ҲУНАРПЕШАГОНИ ҶАВОН ДАР САҲНАИ КАЛОН

Баҳори соли 2018 барои Театри калони давлатии академии ба номи Алишери Навоӣ бофайз омад.

 Ин ҷо фестивали аввалини байналхалқии балет баргузор гардид. Баромади ансамбли давлатии рақсии «Урал»-и вилояти Челябинск, барномаи солистони балети операи миллии Париж хотирмон гузашт.

Аз консерти ҷамъбастии Мактаби олии рақси миллӣ ва хореографияи Ӯзбекистон собиқадорони санъати балет ва волидайни хатмкунандагон ба ваҷд омаданд. Ба муаллифони либретто ва басаҳнагузорандагон – роҳбари бадеии мактаби мазкур, Ходими хидматнишондодаи санъати Ӯзбекистон, Ҳунарпешаи халқии Қароқалпоқистон Қӯрқмас Сагатов ва Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Ӯзбекистон Гулчеҳра Азимова таҳсин хонданд.
Дар барнома ҷой доштани рақсҳои басаҳнагузоштаи Ҳунарпешаи халқӣ – Исохор Оқилов боиси хушнудист. Онҳо бо маҳорати баланд иҷро шуда, боиси кафкӯбиҳои дурудароз гардиданд.
– Аз устодон барои меҳри бепоёни онҳо ба санъаткорони ҷавон, махсусан падару модарони онҳо миннатдорам, ки то ба саҳна баромадани фарзандон шароит фароҳам оварданд, – бо мамнуният таъкид кард директори мактаб Шуҳрат Тухтасинов. – Консерти ҷамъбастӣ  натиҷаи кори ҷамоавиест, ки ҳар сол пеш аз хатми мактаб дар иҷрои хонандагон инъикос меёбанд.
Дар саҳнаи Театри калони давлатии академии ба номи Алишери Навоӣ аз ҷониби хатмкунандагони мактаби рақс  порчаҳо аз балети «Дон Кихот», «Баҳри қувон», «Пахита» ва ғайра иҷро шуд. Бояд гуфт, ки он ба 200-солагии хореографи машҳур Мариус Петип бахшида шудааст.

Флора ФАХРУДДИНОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: