ҲУНАРИ АЗ ДИЛ БАРХОСТА ВА БАР ДИЛҲО НИШАСТА

Ҳунари асилу ҳирфаии эҷодию иҷроӣ ҳамеша бо тозакориҳои ҳунарӣ пазиро ва маҳбуб мешавад ва равиши тозакориҳои ҳунарӣ хоси ҳама давраҳои таърихӣ буд ва ҳастанд.

Ҳунари  асилу ҳирфаии эҷодию иҷроӣ ҳамеша бо тозакориҳои  ҳунарӣ  пазиро ва маҳбуб мешавад ва равиши тозакориҳои ҳунарӣ хоси ҳама давраҳои таърихӣ буд ва ҳастанд. 
Солҳои 60-80-уми садаи ХХ давраи рангомези  ҳунари эҷодию иҷроии  касбии  тоҷик  аст. Таҳаввулоти эҷодию иҷроие, ки  дар санъати мусиқии тоҷик ин солҳо падид омаданд, ба фаъолияти эҷодию иҷроии  зумраи  сарояндагоне  чун Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова, Боймуҳаммад Ниёзов, Зафар Нозимов, Ҷӯрабек Муродов, Одина Ҳошимов ва дигарон  дар иртибот аст. Дар ҳунари эҷод ва иҷроии ин солҳо  беш аз ҳама  падиди мавзӯоти  гуногун, ҷустуҷӯҳои  ҳунарӣ, нигаҳдошти  ифодаҳои  рангомези  иҷроӣ, рӯйи саҳна овардани симои  худи сароянда, мушкхонии анъаноти  овозхонӣ, бо таҷдиду  такмил, диду бардошти тозаи эҷодии  мутобиқ ба  бардошту тавонҳои  бадеию зебоишиносӣ, ҳамсонсозии имконоти ҳунарии хеш буд. 
Устод Ҷӯрабек баробари ҳунарманди  фазоянда будан, инчунин аз  чеҳраҳои бисёр ошно ва номовари тамаддуни навини тоҷик аст. Суруду шеваи  махмалиниҷроии ӯ ҳамсадои  дили шунаванда ва ҳамрадифи  анъаноти  асили  иҷроии  дирӯзу  имрӯзи  мост. Новобаста  бо гузашти  солҳо, падиди таҳаввулоти  иҷтимоию сиёсӣ, дигаргунамаобии  мизону  тавозунҳои  бадеию зебоишиносӣ, рӯйи кор омадани овозҳои тақаллубию якнавохтсароӣ, паст шудани завқу салиқаи мусиқипазирии ҷомеа суруд ва санъати иҷроии ҷӯрабекона санги сари роҳ, диду бардошти пазирандагони ҳунарашро ноҷӯр насохт. Гузашта аз ин шеваи хосу махмалин, санъати молоҳунарии иҷроӣ, инчунин дар фарҳанги иҷроии садаи ХХ ва оғози садаи ХХI тоҷик чеҳраи мондагор аст. Ӯ чун бисёре аз  ҳампешагонаш дар баробари мухлисони сершумор, шогирдони зиёд доштан, инчунин  ба шахсони ҳасудбар ҳам рӯ ба рӯ шудааст. Ин  гувоҳи он аст, ки ҳунар ва шахсияти устод Ҷӯрабек дар тамаддуни тоҷик, Осиёи Марказӣ ва бурун аз он саршор аз муассирияти хосаи бадеию иҷроист.
Устод Ҷӯрабек  ба эътирофи худаш аз овони кӯдакӣ аз падараш, ки шахси табиатан шоирманишу мусиқидӯст буд, ба шеъру мусиқӣ  ворид шудааст. Ӯ то замони  вориди донишгоҳ шудан, назди устоди ҳирфаии созу  овоз, дарси ҳунари ҳирфаӣ наандӯхтааст. Вале  ба қавли маъруф гӯё худованд ба ӯ лаҳну нафаси довудӣ, мизробу дастони борбадӣ ҳадя намудааст. Овоз ва лаҳни хоси мусиқиаш минбаъд сарнавишти зиндагию корномаи ҳунариашро шукуфою барозанда кард. Овози марғулию  киромҳунарии хоси иҷроияш ӯро ба шоҳроҳи шеъру мусиқӣ вориду дастурномаи ҳунарии фазояндаро  армуғон  кард. 
Устод Ҷӯрабек наздик  ним сада аст, ки бо созу лаҳни махмалину марғулиаш ба дилҳо сафою ба равони  одамон навоҳои ромишангез эҳдо менамояд. Ӯ борбадвор ва рӯдакивор созу тарона, чакомаю сурудҳои  сидқу вафо эҷоду иҷро менамояд. Ҳар сурудааш саршор аз танини  наву лаҳни махмалини иҷроиянд.  Варзидагӣ ва волоҳунарии ӯ бар дигар ҳунарварони асри худаш, яъне тасаллут  бар адои маъонии  бадеъи шеъри  хуниёӣ, овози мусиқивору мавзун, ифодаю тавонҳои хуниёии иҷро, хориқа ва салиқаи ӯ  дар манзури шунаванда намудани таркибу пероя, таровишҳои овозии бисёр пиростаю молоиҷроии овоз, таҳриру чаҳчаҳои марғули муассири овозхонист, ки навоҳои нафисро ибдоъ ва  пешкаши шунаванда  менамояд. Вай  таҳти таъсир ва баҳрабардори пурбори эҷодкорона аз мусиқии устодона ва мардумии тоҷик ба камол расида ва то ҷое  худро меросбари маънавии Ҳоҷӣ Абдулазиз (1856-1936), Содирхон (1847-1933), Шоҳназар Соҳибов (1903-1972), Фазлиддин Шаҳоб (1911-1974), Боймуҳаммад Ниёз (1927-2009) ва дигарон медонад. Барои хидматҳои борҳунаронааш дар тарғибу тарвиҷи мероси  мусиқии асили тоҷикон ва мардумони  Осиёи Марказӣ  ва Ховари Наздик, санъати баланди эҷодию иҷроияш ба дарёфти ҷоизаю унвонҳои олии ҳунарӣ, ифтихорномаҳои Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравӣ, мамолики Шарқу Ғарб, шаҳрванди чандин марказшаҳрҳои фарҳангӣ дастёбу комгор шудааст.
Ӯ бозхонӣ  ва эҳёи  оҳангҳои  мондагор, шева, мактаби хоси устодонро сармашқи кори ҳунариаш қарор дода ва рӯйи онҳо кор мекунад ё сабки оҳангсозии нобиғони созу овози марказшаҳрҳои фарҳангии тоҷиконро бо тозакориҳои ҳунарӣ такмил медиҳад. 
Дар санъати иҷроии устод Ҷӯрабек ҳамагуна таркиб, перояҳои тазйинии иҷроию овозӣ  сохта нестанд ва он табиист. Ӯ дар ҷараёни иҷрои таснифоти мардумию устодона аз пайи ифодаҳои маснӯи  маъмулӣ нарафта, бештар  бо истифодаи такяҳои  махмалинхонии овозӣ  корбурди ҳунарӣ менамояд.
Дар санъати эҷодию иҷроии тоҷикон,  бинобар ба таъкиди устод Ҷӯрабек, паҳлӯҳои зиёду муассири дастнохӯрдаи овозхонии борбадишед хеле зиёд аст. Ӯ то ҷое  дунболи рӯйи саҳна овардани вижагиҳои хоси эҷодию иҷроии хос аст, ки дигарон дар ин замина  кам кор карда ва ё завқу салиқаи иҷрои овозашон даст намедиҳад он муассироти хуниёии шеърро тавассути овози хушу сози мавзун, хушҳанҷараи марғулию махмалин, ифодаҳою пероянашидҳо, чаҳчаҳу таҳрироти тараннумӣ рӯи саҳна оранд. Пӯшида нест, ки  гурӯҳе  гирифтори таснифоти рӯзмарра ва дағдағаҳои  маъмулу камниҳоду урёниҷроӣ  ва тез аз хотирҳо зудоянда  ҳастанд. Масалан, суруди устодонаи  Ҳоҷӣ Абдулазиз  «Гулъузорам»-ро сарояндагони зиёде сурудаанд, вале ҳеч кадоме чун устод Ҷӯрабек дар кашфи ниҳодҳои дарунию равонию молоиҷроии  ин асар муваффақ нашудаанд. Дар санъати эҷодию иҷроии Ӯзбекистон ҳам дар иҷрои ин тасниф иҷрогарони ҳирфаию ғайриҳирфаӣ кори зиёди иҷроӣ ба харҷ додаанд ва қисме муваффақ ҳам шудаанд ва доранд мешаванд. Вале падидовардани имконоти  тазйинии талҳини махмалинхонӣ, ифодаҳои молоиҷроии  суннатӣ ва интихоби матни  ҳамсон, ҳамавзони зарбии  шеърию мусиқии «Гулъузорам» (бо ғазали Шоҳпури Нишобурӣ) дар корбурди бориҷроии устод Ҷӯрабек ифода ва тавони нави бадеию зебоишиноси мусиқӣ касб кард. 
Корҳои ҳунарии устод Ҷӯрабек дар аз нав рӯйи саҳна овардани таснифоти мусиқии устодона фаннитар ва борҳунаронаанд.Яъне ҳар кори иҷроии ӯ дар падиди навиҷроии  таснифоти  «Бозургонӣ», «Дӯстхудоӣ», «Баёти панҷ», «Савти Муноҷот», «Ироқи Бухоро», «Ушшоқи Ҳофиз», «Савти Мискин» ва амсоли ин  саршор аз талҳиноти мавзунхонӣ ва заминаи иҷроиашон  аз дил бархоста ва бар дил нишаста аст.
Фаъолияти эҷодию иҷроии устод Ҷӯрабек дар санъати оҳангсозӣ ҳам  муассир аст. Овозу сози тоҷик бо  шеър ва  авзону зарб, баҳрҳои ритмикӣ ҳамсону ҳамҷӯр аст ва эҷодкор бояд ба ин  нуктаи муҳими фарҳанги эҷодию иҷроии мо таваҷҷӯҳи хоса диҳад. Барои риояти ин махсусиёти шеъру мусиқиамон  барои танзиму коркарди  оҳанг ва иҷрои борҳунарии он сарфи вақту салиқаи баланд, диду назари жарфи ҳунарӣ ниёз дорад. Муассирияти таснифоти иҷрою эҷодкардаи устод Ҷӯрабек  аз он ҷиҳат манзури ҷомеа аст, ки дар онҳо ифодаҳои рангини ҳамоҳангии  таъсирманди шеъру мусиқӣ тавассути овози иҷроии мавзуну махмалин, нашида ва таркибу перояҳои савтии амбитусию миксии (муассириҷроии хотирмону махмалин – А. Р.) иҷроӣ-овозӣ ба субут расидаанд. 
Муҳимтарин омил дар санъати эҷодию иҷроии устод Ҷӯрабек вуҷуд ва корбурди  шеъри рангомезу маъниманд ва ҳамсону ҳамавзон ба мусиқӣ, баҳраварию корбурди наву диди фардии иҷроии худи ӯ зам мешаванд. Ин равиши корҳои ҳунариаш, ки бо диду бардошти эҷодкорона рӯйи саҳна омадаанд, дар иҷрои  осори мусиқии устодона  чун «Савти Муноҷот», «Сегоҳ»,  «Бозаргонӣ», «Ушшоқи Душанбе»,«Насри Ушшоқ», «Ироқи Бухоро», «Соқиномаи Ироқи Бухоро», «Баёти Шероз», «Уфари Муноҷот», «Гулъузорам», «Тановар», «Баёти панҷ», «Савти Мискин» ва ғайра дарвоқеъ як маҷмӯаи рангину нави иҷроӣ дар мусиқии устодонаанд.
Таснифоти эҷоду иҷрокардаи устод Ҷӯрабек мутанаввӯъ ва гуногунмавзӯанд. Таснифоташ барои завқу салиқа, диду бардошт, шахсиятҳои гуногуни иҷтимоии ҷомеа  эҷод ва иҷро шудаанд. 
Таснифоти устод Ҷӯрабек  ҳар кадом  барои худ паём ва ҳадафе доранд. Мусиқии асил ва санъати эҷодию иҷроии ҳирфаӣ барои нигаҳдошти арзишҳои мондагори ҳар давру  замон эҷод ва иҷро мешаванд. Дар ҳар сурудаш завқу салиқа, бардоштҳои рангомези  иҷроӣ  корбурд шудаанд. Ин танаввӯъоти иҷроии мусиқиро дар сурудҳои «Хазонрез», «Хосияти дукокула», «Зодаи Тоҷикистон», «Забонгумкарда» (шеърҳо аз Лоиқ), «Дӯстонро гум макун», «Дили модар», «Суруди Рӯдакӣ», «Ватан» (шеърҳо  аз Устод Турсунзода), «Шакарханди шумо», «Захми забон» (шеърҳои Устод Айнӣ), «Рӯ ба рӯ» (шеъри Тоҳира), «Дили ман», «Ид омад», «Эй боғбон» (шеърҳо аз Ҷалолуддини Балхӣ), «Турки паричеҳра», «Ширу шакар», «Ҳасрати дил» (шеърҳо аз Ҳофиз, Ҷомӣ  ва Лоҳутӣ) ва ғайра саршор аз салиқа, завқ, ифодаҳои муассири овозии иҷроии мусиқӣ корбаст шудаанд. Резакориҳои иҷроии овозии сароянда ҳамсон ба шеъри маънигустару мутанаввӯъи  тоҷикӣ-форсист.
Сарояндагони хушсалиқа дар ҷараёни интихобу бардошти  мусиқии мардумӣ онро дар ҳамон шеваи маъмулӣ насуруда ва  бо коркарди тозаҳунарии иҷроӣ рӯйи саҳна меоранд. Кори ҳунарии устод Ҷӯрабек  дар заминаи  рӯйи саҳна овардани осори мусиқии мардумӣ ҳама  бо тозаҳунариҳои  эҷодию иҷроӣ  корбаст шудаанд. Ин тозаиҷроиҳо дар сурудҳои  «Зулайхо» , «Вовайло», «Рӯйи ту моҳ», «Қошлари қаламлар», «Худат гул», «Санаме», силсилаи рубоиёти  саргаҳи Зарафшон ва ғайра  назаррасанд.
Устод Ҷӯрабек дар марҳалаи на чандон тӯлонии эҷоду иҷроии боҳунаронааш мушоҳиди таҳаввулоти муассири  сиёсию фарҳангӣ, иштирокдори бисёр ҷашнвораҳои  бузурги ҳунарии  Иттиҳоди бузурги Шӯравӣ ва бурун аз он  буда, бо чашму дили некбинона, ҳимоят аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳунарнамоӣ намудааст. Хидмати садоқатмандона ба манфиати  фарҳанги мондагор  устод Ҷӯрабекро ба чеҳраҳои тобноку  муассири  Шарқу Ғарб, инсонҳои оддии созандакор рӯ ба рӯ намудааст. Суруд ва санъати махмалини иҷроии ӯ зеби ҳар хонадон, ҷашнвораю тантанаҳои  бузург гардидааст. Суруду овозаш дилнавоз ва руҳпарвар ва руҳу равони мардумро муназзам менамояд. Аз ин нигоҳ метавон ду паҳлӯи санъати фазояндагии устод Ҷӯрабекро хоссатан хотирнишон намуд:  аввал  ба сифати  сарояндаи дорои шева ва сабки хоси  борҳунаронаи иҷроӣ, ки дар дохили кишвар ва бурун аз он фазои  пазирандагии васеи мардумони Осиёи Марказӣ ва бурун аз онро касб  намудааст. Дувум санъати эҷодию иҷроии молоҳунариаш  дар ташаккули суннати «устод  ва шогирд»  ҳам муассир буда, на мисли он ки бисёриҳо аз ин мафҳум бисёр сӯиистифода менамоянд, нақши воқеии  созанда ва ояндасози эҷодию  иҷроӣ гузоштааст. 
Фарохҳунарии эҷодию иҷроии  устод Ҷӯрабек  дар  фазои мусиқӣ ва иҷроии  кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бурун аз он то имрӯз коста нашудааст. Ин пӯишҳои  ҳунарии  ҳирфаию самимиҳунариро дар нигаҳдошту  такмили арзишҳои  мондагори  мусиқии тоҷикон дар ҷомеаи худию бегонагон донистан равост. Санъати иҷроии ӯ  «яке хонду аз ёдҳо рафт, чизе хонду камнур» нест, балки шеваю лаҳни иҷроии хотирмони шакархоҳунарист. Шева ва сабки хоси иҷроии ӯ солҳост дар анъанаи  эҷодию иҷроии  мусиқии кишвар ва бурун аз он эҷодкорони  ҷавону ояндасози ҳунарро рӯйи саҳна овард. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ӯ дар санъати  иҷроии садаи ХХ ва оғози садаи ХХI-и  тоҷик  мисли меъмор ва наққоши эҳёгари шеваи махмалинхонию молоовоист. Кохи муҳташами санъати овозхонии тоҷикро  устод Ҷӯрабек бо рангубор, тазйиноти махмалини иҷроӣ рангомез намуд ва ин шеваи тозаиҷроиҳо ба ному ҳунари ӯ дар иртибот аст.

Аскаралӣ РАҶАБОВ,
профессор.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: