Қарори Президент аз 30.12.2021 № ҚП-77 «Дар бораи чораҳои такмили минбаъдаи низоми дастгирии ҳунарҳои мардумӣ» қабул гардид.
Мувофиқи қарори Президент аз 20.12.2021 № ҚП-55 “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди соҳибкории оилавӣ ва васеъ гардондани манбаъҳои даромади аҳолӣ” барои бо маблағтаъминкунии лоиҳаҳо 10 триллион сӯм ҷудо карда мешавад. Дар доираи барномаҳои рушди соҳибкории оилавӣ дар соли 2022 ба аъзои Ассотсиатсияи «Ҳунарманд» барои хариди таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва ашёи хом барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ, созмон додани марказҳои рушди ҳунарҳои мардумӣ, мактабҳои устоду шогирд, сохтмони хона-музейҳо ва устохонахо ё ба ин мақсадҳо харидани биною иншоотҳо — ба муҳлати то 3 сол ва барои пур кардани маблағи муомилот — ба муҳлати то 18 моҳ ба андозаи 14 фоизи солона қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда мешаванд.
Муқаррар карда шудааст, ки:
- дар соли 2022 500 миллиард сӯм, ки дар доираи барномаи рушди соҳибкории оилавӣ ҷудо шудааст, ба маблағгузории лоиҳаҳои ҳунармандӣ равона карда мешаванд;
- қарзҳои имтиёзнок бо имконияти гирифтани пули нақд дода мешаванд;
- маблағҳое, ки аз пардохти қарзҳои имтиёзноки ба ҳунармандон дар солҳои қаблӣ додашуда гирифта шудаанд, барои маблағгузории лоиҳаҳои нави ҳунармандӣ равона карда мешаванд;
- ассотсиатсияи «Ҳунарманд» дар якҷоягӣ бо бонкҳои тиҷоратӣ низоми мониторинг ва назорати доимии истифодаи самаранок ва саривақт баргардонидани қарзҳои имтиёзнокро фароҳам меорад.
Ҳамзамон, дар платформаи электронии “oilakredit.uz” бахши алоҳида оид ба ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок дар доираи барномаҳои рушди соҳибкории оилавӣ барои навбати онлайн барои ҳунармандон ва қарздиҳӣ ба лоиҳаҳои онҳо роҳандозӣ мешавад.
Аз соли 2022 аз ҳисоби Фонди ҷалби аҳолӣ ба соҳибкорӣ ба инҳо субсидия дода мешавад:
- ҳунармандоне, ки ба ҷавонон аз рӯи анъанаи «Устод-шогирд» хунар меомӯзанд — ба маблағи на камтар аз 2 ВБҲ барои таълими талабагон, харидани ашьёи хоми зарурӣ ва бо музди меҳнат таъмин намудани талабагон дар давоми 6 моҳ;
- донишҷӯён - барои харидани таҷҳизот ва лавозимот барои оғози тиҷорати худ, инчунин устоҳо барои офаридани вебсайтҳо - на бештар аз 25 BБҲ.