Ҳунармандони голландӣ:

ДАР ЭЪТИБОР ДОДАН БА АРЗИШУ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ ӮЗБЕКИСТОН БА ҶАҲОНИЁН НАМУНА МЕГАРДАД

Дар пойтахти Нидерландия маросими тақдимоти иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон ба амал омад, ки аз ҷониби Сафоратхонаи мамлакатамон дар давлатҳои Бенилюкс бо иштироки ҳунармандони нидерландӣ, ки дар Фестивали якуми санъати халқиву амалӣ дар Қӯқанд моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳузур доштанд, ташкил карда шуд. 
Ба ҷамъомадагон дар бораи мероси ғании таърихиву мадании халқи ӯзбек, ки дар санъати амалии ба худ хос ва нафис – ҳунармандии миллӣ инъикос ёфтаанд, маълумот дода шуд. 
Таъкид гардид, ки дар мамлакат ба нигоҳ доштан ва афзун гардондани анъанаҳои ҳунарҳои халқӣ эътибори бузург дода, усто-ҳунармандон иззату эҳтиром дошта, давомати авлоди устоҳо нигоҳ дошта мешавад. Барои фаъолияти самарабахши ҳунармандон ва баҳои муносиб додан ба меҳнати онҳо дар дараҷаи давлат асосҳои зарурии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, ба онҳо имтиёзу сабукиҳои зиёд дода мешаванд. Ассотсиатсияи «Ҳунарманд», ки дар мамлакат таъсис ёфтааст, ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳоро ҳимоя намуда, ҳазорҳо нафар устоёнро муттаҳид мегардонад. 
Дар рафти тақдимот сарвари арт-маркази  Papier-Lab Rotterdam-и Нидерландия, аъзои Шӯрои ҳунармандони нидерландӣ Мариеке де Хуп бо иштирокдорон таассуротҳояшро оиди иштирок дар фестивали Қӯқанд ба ҳам дид. Бино бар суханони ӯ он воқеаи беназири олами санъат гардидааст. 
–  Вақте ки ба мо барои иштирок намудан дар фестивали ҳунармандӣ ба Ӯзбекистон рафтанро пешниҳод намуданд, мо бидуни ягон андеша розӣ шудем. Чунки мо  соҳиби чӣ гуна анъанаҳои қадимӣ ва беназири ҳунармандӣ будани мамлакататонро хуб медонем, – гуфт ӯ.– Ба туфайли ин фестивал мо бо устоёни моҳири Ӯзбекистон, аз он ҷумла онҳое, ки аз рӯйи технологияҳои қадимӣ коғаз истеҳсол менамоянд, робита пайдо намудем. Моро сифати баланди маҳсулоти онҳо дар ҳайрат гузошт. Сафар ба Ӯзбекистон ду ҳафта давом кард. Мо ба Самарқанд ва Бухоро ташриф оварда, бо техникаи истеҳсоли коғаз аз дарахти тут шинос шудем. Баъди бозгашт ба Нидерландия мо бо ҳамкоронамон тадқиқоти хурд гузарондем ва муқаррар намудем, ки дар қадим маҳз Самарқанд маркази истеҳсоли бинобар сифат беҳтарин буд ва аз солҳои 700-уми эраи мо то охири асри XVIII ҳамин хел боқӣ монд. 
Устои калони арт-маркази PapierLab Rotterdam, аъзои Шӯрои ҳунармандони Нидерландия Лео Хёген таъкид намуд, ки дар маросими кушоиши фестивал иштирок кардани Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки оиди эътибор ба нигоҳ доштани арзишҳои мадании халқи ӯзбек ва эҳтиром ба устодони устоёни халқӣ далолат медиҳад, ба ҳайрат андохт.
– Ман суханронии Президентро бо диққат шунидам, фикру ақидаи ӯ оиди он ки дар садаи ҳолоинаи ҷаҳонишавӣ ва технологияҳои баланд мо, мутаассифона тез-тез ба ҳолатҳои ба дараҷаи бояду шояд  муносибат накардан ба санъати амалӣ рӯ ба рӯ мегардем, бароям писанд омад. Хурсандиовар аст, ки дар Ӯзбекистон на танҳо барои таърих, балки барои рушди замонавии ҷамъият муҳиму аҳамиятнок будани ҳунармандиро дарк менамоянд. Чунин эътибор ба арзишу анъанаҳои миллӣ мамлакати шуморо барои тамоми ҷаҳон намуна мегардонад. Ман умед дорам, ки дар фестивали оянда иштирок намоям ва равобиту ҳамкориро бо устоёни коғазбарори Ӯзбекистон васеъ гардонам, – таъкид намуд ӯ.

АА «Дунё», 
АМСТЕРДАМ.    
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: