Ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меоянд

Аз 11 то 20 март бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон ба Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе меоянд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни сафари ҳунарӣ ҳунармандони Ӯзбекистон намоиши «Чойхонаи мусиқӣ»-ро манзури тамошобинони тоҷик мегардонанд.

Муаллиф, коргардон ва рассоми «Чойхонаи мусиқӣ» Сергей Седухин буда, намоиш ба забонҳои русӣ ва узбекӣ манзури кӯдакону наврасон гардонида мешавад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: