ва Тоҷикистон пайдо кардааст.
Дар ин ҷо беш аз 600 нафар ба бофтани дусад намуди қолину атлас ва адраси замонавӣ машғул. Маоши ҳадди миёнаи онҳо дар ҳудуди севуним миллион сӯмро ташкил медодааст. Дар корхона расонидани хизмати маишӣ ва омӯзиши ҳунари бофандагӣ низ ба роҳ монда шудааст. Он ҷо ҷавонони зиёд ба давраи навбатии омӯзиш ҷалб гардидаанд.
– Ба наздикӣ Президент зимни сафар ба вилояти Фарғона аз корхонаи мо боздид намуд ва маслиҳату машваратҳои муфид дод. Ҳамчунин сарвари давлат барои фароҳам овардани ҷои кори зиёд моро хеле ситоиш кард. Бар асоси тақозои Шавкат Миромонович минбаъд дар вилоятҳои ҷумҳуриамон бахшҳои ҳунармандии худро ифтитоҳ мекунем ва ба он бештар ҷавонон, хусусан ҷавондухтарони маҳаллиро ҷалб менамоем, – изҳор кард раиси корхона.
Қолибофӣ ва тайёр кардани атлас, адрас ва беқасаб кори чандон саҳлу сода нест ва он машқи дурударозро талаб мекунад. Ба таври мисол аз як килограмм нахи абрешим метавон дар давоми сол танҳо як қолин бофт.
Ҳамсуҳбати мо аз он ёдовар шуд, ки барои офаридани дастгоҳҳо аз бонкҳо қарзҳои дарозмуддат гирифта буданд. Ин дастгоҳҳоро худашон аз маҳсулоти маҳаллӣ тайёр мекарданд, зеро корхонае, ки истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти қолибофӣ ва атласу адрасбофиро осон гардонад, дар саросари Ӯзбекистон мавҷуд набуд. Дар айни ҳол низ чунин корхона арзи вуҷуд накардааст. Барои ҳамин онҳоро ин ҳол маҷбур намуд, ки дастгоҳҳоро дастӣ созанду дар тавлиди маҳсулот истифода кунанд.
– Аз охири солҳои навадум ба ин кор шурӯъ кардем. Соли 2005 бо ҳамкорони чинӣ ва туркӣ ба тайёр кардани дастгоҳҳои оддии бофандагӣ пардохтем. Дар 5-6 соли охир аз ҳамон дастгоҳҳо истифода мекунем. Аксари корҳои мо дастӣ иҷро мешаванд ва соҳаи мо ба дастгоҳҳои бузургу замонавӣ низ чандон ниёз надорад, – мегӯяд Иброҳимҷон Султонов.
Арзиши ҳар як қолӣ аз рӯи метри мураббаъи он муайян карда мешавад. Арзиши як метри мураббаъи қолиҳои арзони ин корхона ба 2 ҳазор доллари амрикоӣ баробар мебошад. Аммо нархи як метри мураббаъ қолиҳои нахашон хеле нозук то 50 ҳазор доллари амрикоиро ташкил мекунад.
– Ба наздикӣ ду қолиро ба мизоҷони хориҷии худ фурӯхтем, ки яке 55 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш пайдо кард ва қолини дувум дар ивази 61 ҳазор доллар харидорӣ шуд. Ин қолиҳо 3 бар 4 ва 3,5 бар 4,5 метрро ташкил мекард ва бо чиҳил хел ранг ороиш ёфта буд, – гуфт Иброҳимҷон Султонов.
Маълум шуд, ки ҳадафи асосии корхона истеҳсоли қолиҳои рақобатноки абрешим ва содир намудани он ба хориҷи кишвар мебошад.
– Дар Ӯзбекистон ба қолиҳои шумо эҳтиёҷ эҳсос мешавад? – пурсидам аз Иброҳимҷон Султонов.
– Бароятон ҳақиқати гапро мегӯяму мемонам. Дар мо ин маҳсулот харидорони худро надорад. Зеро нархи он хеле баланд, барои ҳамин корхонаамон асосан барои хориҷ маҳсулот истеҳсол мекунад.
– Оё дар Осиёву Аврупо ва Амрико боз кардани дуконҳои корхонаатонро ба нақша гирифтаед?
– Бале. Дар баробари он ки маҳсулоти моро аз корхонаамон харида мебаранд, мо боз тасмим гирифтаем, ки бозори худро фарохтар созем ва дар кишварҳои дигар якчанд дукон боз кунем. Ба ин васила, мо ду ҳадафи худро амалӣ месозем: вақте ки хориҷиён маҳсулоти моро дар дуконҳои кишвари худ мебинанд, онро мехаранд, дуюм, мепурсанд, ки он дар куҷо истеҳсол шудааст. Сонӣ дар онҳо хоҳиши сафар ба мамлакати мо пайдо мешавад. Инро таҷриба собит намудааст, – мегӯяд Султонов.
Зимни сайру гашти корхона ҳарду дар назди қолии ҳаҷман калонтар таваққуф намудем. Сардори корхона гуфт, ки ин қолӣ бо арзи 4 ва дарозии 6 метр бофта мешавад. Маълум шуд, ки онро мувофиқи супориши мизоҷон мебофанд. Нархи фурӯши он 71 ҳазор доллар муқаррар шудааст.
– Падарам Ашӯралӣ Султонов ба синни 90 расидаанд. Ҳанӯз бо маслиҳату машвараташон фаъолиятамро идома медиҳам. Писарам – Исмоилҷон аз даҳсолагӣ ба бофандагӣ рӯй овардааст, – гуфт Иброҳимҷон ба ҷавони паҳлӯяш ишора карда.
– Шумо ва фарзандонатон дар ягон мактаби олӣ таҳсил кардаед? – пурсидам аз ӯ.
– На, ҳамаи маҳорату қобилиятро аз мактаби касбии падар омӯхтаам. Акнун онро ба фарзандону шогирдон интиқол медиҳам, то ки наслҳои дигар низ аз он бебаҳра намонанд, – посух дод Иброҳимҷон Султонов.
Соҳибкор дар муддати кӯтоҳ тавонистааст, ки мавқеи мустаҳкам пайдо кунад ва ба чӣ қодир будани соҳибкори ҳақиқиро намоиш диҳад. Ҳоло ҳар меҳмоне, ки ба шаҳри кӯҳнаи Марғелон меояд, дар баробари тамошо аз ҷойҳои таърихии он, кӯчаҳои равону иморатҳои боҳашам, хиёбонҳои зебо ва сайргоҳҳои ҷаззоб, ҳатман аз корхонаи “Қолиҳои Иброҳимҷон” боздид мекунад. Дар ояндаи наздик корхонаи хусусии ӯ ба мактаби маъруфи қолину атлас ва адрасбофӣ табдил хоҳад ёфт.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.