ҲУНАРПЕШАИ ЗАБАРДАСТ

Санъаткорон бисёр, вале аз байни онҳо нафароне, ки ба дараҷаи бузургӣ ва забардастӣ расидаанд, башумор.

Санъаткорон бисёр, вале аз байни онҳо нафароне, ки ба дараҷаи бузургӣ ва забардастӣ расидаанд, башумор. Зикир Муҳаммадҷоновро метавон ҳунарпешаи забардаст номид.
Ҳафтдаҳро пур кард. Мехост ҳуқуқшинос шавад. Чӣ шуду дар кӯча коргардони театр ва драматург Маннон Уйғурро дучор омад ва ҳарду дурудароз суҳбат карданд. Ба ман маъқул шудӣ, гуфт М.Уйғур, чӣ мешавад гуфтугӯро пагоҳ дар театр давом диҳем?
Зикири он вақт ҷавон аз ҳамсуҳбатӣ бо марди соҳибдил як ҷаҳон завқ бурд, вай низ мехост бо ин гуна ашхос мулоқотҳо бардавом бошанд. Пагоҳи он рӯз ба театр рафт, М.Уйғур ӯро ба режиссёр Етим Бобоҷонов шинос намуд. Он ду устоди санъат хостанд Зикирро, ки ба санъат майл доштанаш аз чашму рӯяш аён шуда меистод, дар саҳнаҳои оммавӣ аз санҷиш гузаронанд. Фикр кард: ҳуқуқшинос шавад ё актёр?
Ҷуз нафароне, ки зикр кардем, ҳамаи онҳое, ки дар театр ӯро ба суҳбат кашиданд, самимӣ ва «ҷони одам» ба назараш тофтанд. Бинои театр низ мӯъҷизавӣ, саҳнаи он муқаддас. Модоме ба чунин даргоҳ таклиф мекунанд ва ба оянда доштанаш бовар доранд, чаро хоҳиши онҳоро рад кунад?
Ҳамин тавр таърихи ба театр  пайвастани Зикир Муҳаммадҷонов оғоз ёфт.  Дар саҳнаҳои оммавӣ намудор шуда истодан ҳам бахти баланд буд барояш. Афсӯс, осудагӣ дер давом накард – саршавии ҷанги ҷаҳонӣ маҷрои ҳаёт дар театри ба номи Ҳамзаро низ дигаргун сохт. Хусусан, солҳои аввали ҷанг – мушкилот болои мушкилот. Актёрҳои ҷавонро лозим омад дар заводу фабрикаҳо кор кунанд. Меҳнати 18-соатаи паси дастгоҳҳо бисёр вазнин, вале аксарият, минҷумла, қаҳрамони мо, хидмат ба халқ ва ватанро дар он солҳои душвор вазифаи муҳим ва олӣ меҳисобид.
Дар миёнаҳои ҷанг ҳукумат супориш дод як қатор ҳунарпешагоне, ки дар корхонаҳо машғули меҳнатанд, ба театр баргарданд. З.Муҳаммадҷонов бо Ҳасан Юсупов, Файзӣ Ҳасанов барин санъаткорон, ки ҳамроҳ кор мекарданд, дубора ба театр ҷалб гаштанд. Асарҳое бояд намоиш ёбанд, ки ватандӯстӣ талқин ёфта, ҷанговаронро ба матонат ва ҷасорат даъват созанд. Драмаи Мақсуд Шайхзода «Ҷалолиддин Мангубердӣ» ба саҳна гузошта шуд. Нақши Темурмаликро ба Зикир Муҳаммадҷонов супурданд. Нақши ҳокими Хуҷанд, ки алайҳи истилогарони муғул мардонавор размид ва истодагарӣ кард, аввалин образе буд, ки вай мустақилона офарид. Айнан нақши Темурмалики хуҷандӣ тақдири ояндаи эҷодии З.Муҳаммадҷоновро муайян намуд.
Баъди ҷанг Институти театрӣ ва расомии Тошканд – дар Осиёи Марказӣ аввалин муассисаи таълими олие, ки актёрҳо омода месозад, ташкил гашт. З.Муҳаммадҷонов бо тавсияи устодаш Маннон Уйғур ба ҳамин институт ҳуҷҷат супурд, аз санҷишҳо бомуваффақият гузашт, дар сафи аввалин донишҷӯёни ин даргоҳи таълим ҷой гирифт. Соли 1949 вай бо шарикдарсонаш Яйра Абдуллоева, Эрклӣ Маликбоева, Ирода Алиева ва дигарон соҳиби диплом шуданд ва ба театри ба номи Ҳамза роҳхат гирифтанд. Аз ҳисоби ин ҷавонони соҳибҳунар труппа васеъ ва дар ҳаёти театр саҳифаҳои тоза боз шуданд.
Соли 1952 театри Ҳамза саҳнавӣ сохтани «Шоҳи сӯзана»-и Абдулло Қаҳҳорро ба нақша даровард. Образи Деҳқонбойро ба З.Муҳаммадҷонов ва нақши Ҳафизаро ба Яйра Абдуллоева супурда хато накарданд. Ҳунарпешагони ҷавон симои персонажҳои марказиро хотирмон офарида, боварии устодонро сазовор шуданд. Баъдтар песаҳои Асқад Мухтор «Самандар» ва «Саҳро» саҳнавӣ гашт, симои қаҳрамонҳои марказии ин ду асар С.Саидов ва Заргаров дар талқини З.Муҳаммадҷонов ба дилу дидаи тамошобинҳо нишаст. Актёр бештар ба нишон додани характер ва олами ботинии аҳли заҳмате саъй намуд, ки ба ҳар чиз бо ивази меҳнати ҳалол ноил шудаанд.
Сонитар З.Муҳаммадҷонов дар саҳна бо образи собиқадори милитсия Шокир Султонов (аз «Рӯзи аввали тирамоҳ»-и Ӯ.Умарбеков) пеши назари тамошобинҳо пайдо ва тавре талқин сохт ин образро, ки онҳо ба мулоҳиза рафтанд, ҳис карданд тарбияи фарзанд аз масъалаҳои ҷиддист. Ба як қатор эпизодҳои ҳаяҷонбахш дар ин намоиш маҳз ҳунари воло, истеъдоди актёрӣ, таҷрибаҳои ҳаётии нақшофар сабаб гардид.
Яке аз ҷӯраҳои писари Ш.Султонов Рем (аслан Рамзиддин) ном дошта, таҳти ҳимояи падари профессораш басо нозпарвард калон шудааст. Аз ҳаракати Рем Шокирака якбора ба даҳшат афтода ва сари дили худро дошта, сарнагун меравад. Се нафар ҷӯраҳо аз дароз кашида хобида мондани ӯ ба даҳшат афтодаанд. Марги Шокирака ба маънои ҳукмест аз болои писарбачаҳои навболиғ, ки ҳисси худбинӣ, мағрурӣ, ҳавобаландӣ дар онҳо болост. Ин гуна хислатҳои нобоб ба марги нобаҳангоми як нафар инсони пок сабаб шуданд...
З.Муҳаммадҷонов дар спектакли «Берунӣ» (асари Уйғун) низ нақши қаҳрамони марказиро бозид. Берунӣ шахсест дар ҳаракат ва ҷустуҷӯ, феълу атвораш мураккаб. Бинобар мураккабиҳои замон, номуътадилии муҳит вай сахт дар изтироб. Шиканҷаҳои ботинии ӯро актёр тавонист бо маҳорати ба худ хос ифода намояд. Нақши Беруниро, ки ба маром расонда бозид, бовар ҳосил карданд симои қаҳрамони навбатии таърихӣ Алишери Навоиро низ вай муассиру табиӣ дар пеши назари бинанда ба ҷилва оварда метавонад.
Маълум, ки драмаи «Алишери Навоӣ» мансуб ба қалами Уйғун ва Иззат Султон дар саҳнаи Театри миллӣ-академӣ чандин бор гузошта шудааст. Вариантҳои охирини ин спектакл таҳти ҳамкории коргардонҳо Т.Азизов ва М.Абдуллоева амалӣ гардонда шуданд. Бачагӣ ва ҷавонии Навоиро актёрон С.Умаров ва Б.Муҳаммадкаримов, давраи калонсолӣ ва пириашро З.Муҳаммадҷонов ва Ё.Аҳмедов бозиданд. Хусусан дар иҷрои Зикир Муҳаммадҷонов соҳиби маданияти баланд, тарғибгари ғояҳои бузург будани Алишери Навоӣ равшан ба зуҳур омад.
Дар биографияи эҷодии З.Муҳаммадҷонов образҳои ба эътибор молик хеле зиёд. Нақшҳои Фердинанд («Макр ва муҳаббат»), Ҷалолиддин («Ҷалолиддин Мангубердӣ»), Абдуллатиф («Мирзо Улуғбек»), Кассио («Отелло»), Фурқат («Фурқат»), Ҷабборов («Парвоз»), Юсуфбек Ҳоҷӣ («Рӯз-ҳои гузашта») Мирзокаримбой («Хуни муқаддас») нафаси эҷодии ба худ хоси ҳунарвари боистеъдодро дар худ таҷассум кардаанд.
Ӯ дар якчанд видеофилм ва телеспектаклҳо низ нақшҳо офарид, ки хотирмонанд. Улуғбек («Мирзо Улуғбек»), Ҳусайн Бойқаро («Алишер Навоӣ»), Исомиддинака («Фарзанди замин»), профессор Комилов («Имон») аз ҳамин қабиланд. Ин гуна образҳо бо драматизми психологӣ, рӯҳбаландии романтикӣ ҷудо шуда меистанд.
Хидмати сазовори қаҳрамони лавҳаи мо қабл аз ҳама дар соҳаи синамо ба мушоҳида мерасад. Вай яке аз чеҳраҳои намоён дар синамо буда, дар бештар аз 50 филми студияҳои гуногун нақшҳои ҷолиб офаридааст. 
Ҳанӯз соли 1956 дар картинаи «Хуни муқаддас» бо образи Салим ба дили бинандагон роҳ ёфта буд. Дар «Достони ду дил» (1966), «Дилором» (1968), «Писарҳои Ватан» (1968), «Ошиқон» (1968), «Ҳалокати консули сиёҳ» (1970), «Чанор» (1973), «Чаҳор фасли сол» (1976), «Бачаи шум» (1977), «Алибобо ва чиҳил роҳзан» (1979) ва дигар филмҳо тамошобинҳо симои барояшон қадрдонро дида, таассуроти хуб мебардоранд. Ӯ хусусан дар картинаи «Генерал Раҳимов» образи Собир Раҳимовро бо маҳорати хос офарид. Филм дар чандин кишвари хориҷ низ писанди тамошобинон гашт.
Зикир Муҳаммадҷонов бо «Тоҷикфилм» низ ҳамкории зиёд доштааст. Дар филми коргардон Борис Кимёгаров – «Одам пӯсташро иваз мекунад» (соли 1979) нақши Ҳоҷиёров, дар филми коргардон Маргарита Қосимова «Дар гардишгоҳ» нақши Содиқро бозидааст. Инчунин дар театри ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе соли 1970 дар ҳафтсадумин намоиши спектакли «Алишери Навоӣ» роли Ҳазрат Навоиро бозидааст.
Хидматҳои сазовори З.Муҳаммадҷонов дар равнақи театр ва кино қадр ёфт. Вай ҳанӯз соли 1966 ба гирифтани унвони Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон сазовор шуда буд. Соли 1977 лауреати Мукофоти давлатии СССР, артисти халқии СССР гардид. Барои хидматҳои шоёнаш дар рушди санъати театрӣ соли 1986 барандаи Мукофоти давлатии ҷумҳуриявӣ ба номи Ҳамза гашт. Солҳои истиқлолият бо орденҳои «Дӯстлик» (1994) ва «Буюк хизматлари учун» (1998) мукофотонида шуд. З.Муҳаммадҷонов аз байни аҳли санъат ягона шахсест, ки бо унвони олии Қаҳрамони Ӯзбекистон (2003) лоиқ дониста шудааст.
Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ 100-солагии ин чеҳраи намоёни ҳунар таҷлил мегардад.
Зикир Муҳаммадҷонов, зимнан, дар оиладорӣ ва тарбияи фарзандон низ намунаи дигарон буд. Ӯву ҳамсараш 70 сол якҷо умр ба сар бурданд. Панҷ писаре,ки ба воя расонданд, дар ҳаёт мавқеи муносиб доранд. 17 набера диданд, дар иҳотаи меҳри онҳо худро бобою бибии хушбахт ҳис намуданд.
Ёди дурахшони ҳунарпешаи забардаст ҳамеша дар дил, хотирааш барҳаёт.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: